«Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
СУБОТИ ҶОМЕА – АСОСИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ
Дар таърихи давлату миллатҳои гуногуни олам рӯйдоду санаҳои муҳиме вуҷуд доранд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун дастоварди миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин бозёфтҳои гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд. Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад.
Воқеан, мардуми Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб ҳамасола санаи фархундаву сарнавиштсози 27-уми июнро бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд ҷашн мегиранд. Ин санаи таърихӣ дар баробари Истиқлолият нерӯи густаришдиҳандаи давлати соҳибистиқлол буда, омӯхтани сабақи сулҳсозӣ ва эътирофи фарҳанги сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ифтихори ҳар кадоми мост.
Мавриди зикр аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав сурат гирифт, на танҳо ба кашмакашиҳои дохилӣ дар кишварамон хотима гузошт, балки он дар таъмини сулҳу субот, тақвияти Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ташаккули арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, раванди созандагию ободонӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ заминаи боэътимод гузошт.
Тавре аз сарчашмаҳои тадқиқотии ҷанги шаҳрвандии солҳои навад дар Тоҷикистон бармеояд, фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ расонид. Маҳз дар чунин шароити мухолифатҳои бошиддат асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Давлати навтаъсис дар як замон вазифаҳои ташкили механизми сиёсӣ, ба вуҷуд овардани фазои ҳуқуқи идораи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ ва дар айни замон ҳимояи Истиқлолиятро ба уҳда дошт. Новобаста аз вазъияти баамаломада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори роҳбарияти Давлату Ҳукумат дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги дохилиро хомӯш карда, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.
Бо вуҷуди ҳама мушкилоти он давра мо тавонистем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократии ҳуқуқбунёд ташкил медиҳад, таъмин намоем.
Имрӯз агар тамоми дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолиро ба ин неъмати бузург нисбат диҳем, хато намешавад. Зеро сулҳу субот пойдевори ҳастии ҳар миллат аст, агар он мустаҳкам бошад, он миллат низ пеш меравад. Бубинед, солҳои ҷанг вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба буҳрон дучор омада буд. Яъне, давлат ба ѓайр аз буҳрони сиёсӣ, оѓӯштаи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ низ гашта буд.
Хушбахтона, дар баробари таъмин шудани сулҳу салоҳ чархи иқтисодии кишвар ҳам тадриҷан ба гардиш даромад. Даҳҳо ҳазор корхонаҳои нав ба фаъолият оѓоз намуданд, мардуми бекор бо ҷойи кор таъмин шуданд ва ба ин васила, сатҳи зиндагии халқ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Таърих исбот намудааст, ки Истиқлолияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа алоқаманд аст. Аз ин нуқтаи назар, соҳибдавлатӣ ва ягонагии он ҷомеа ҷовидон хоҳад буд, ки Ваҳдати миллӣ дар он торафт густариш ёфта, бо муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешаванд ва ин раванд ба рушду таҳкими тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Чунон ки гузашти солҳо нишон медиҳад, дар заминаи татбиқи босамари раванди сулҳ ва вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар, Тоҷикистон дар чанд соли охир ба самти нави рушд қадам ниҳод. Сол то сол дар тамоми соҳаҳо дастовардҳои арзишманд ба чашм мерасанд, ки албатта, ин раванд ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири мусбат расонид. Дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба кишвари сулҳофар табдил ёфта, бо мамлакатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои дипломатию корӣ барқарор намуд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини шароитҳои ҷалби сармоя, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба ин васила, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, бунёди роҳҳову нақбҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо заминаҳои устувор гузошт.
Маврид ба зикр аст, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро баъд аз музокироту вохӯриҳои зиёди тарафҳои мухолиф, ки дар зарфи қариб чор сол дар шаҳрҳои Кобул, Бишкек, Алмаато, Ашқобод, Теҳрон ва Маскав баргузор гардиданд, санади тақдирсоз ба имзо расид, ки он аз хиради азалии тоҷикон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ваҳдати миллӣ, ки ҳузури мубораки он имрӯз дар саросари кишвари азизи мо ҳукмфармост, симои Пешвои миллатро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, бунёдгузори фарҳанги мусолиматомезӣ ва давлати навини тоҷикон дар асри нав нишон дода, бори дигар дар шакли комил ва мантиқан асоснок фалсафаи ҷовидонаи мардуми ориёнажод – рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори некро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бо роҳи сулҳу созишро пеша кардан, дарвоқеъ, миллати тоҷик таҳаммулпазирӣ ва муттаҳид будани худро нишон дода тавонист. Тоҷикистон имрӯз низ бунёди ҷомеаи сулҳпарварро идома дода, таҷрибаву роҳҳои мусолиматомезро ба кишварҳои дигар тавсия медиҳад, ки саҳми назаррас ва арзандаи миллати тоҷик дар суботи ҷомеаи ҷаҳонист. Аз ин рӯ, тақвияти Ваҳдати миллӣ, истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити феълии раванди сиёсии ҷаҳон ва вазъи амнияти ҷаҳону минтақа бисёр муҳим аст. Албатта, дар баробари унсурҳои дигар таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Ваҳдати миллӣ низ ба пойдории давлати соҳибистиқлол ва рушди бемайлони он пайванд аст.
Имрӯз мо бо итминони комил метавонем гуфт, ки миллати тоҷик садоқати Сарвари давлат ва густаришу равнақи бунёдкориву ободсозии кишварро ҳамаҷониба эҳсос намуда, ба ин ҳақиқат бовар дорад, ки Тоҷикистон рӯз то рӯз дар тамоми ҷодаҳо рушд карда, ободу зебо мегардад ва миллати тоҷик шоистаи зиндагии арзанда ва комёбиҳои нав мешавад.
Таманнои онро дорем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Ба таври хулоса метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ дар маҳаки давлатдории навини тоҷикон меистад, зеро он ибтидои давлатдории мост. Маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуд, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд шинохта шуд. Яъне, ба тарзи дигар, тоҷикон баъди ҳазор сол бори дигар собит карданд, ки чун миллати асилу тамаддунпарвар соҳибдавлат низ мебошанд.
Котиби маҷлиси судӣ
Суди иқтисодии вилояти Суғд Розиқов Б.Б.