Санаи 8 августи соли 2023 дар Суди иқтисоди вилояти Суғд маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис баромад намуда, сараввал ба саҳми судяҳо ва кормандони дастгоҳ иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №1729 ва Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо, оид ба фаъолияти нимсолаи якуми соли 2023 расонида, вобаста ба омодагии кормандон ба нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба фаъолияти суд дар нимсолаи якуми соли 2023, ки санаи 14 августи соли 2023 соати 16:00 баргузор мегардад, таъкид намуда, доир ба гузаронидани ин чорабини вазифагузорӣ намуданд.
Сипас ба судяҳои суди иқтисодӣ дастур доданд, ки назорати ҷиддиро нисбати фаъолияти кории котибони маҷлиси судӣ ба роҳ монда, ҳангоми таҳия намудани протоколҳои маҷлиси судӣ ва варақаҳои иҷро, онҳоро санҷида ҷобаҷогузории пайдарҳамии ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монда, парвандаҳоро ба шуъбаи коргузорӣ ва назорат супоранд.
Ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияҳои давлатӣ, барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ васеъ ба роҳ монда шуда, барои риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифроти таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамкорӣ бо матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла садо, симо, рӯзнома, сомона ва ғайра ҷоннок карда шавад.
Дар охир ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз амалҳои коррупсиони худдорӣ намуда, сидқан вазифаҳои худро иҷро намоянд.