Сулҳу Ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Вожаи Сулҳ –ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷҷасум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. Тули 26-сол аст, ки дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Маҳз, ба шарофати ҳамин Ваҳдати миллӣ, сулҳу субботи сартосарӣ ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани ватани азизамон Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем.
Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад.Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мўҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад.
Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.
Мо бояд якнуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.