Ҷамбастии Амалияи Судӣ

Posted by

ҶАМЪБАСТИИ АМАЛИЯИ СУДӢ

доир ба баррасии парвандаҳо вобаста ба беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои раисони шаҳр (ноҳияи) доир ба муносибатҳои марбут ба замин, сабабу омилҳои қабули чунин қарорҳо ва асосҳои беэътибор донистани онҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 735700 шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 181«а»

шаҳри Хуҷанд                                                  20 майи соли 2022

адабиёти истифодашаванда: Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ ва тафсири он, Қарори Пленуми СОИ ҶТ №4 аз 26.11.2009 «Дар бораи баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум», Кодекси замини ҶТ ва дигар санадҳои ғайримеъёрии қабулшу-да дар соҳаи замин (Қоидаҳо).

Бо мақсади назари якхела доир ба ҳал намудани баҳсҳои вобаста ба ҳуқуқи маъмурӣ, татбиқи якхелаи муқарраротҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва ғайри-меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи замин ҳангоми баррасии парвандаҳои аз муно-сибатҳои гражданӣ ва маъмурӣ-оммавӣ бамиёномада ва муқаррар наму-дани таҷрибаи ягонаи судӣ, ҷамъбастии мазкур амали мегардад.

Дар назар бояд дошт, ки мувофиқи муқарраротҳои моддаҳои 27, 28 Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоеро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, маъму-рӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд, бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибко-рӣ ва дигар фаъолияти иқтисодии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфи-родӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо инчунин дигар ташкилоту шаҳрвандон алоқамандро бо тартиби истеҳсо-лоти даъвоӣ ё махсус баррасӣ менамоянд.

Мувофиқи муқаррароти мод. 4 КМИ ҶТ шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё маври-ди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, муроҷиат намоянд.

Дар ин маврид қайд намудан зарур аст, ки дар мод. 4 КМИ ҶТ ду категория: 1) шахси манфиатдори ҳуқуқаш вайроншуда ё 2) шахси ман-фиатҳои қонуниаш вайроншуда нишон дода шудааст.

Ба категорияи 1-ум шахсоне дохил карда мешаванд, ки бо санадҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (доир ба замин) ҳуқуқ вобаста ба истифодаи замин ё истифодаи саҳми замин доро гардидаанд.

Ба категория 2-юм шахсоне дохил карда мешаванд, ки новобаста аз он, ки онҳо дорои ҳуқуқ (вобаста ба замин) нагаштаанд, аммо бо санад-ҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ё амали (беамалии мақомоти ваколатдор оид ба замин) манфиатҳои онҳо вайрон карда шудаанд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 188 КМИ ҶТ шаҳрвандон, ташки-лотҳо, прокурор, инчунин мақомоти давлатӣ ва дигар шахсон метаво-нанд ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи беэътибор донистани санад-ҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қарорҳо ва амали (бе-амалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони ман-сабдор муроҷиат намоянд, агар лозим донанд, ки санадҳои ғайримеъ-ёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта ба қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқат намекунанд ва ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъ-олияти иқтисодӣ вайрон карда, ба онҳо ўҳдадориҳои ғайриқонуниро во-гузор мекунанд ё дигар мамониатро барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ё фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоранд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 35-и Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи ҳокимияти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», шахсе, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои ў вайрон карда шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шикоят намояд.

Ҳамчун субъекти парвандаи иқтисодӣ бояд шаҳрванде дониста ша-вад, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда-аст ё бе чунин статус танҳо дар ҳолате, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибко-рии ў вайрон карда мешаванд.
Ба мавҳуми мақомотҳои давлатие, амал ё беамалии онҳо мавриди баҳс қарор гирифта метавонад, мақомотҳои давлатӣ ва идоракуние, ки мувофиқи Конститутсияи ҶТ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқу-қӣ таъсис дода шудаанд, бояд фаҳмида шавад.
Ба мавҳуми мақомотҳои худидоракунии минтақавӣ, ки амал ё бе-амалии онҳо мавриди баҳс қарор гирифта метавонад, ҳамаи мақомотҳое дониста мешаванд, ки мувофиқи Конститутсияи ҶТ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шаҳр, ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот баҳри таъ-мини ҳаллӣ масъалаҳои минтақавӣ, идоракунӣ ва ихтиёрдории амволи мунитсипалии давлатӣ таъсис дода шудаанд, бояд фаҳмида шавад.
Санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ – ин санадҳои инфиродии мақомо-ти давлатие, ки хусусияти фардидошта, ки ба шахси конкретӣ барои му-қаррар намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳо қабул карда шудааст, дониста ме-шавад. (масъалан қарорҳо ва фармоишҳое, ки хусусияти фарди доштаи Ҳукумати ҶТ ва МИҲД дар минтақаҳо)

Қобили зикр аст, ки ариза дар бораи ғайриқонунӣ эътироф карда-ни санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амалӣ (беамалии) мақомо-ти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор дар суди иқтисодӣ дида баромада мешаванд, ки агар баррасӣ намудани онҳо му-вофиқи қонун ба ваколати дигар судҳо вогузор карда нашуда бошад.

