Ҳастии хуршед дар афлоки мо
Ҳар як санаю рӯйдоди таърихӣ, хоҳ хурсандибахшу сарнавиштсоз бошад ва хоҳ ҳузнангезу тақдиршикан, ба ҳукми таърих ҳавола мешавад. Санаи 27-уми июни соли 1997 ҳамчун рӯзи ба ҳам омадани қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон, сарҷамъ гардидани миллат ва аз як гиребон сар баровардану дар минбаъда азм намудан ҷиҳати ободу зебо гардонидани Ватани аҷдодӣ дар саҳифаҳои таърихи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастовари миллати тоҷик дар тӯли таърихи пурмоҷарову пурпечутоби он аст, ки баъди чанд рӯзе 25-сола хоҳад шуд. Истиқлолият ва ҳатто озодии мо танҳо дар ҳолати пойдор будани Ваҳдати миллӣ арзиш дошта метавонанд.
Илми мо, дониши мо, фарҳанги мо, ҳунари мо, таърихи мо, ойинҳои башардӯстонаи халқи мо ва дар ниҳоят, гузаштаи пурифтихори миллати мо бо ҳамин Ваҳдати миллӣ ва ягонагии бегазанди халқамон арзиши башарӣ пайдо мекунанд.
Дар ин дунёи пурмоҷаро наметавон бе Ваҳдати миллӣ ояндаи миллӣ ба даст овард.
Ваҳдати миллӣ бовари мо, сипари мо, зафари мост. Ҳамин Ваҳдати миллӣ миллату кишвари моро аз вартаи фалокатҳо наҷот дод. Таърих ва қисмату сарнавишт миллати моро ба ҷое овард, ки охирин умед, охирин дасти наҷотбахши хирад дар канори вартаҳои нестиву ҳалокат ҳамин Ваҳдати миллӣ буд. Бале, наҷоти мо Ваҳдати миллист!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ таъкид доштаанд, ки: «Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.
Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад».
Агар мо аз Ватани азизу муқаддаси худ, аз миллати некманишу хайртинати худ, аз мавҷудияти дурахшони он умед дошта бошем, пас бояд ҳамин дастоварди бебаҳоро мисли шараф ва нангу номуси худ якдилу якҷон аз сари имон нигаҳбониву ҳимоят кунем. Яъне, ба гунаи дигар, қалъаи амне, ки моро аз ҳама фалокатҳо эмин нигоҳ дошта метавонад, ҳамин Ваҳдати миллии мост.
Сабақи таърих ин аст, ки миллати тоҷик ҳарчи дар рӯзгори худ бохт, аз парокандагиву парешониаш бохт. Борҳову борҳо таърих моро сабақ додааст ва ниҳоятан, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ моро ба ҷабҳаҳо ҷудо кардаву боз сабақ дод, ки наҷоти мо дар ягонагист.
Мавзӯи Ваҳдат, мавзӯи ҳарфу сухан нест. Мавзӯи Ваҳдат мавзӯи амал аст.
Аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Ваҳдат моро ҳамеша бо мазмуну мундариҷаи нав дунболагир аст. Он нишонаи ақлу заковат ва хиради азалии мардуми тоҷик аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарини давлатдории худ хавфу хатари аз миён рафтани давлати миллиро дарк намуд.
Ваҳдат моро водор месозад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ назар андозем, муваффақияту камбудиҳои ҳаёти давлатдориамонро мавриди таҳлил қарор диҳем. Ваҳдат бояд ҳолат, раванд, самти инкишоф, ғояи милливу муттаҳидкунанда, арзиши тағйирнопазири вобаста ба давраҳо ва шароити таърихи ҳар ҷомеаву давлат бо мазмуну мундариҷаи нав рушдкунанда, ягонагии халқу миллат ва субъектону иштирокчиёни муносибатҳои сиёсӣ дар фаҳмиши Ватану Ватандорӣ, давлату давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллиро ифода кунад.
Бигзор, 27-уми июн имрӯз ва ҳазорсолаҳои дигар низ барои мо азизтарин санаи таърихӣ ва ҷашни миллии мо бошад, зеро вақти аз замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гузашта, ки он қадар давраи тӯлонӣ нест, собит намуд, ки сулҳу Ваҳдат асоси пешравӣ, фаъолияти созандаву бунёдкорона, эҷодкорӣ, навоварӣ, нишон додани симои миллату чеҳраи миллӣ ва боло рафтани обрӯю эътибори байналмилалии давлат мебошад. Онро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба он ҳамчун муҳимтарин василаи рушду таҳкими давлатдории миллиамон бовар дошта бошем. Яъне:
Чист Ваҳдат? Осмони поки мост!
Ҳастии хуршед дар афлоки мост!
Давлатзода Толиб Шариф,
судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд