Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуротҳои номатлуб дар замони муосир ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад.
Имрӯз хеле хуб эҳсос мегардад, ки аксар шаҳрвандони ҷомеаи мо ин гуна зуҳуроти нафратоварро маҳкум мекунанд. Аммо ба андешаи мо ин басанда нест. Моро зарур аст, ки мавқеи онҳоро минбаъд тақвият бахшем ва ҳарчӣ бештар ба масъалаи иттилооткунонии ҷомеаи муосир, махсусан ҷавонон, оқибатҳои нафратангези ифротгароӣ тавассути телевизион ва радио, сомонаҳои иҷтимоӣ тақвият бахшем.
Боло бурдани дарки дуруст ва оқилонаи равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ба андешаи мо метавонад омили асосии дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани ҷавонон маҳсуб ёбад.
Отаҷонзода М.О.