Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир. 

Posted by

Дар замони мо, ки пур аз таазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии “экстремизм” чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм –(аз калимаи франсузии “extremismе” ва лотинии  “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон- дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомолӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад”. Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳиссаи маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем”. Дуюм, ҷараёни бошидати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад.

      Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, тааммулпазирӣ гардад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забонӣ ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳама пайваст мебошад.

       Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштанд) ба терроризм меорад. Истилоҳи “терроризм” (аз калимаи лотини “terror”) маншаъ гирифта, маъноаш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯровари, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангири ин гуфтаҳост. Ифротгароӣ ва терроризм  ба назар намерасад.

 Ифротгароӣ  ё худ экстремизм маънои истифода аз василаву абзорҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аъдафи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад.  Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароиест, ки ба марзи ниҳоии худ расидан аст. Ҳарду низ  боиси  аз байн рафтани субботу оромиш ва ҳусну тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ  дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мешаванд. Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм  аз ҷиддитарин таҷдидоти суботи амнияти ҷаҳонист.  Ин падида, инчунин бо қавм,  фарҳанг ва дини мушаххасе рабте надорад.

     Мо бояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намуда, фарзандони худро аз доми фиреби чунин «исломгароён» эмин нигаҳ дорем.

    Сиёсати динии давлати абадқудрати шӯравӣ, ки замоне ҷумурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Бо мақсади тадбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ “боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот” аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд.  

     Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

      Экстремистон ва террористон кӯшиш менамояд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳо пайравӣ менамоянд.  Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида,  шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

    Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ, ба маҳфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем.

    Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти бачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем.

      Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

      Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзу имрӯзи кишварро бо вазъи имрӯзӣ қиёз намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафти иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту тавсеаи Ватанамон мо бояд аз низом ва роҳбари давлат ҷонибдорӣ кунем.

         Ташаккур ба диқаттатон!

         Судяи суди иқтисодии

            вилояти Суғд                                                  Гулзода С.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published.