Критерияи асосие, ки тобеъияти идорави баҳсҳоро байни судҳои умумӣ ва судҳои иқтисодӣ тақсим менамояд ин критерияи ҳуқуқи мате-риалӣ мебошад – ҳуқуқ ва манфиатҳои дар соҳаи соҳибкори ва дигар иқ-тисодӣ вайроншуда.

Бинобар ин ба судяҳо зарур аст, ки масъалаи тобеъияти идоравии баҳсро бо назардошти критерияи ҳуқуқи материалӣ мувофиқи муқарра-ротҳои Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии ҶТ №1 аз 26.11.2009 сол “Дар бораи тобеъияти идоравии баҳсҳо ба судҳои иқтисодӣ” муайян на-муда, ҳал намоянд.

Ариза ба суди иқтисодӣ мумкин аст дар муддати се моҳ баъд аз рў-зе, ки шаҳрванд, ташкилот аз вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қону-нии худ огоҳ шудаанд, пешниҳод карда шавад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Агар мўҳлати пешниҳоди ариза ба суд бо сабабҳои узурнок гузаш-та бошад, суд метавонад онро барқарор намояд.

Дар ин маврид ба назар бояд гирифта шавад, ки пешбинӣ намуда-ни мўҳлати муроҷиат дар КМИ ҶТ ва қонунҳо баҳри таъмини устуворӣ ва таъминотии муносибаҳои маъмурӣ-оммавӣ муқаррар гардида, асос барои қабул накардани ариза дониста намешавад.

Масъалаи гузаронидани мўҳлати муроҷиатро суди иқтисодӣ дар асоси ариза (дархост) шахси иштироккунандаи парванда танҳо дар муҳо-кимаи судӣ ҳал менамояд.

Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ бо дархост оиди узурнок эътироф намудани гузаронидани мўҳлати муроҷиат ва бар-қарор намудани он муроҷиат намоянд, ки чунин дархост тибқи талаботи моддаи 116 КМИ ҶТ бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар моддаи 189 КМИ ҶТ талабот нисбати ариза оид ба беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қа-рорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор муайян гардида, дар вақти қабул намудани ариза ба истеҳсолоти судӣ ба судяҳо зарур аст, ки мувофиқати онро ба тала-боти қисми 1, сархатҳои якум, дуюм ва даҳуми қисми 2, қисми 4 моддаи 124 КМИ ҶТ муайян намоянд.
Шакл ва мазмуни ариза (махсус) аз шакл ва мазмуни аризаи даъвоӣ фақ намуда, ба судяҳо зарур аст, ки риояи ин муқарраротро санҷида, мувофиқати аризаро аз шахсони манфиатдор тибқи талаботи моддаи 189 КМИ ҶТ талаб намоянд.

Дар ариза номи мақомот ва шахсе, ки санад, қарори баҳснокро қа-бул кардааст, амали (беамалии) баҳснокро содир намудааст, ном, рақам, санаи қабули санад, қарор ва вақти содиркунии амали баҳснок, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуние,ки аз рўи фикри аризадиҳанда аз ҷониби санад, қа-рор ва амали (беамалии) баҳснок вайрон карда мешаванд, қонунҳо ва ди-гар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фикри аризадиҳанда ба онҳо санад, қарор ва амали (беамалии) баҳснок мувофиқат намекунанд, талаби ари-задиҳанда дар бораи беэътибор донистани санади ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қарор ва амал (беамалӣ) бояд дарҷ карда шавад.

Ба ариза ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи 125 КМИ ҶТ нишон дода шуда-анд, инчунин санад ва қарори баҳснок бояд замима карда шаванд.

Дар ҳолате, ки агар ариза ба суди иқтисодӣ бе риояи талаботи моддаи 189 КМИ ҶТ пешниҳод шуда, бошад, судя бояд онро тибқи тала-боти моддаи 127 КМИ ҶТ беҳаракат мононда (қиёси қонун), дар ҳолате, ки агар дар мўҳлати муқарраршуда норасогиҳо ислоҳ нашаванд, онро ба аризадиҳанда тибқи талаботи моддаи 128 КМИ ҶТ баргардонад.

Қобили зикр аст, ки дар вақти пешниҳоди ариза аз ҷониби шахсони манфиатдор бояд боҷи давлатӣ мувофиқи андозаи дар Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ” пардохт гардад.

Имтиёз барои пардохт накардани боҷи давлатӣ ва субъектоне, ки нисбати онҳо имтиёз татбиқ мегардад дар моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бо-раи боҷи давлатӣ” муқаррар гардида, ба судяҳо зарур аст, ки ин ҳолатҳо-ро дар вақти қабули ариза ба истеҳсолоти судӣ санҷанд.

