Санаи 01.07.2023 сол бо дастури раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ободу зебо нигоҳ доштани бино ва барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистон дар суд шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ кормандон ба таври дастаҷамъона атрофи бино, боми биноро аз баргу хазон тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.
Ҳамчунин корҳои тозагӣ дар даромадгоҳ ва таҳхонаи бино гузаронида шуд.