Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои навбана рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз Коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва баонҳо алоқамандии зич дорад.
Чуноне, ки аз муқаррароти моддаҳои 1, 5, 10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин уҳдадор аст, ки барои амали намудани онҳо шароит муҳайё созад. Ин муқаррарот, инчунин дар сархати 3-юми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикргардида зарур аст, ки корҳои назаррасе барои бартараф намудани ин мушкилотҳо ба сомон расонад.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз бахотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабулшуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.
Муҳимият ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.
Қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сардори давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар паёмҳои ҳамасолаи Сардори давлат ба порлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.
Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рўзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.
Мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».
Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти маънавию ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.
Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рӯзи пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад.
Яке аз муҳимтарин самтҳои муқовимат бо коррупсия ба миён овардан ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Айни ҳол бошад баъди оне, ки Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3.12. соли 2009 қабул шуд ин номгӯи ҷиноятҳо дар қисми 7 ва 8 моддаи 161-и КМҶ ҶТ, ки тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ном дорад мустаҳкам карда шудаанд ва тибқи он 49 моддаҳои дар қисми махсуси Кодекси Ҷиноятии ҶТ пешбини гардидаро ташкил медод. Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз моддаҳои нав дохил карда шуд, ки ҳоло ин номгӯи ҷиноятҳо 51 ададро ташкил медиҳанд.
Ин гуфтаҳо шаҳодати онро медиҳад, ки мубориза дар ин самт аз диққати ҳамарузаи сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ холӣ нест.
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти хафноки ҷамиятӣ, таърихи дурудароз ба мисли инсониятро доро мебошад, ки ин гуфтаҳои болоро нишондодҳои таърихи шаҳодат медиҳанд.
Тавре маълум аст таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик бо ҳуқуқи мусулмонӣ ва яке аз ёдгориҳои таърихи Авесто алоқаи зич дорад. Вобаста ба коррупсия дар яке аз аввалин ёдгориҳои таърихи халқи тоҷик Авесто мисолҳо оварда шудаанд.
Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки коррупсия таърихи дурудароз дошта, он бо истилоҳҳои гуногун баён шуда оид ба ин амали зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода шудаанд, ки онҳо то ҳадди имкон барои аз байн бардоштани ин омили номатлуб мусоидат менамоянд.
Новобаста ба он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ҷиҳати решакан намудани ин омили номатлуб заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалиро ба роҳ мондааст, то ҳол баъзе омилҳои ин зуҳурот боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, мо хизматчини давлатӣ уҳдадорем, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар миёни мардум, ҷаҳонбинии ҳуқуқии онҳоро баланд бардошта, барои паст кардани сатҳи ин зуҳурот саҳмгузор бошем.
Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову Шумо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии бевосита дорад.
Мо уҳдадорем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳои мавҷуда самаранок истифода барем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа реша давонад. Зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои муқовиммат бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд пеш аз ҳама чораҳои пешгирии он ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда нақши басо муҳим мебозанд.