Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷараёни амалишавии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар ҷаласаи навбатӣ баррасӣ шуд.
Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, баён намуданд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон санаи 30 апрели соли 2021 қабул гардидааст.
Дар Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон муайян гардида, ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон равона шудааст.
Сипас судяи суди иқтисодии вилоят Хоҷазода Ф.Ҳ. оид ба мавзӯи имрӯза баромад карда, қайд намуд, ки зарурати қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 (минбаъд Стратегия) ба якчанд масъалаҳо, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо, аз ҷумла дарк накардани зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз тарафи ҷомеа, мавҷудияти ақидаҳои қолабӣ оид ба нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, номукаммал будани заминаи қонунгузорӣ, ҳамкории нокифояи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, ки ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон машғуланд, мавҷудияти мушкилот оид ба амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои меҳнат, иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва дигар соҳаҳо алоқаманд мебошад.
Стратегияи мазкур аз 11 боб ва 77 банд иборат буда, нақшаи амали он аз 8 боб, 27 банд ва 74 зербанд иборат аст. Он мақоми зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат, дастгирии рушди соҳибкории занон, масоили баланд бардоштани сатҳи таҳсили занон, занон ва тандурустӣ, ташаккули дарки зарурати таъмини баробарии ҳуқуқу имконият дар тафаккури ҷамъиятӣ, самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва таҳлили вазъи оилаҳоро дарбар мегирад.
Ҳадафи асосии Стратегия аз фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ ва кофӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлати борат мебошад.
Стратегияи мазкур бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи бардошта аз амалисозии стратегияҳои қаблӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон ва мутобиқи муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 таҳия шудааст. Стратегияи мазкур давоми ислоҳотест, ки аз лаҳзаи амалишавии Стратегияи қаблии миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 оғоз ёфта буд.
Дар Тоҷикистон нисфи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ноил гаштан ба рушди устувор дар кишвар бидуни бартараф намудани нобаробарии гендерӣ, васеъ намудани имконияти занон барои истифодаи ҳуқуқҳои худ, таъмини баробарии гендерӣ, бартараф намудани сабабҳои асосии ҳуқуқмаҳдудкунии гендерӣ имконнопазир аст. Асоси пешрафт дар самти рушди устувор ва ба даст овардани баробарии амалии занону мардон васеъ намудани имконияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии занон, муносибат ба занон на танҳо ҳамчун ба гурӯҳи осебпазир, балки ҳамчун иштирокчиёни фаъоли ҷомеа бояд бошад.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор шуданд, ки дар нимсолаи дуюм фаъолияти кории худро ҷиҳати иҷрои бандҳои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 боз ҳам ҷоннок намоянд.