Баромади шахси масъули комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар Суди иқтисодии вилояти Суғд

Posted by

«Коррупсия дар қатори зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мебошад. Мубриза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

         Коррупсия яке аз ҳодисаҳои манфури ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Мушкилоти падидаи мазкур дар фаҳми моҳият ва хосиятҳои он душвориҳои зиёд ворид месозад. Фаҳми муқаррарии он ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дар соҳаҳои гуногун ҳаёти ҷомеа дониста шуда, аз ҷониби шахсони гуногун амалӣ мегардад.

         Дар таъриху таърихнигорӣ истилоҳи коррупсия дар кам ҷой ба чашм мерасад, аммо ишораҳои бештар ҳанӯз дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод дар Чини қадим, Ҳиндустон, Мисри қадим дар рӯи гилтахтаҳо ва сангҳо навишта шуда будааст.

         Дар китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар омадааст:

«Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту қарор бошад, кӯшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон зарраи даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кӯтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».

         Аз ин лиҳоз дар ҷумҳурии собистиқлоли мо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба кам ва нест кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳамасола диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ғамхории Пешвои миллат ин буд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 аз тарафи Ҳукумати кишвар тасдиқ гардида буд ва беҳбудӣ ба халқ гардид.

         Ташаббуси навбатии ҳукумати кишвар ин Стратегия давлатии муқоват ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030 тасдиқ гардид.

         Суди иқтисодии вилояти Суғд баҳри дар амал татбиқ намудани ин Стратегия як қатор корҳоро дар соли 2022 ба сомон расонида истодааст. Дар семоҳаи аввали соли 2022 фармоиши дохилииодравӣ, нақша-чорабинӣ тасдиқ карда шуд. Баҳри иҷрои нақша-чорабинии Суди иктисоди, шахси мутассадӣ оид ба таъмини иҷрои Стратегия муайян карда шуда иҷрои он таҳти назорати роҳбарияти суд қарор дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба муайян намудани омилҳои пайдоиш ва оқибатҳои номатлуби коррупсия бо кормандон мунтазам вохӯриҳо гузаронида баҳри баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии кормандони дастгоҳ ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Сугд бар зидди коррупсия ба роҳ монда шудааст.

Бахриддинзода Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *