Маълум аст, ки моҳияту аҳамият ва шукӯҳу шаҳомати ҳар ҳодисаи бузурги таърихӣ бо мурури замон муайян мешавад ва ҳамин нуқтаро бе ҳеҷ шак, ба Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавон нисбат дод, ки халқи тоҷик соли равон 30-солагии онро ба таври васеъ ва бошаҳомат таҷлил менамоянд. Ба ёд овардани ин воқеаи муҳими таърихӣ, ки оғози раҳоёбӣ аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни сипаришуда буд ва тадриҷан ба остонаи Сулҳу Ваҳдат,ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.
Вақте Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро эълон кард,ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди тоҷикон дар асри бистум буд. Ва ин истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, ки мебоист низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебурд ва симои нотакрору суннатҳои хоси таърихи кишварро нигоҳ медошт. Вале мутаасифона, дар ҷомеаи мо қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Ҷанги шаҳрвандии соли 1992 дар баробари ҳамаи оқибатҳои фоҷиавиаш боз ҷомеаи моро ба гирдоби фалокатбори қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо тела дод. Ҳангомаҷӯён, мансабхоҳон ҳар ҷо ҷамъ омада, бо ҳар роҳ мехостанд мардумро ба дом кашанд.Домани онҳоро бо ваъдаю сафсаттаҳои пуч пур мекарданд. Мутаассифона, душманони берунаю дохилӣ ва зархаридони алоҳида пойдории сулҳу ваҳдатро дар қаламрави кишвар намехостанд. Кор ба ҷое расид, ки қариб ҷумҳуриро пароканда ва халқро бе ватану овора созанд. Рӯҳияи мардумро яъсу ноумедӣ фаро гирифта, кас гумон надошт, ки айёми осудаю фараҳафзо боз бармегардаду мардум дар фазои сулҳ зиндагӣ мекунанд.
Хушбахтона, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дилҳои мардум умед бахшид. Бахусус, вақте шахси адолатхоҳ ва сарсупурдаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд,эътимоди мардум комил гардид,ки сулҳ фаро хоҳад расид.
Бале, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковати азалӣ Тоҷикистонро аз варатаи ҳалокат наҷот доданд ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16- ум маҳз аз ҳамин иборат аст, ки ба сарварии давлат фарзанди фарзонаи миллатро интихоб намуд.
Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат,ҳаёти шоистаи зиндагии одамон,таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли солҳо аз таҷрибаи талхи таърих ҳамеша ёдова шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Нашри садҳо китоб ва мақолаҳои олимону муаррихон оид ба ин дастоварди бузурги таърихӣ имрӯз насли ҷавонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, барои онҳо беҳтарин раҳнамо мебошад.
Ҳамчунин, иҷлосия дар бахши қонунгузорӣ ва инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушода,барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳбарияти нави сиёсии давлат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш,зиндагии осудаҳолона ва арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ҷонибдори эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Боварӣ дорам, ки таҷлили 30- солагии Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи тозаеро барои шинохти таърихи навини мамлакат ҳамчун дарси бузурги миллатсозӣ ва оини давлатдорӣ фатҳ намуда, нусрату шукӯҳи фузунро барои имрӯзу фардо ато хоҳад овард.
иҷрокунандаи вазифаи Раиси
Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А.