Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз қабул ва таҳия гардид, яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шудааст. Конститусия яке аз дастовардҳои муҳим ва
бузурги давлати тозаистиқлоли мо ба шумор меравад. Он Истиқлолияти кишварамонро пойдор гардонида, сиёсати давлатдории моро ба низом даровард.
Конститутсияи қабулшуда барои ташкили низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ имконият фароҳам оварда, ҳуҷҷати устувори рушди давлат, пешрафти
иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсии мамлакат гардид. Он пояҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро устувор гардонида, ҳуқуқу озодиҳо ва
вазифаҳои шаҳрвандонро муайян намуд. Бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати таърихӣ Тоҷикистон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун баромад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр
намуданд, ки «Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рўидааст. Он моро ба ояндаи неку обод раҳнамоӣ мекунад».
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз имрӯз аз ҷониби кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ дар қатори панҷгонаи беҳтарин дар байни 120 давлати дунё эътироф
гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди таназзули сохтори давлатии
шӯравӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёру
демократӣ ташкил шудааст.
Халқи тоҷик бори нахуст санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он поягузори Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи
самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа мебошад.
Бо қабули Конститутсия мардуми кишвар дар айёми ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун карда
наметавонад.
Қабули Конститутсия яке аз вазифаҳои муҳим ва дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар он соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии он, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳияту вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забону ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеа эълон шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷашнгирии Рўзи қабули Конститутсия иброз намуданд, ки: «Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад, барои ноил шуданамон ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарордошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, мусоидат мекунад». Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мус-тақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннат-ҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд. Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Мирзоқул Ниёззода,
судяи Суди иқтисодии вилоят