Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имрӯзҳо ҳамчун як барномаи мукаммали як ва якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Сарвари давлат, кормандони тамоми мақомоти давлатӣ ва механизми давлат, инчунин ташкилоту муассисаҳо, то ба шаҳрвандон ва кӯдакони хурдсолро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои ҳаракати ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигар, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта мубаддал кардани мамлакат нишон медиҳанд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт.
Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳанд.
Пешвои миллат дар Паёми мазкур таъкид намуданд, ки “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд”.
Таъкид карда шуд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Сарвари давлат такроран махсус зикр намуданд, ки “Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Бо ин мақсад, такроран таъкид менамоям, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад”.
Дар робита ба суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли соли 2021 иброз намудаанд: «Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз манбаи бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанўз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии манбаи бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба манбаи бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд».
Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011, № 643 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ки ҳадафи он Консепсияи мазкур мақсад ва афзалияти инкишофи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмӯҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.
Мувофиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642, ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатнокии байналмилалии кишвар гардад. Рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такон додан ба табодули намудҳои мавҷуда ва рушди намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими тамоюли содиротӣ ва ҳамзамон қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имконият фароҳам меорад .
Қобили зикр аст, ки амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода кардани мутахассисони лаёқатноки соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир ва дар маҷмуъ сатҳи зиндагии аҳолии кишвар беҳтар гардад.
Зикр намудан зарур аст, ки айни замон раванди рақамигардонии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ идома дошта, идомаи мантиқии онро қабули Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, № 439 тасдиқ шудааст, шаҳодат дода метавонад. Консепсияи мазкур дар марҳилаи ҷаҳонишавии босуръати замони муосир барои рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хизмат намуда, дар он рушди ҷомеа ва навсозии низоми ҷаҳони таҳсилот, арзишҳои миллию умумибашарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ба инобат гирифта шудааст. Консепсия тамоюли рушди низоми таҳсилоти рақамиро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва ташаккули фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бо назардошти рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ амалӣ гардонидан мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Гузашта аз ин, то имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Гузашта аз ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паймашон вобаста ба рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт ва дар маҷмуъ соҳаҳои соҳибкорӣ Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Аз ин лиҳоз дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.
Дар маҷмуъ, ҳамаи пешниҳодҳо вобаста ба мусоидат ба рушди бахши молиявӣ ва рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт вазъи иқтисодии мамлакатро метавонад, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта, барои ба зинаи дигари рушд расидани мамлакат мусоидат намояд. Дар ин замина гуфтан мумкин аст, ки рушди бахши молиявӣ ва рақамигардонии иқтисодиёт он қисми низоми мураккаби ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони муосир дар шароити таҳдиду хатарҳо мебошад, ки унсурҳои он ба ҳам дар алоқамандии зич қарор дорад. Вазъи кунунӣ ва муосир, инкишоф ва рушди он ҳама вақт ба рушду пешравии давлат бевосита таъсиргузор буда, фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиётро ба таври ошкоро нишон медиҳад. Ҷиҳати гузариш ба марҳилаи нави иқтисодиёт ва рушди бахши молиявӣ моро зарур аст, ки раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиётро суръат бахшида ва дар ин радиф хизматрасониҳои давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд, ки ҳамаи ин дар якҷоягӣ дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд.
Ҳамин тавр, ҳамаи ин пешниҳодҳо ва ташаббусҳои андешидаи наҷибонае, ки дар Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ба сарсабзии диёри аҷдодӣ ва пешрафту некўаҳволии рўзгори мардуми тоҷик мусоидат менамоянд. Дар ин замина, Паёмҳои Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ чун дастури рўйимизии ҳар хизматчии давлатӣ, дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон фурӯзон намуда, ба кас эътимоду боварӣ мебахшад, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.
Судяи Суди иқтисодии вилояти
Суғд Эмомализода Навруз Эмомалӣ