Мувофиқи муқаррароти мод. 189 КМИ ҶТ бо дархости аризади-ҳанда суди иқтисодӣ метавонад ҳаракати санад ва қарори баҳснокро боз дорад.

Дар ин маврид қайд намудан ба маврид аст, ки дархост мувофиқи боби мазкур бо назардошти боби 8 (тадбирҳои таъминотӣ) бояд баррасӣ карда шавад.

Дар вақти баррасӣ намудани дархостҳо аз ҷониби судяҳо бояд сан-ҷида шавад, ки оё санад ё қарори мавриди баҳс қароргирифта ба иҷро расонида шудааст ё не.

Дархост наметавонад қонеъ карда шавад агар аризадиҳанда тасдиқ карда натавонад, ки қабул нашудани тадбирҳои таъминотӣ иҷрои санад-ҳои судиро душвор ва номумкин гардонад, хусусан агар иҷрои санади су-дӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шуда бошад ва ҳамчунин онҳо ба мақсади бартараф намудани зарари калоне, ки ба аризадиҳанда расонида шудааст, равона карда шуда бошанд. Дар мавҳу-ми зарар ҳам асосҳои дар мод. 15 КГ ҶТ пешбинишуда ва ҳам ҳолатҳои ногувор вобаста ба ҳимояи шаъну шараф, одоби касбӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ, дониста мешавад.

Парвандаҳоро оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайри-меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти дав-латӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдорро судя танҳо дар мўҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз рўзи дохилшавии ариза ба суди иқтисодӣ, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ба ин мўҳлат бо дарназардошти мўҳлати омо-дасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва қабули ҳалнома пешбинӣ карда шудааст.

Мўҳлати омодасозии парванда 1 моҳро дарбар мегирад, аммо дар ҳоле, ки агар парванда мураккаб бошад судя ҳуқуқ дорад тибқи талаботи моддаи 117 ва қисми 5 моддаи 135 КМИ ҶТ мўҳлати омодасозиро дароз намояд.

Тибқи талаботи мод. 190 КМИ ҶТ судя суди иқтисодӣ аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ аризадиҳанда, ҳамчунин мақомот ё шахси мансабдореро, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардаанд ё амали (бе-амалии) баҳснокро содир кардаанд ва дигар шахсони манфиатдорро бо-яд ба тариқи дахлдор хабардор намояд. (бо гирифтани дастхат, фиристо-нидани санади судӣ оид ба вақт ва маҳаллӣ баррасии парванда ё хабар-номаи судӣ)

Ҳозир нашудани шахсони номбурда, ки аз тарафи суд ба таври дахлдор аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардор карда шуда буданд, барои баррасии парванда монеъ намешавад, агар суд, иштироки онҳоро ҳатмӣ нашуморида бошад.

Агар суди иқтисодӣ иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти дигар ва шахсони мансабдор, ки санад, қарори баҳснокро қа-бул кардаанд ё амали (беамалии) баҳснок содир кардаанд, ба маҷлиси судӣ ҳатмӣ ҳисоб намуда, онҳоро ба маҷлиси судӣ даъват намояд дар ин маврид муҳокимаи судӣ мавқуф гузошта шуда, нусхаи санади судӣ ба су-роғаи шахсони номбурда ирсол карда мешавад.  

Ҳозир нашудани шахсони номбурда аз тарафи суди иқтисодӣ ба таври дахлдор аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардоршуда ба-рои баррасии парванда монеъ намешавад, аммо барои ҷаримабандӣ аз рўи тартиб ва андозае, ки дар боби 11 КМИҶТ муқаррар карда шудааст, асос шуда метавонад.

Дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор предмети сан-ҷиш ва исботкунӣ дар мурофиаи судӣ ин:

– санади мавриди баҳс қарор гирифта ё баъзе ҳолатҳои алоҳидаи қарори баҳснок ва амал (беамалӣ) ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

– ваколате мақомот ва ё шахсе, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардааст ё амали (беамалии) баҳснокро содир кардааст;

– факти амалии санад, қарор амали (беамалии) содиршуда;

– вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аризадиҳанда дар со-ҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дониста мешавад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки институти ўҳдадории исбот наму-дан дар категорияи ин парвандаҳо аз категорияи истеҳсолоти даъвоӣ фарқ намуда (мод. 64 КМИ ҶТ), дар ин маврид ўҳдадории исботкунии мутобиқати санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии баҳсшаванда ба қонун ё ди-гар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба парванда алоқаманд, қонунӣ будани қарорҳои қабулкардаи баҳснок, содир кардани амали (беамалии) маври-ди баҳс қароргирифта, мавҷуд будани ваколати дахлдор доштани мақо-мот ва ё шахсе, ки ваколати дахлдор барои қабули санад, қарори баҳснок ва содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифтаро до-рад, инчунин ҳолатҳое, ки асос барои қабул кардани санад, қарори баҳс-нок, содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта гарди-даанд, ба зиммаи мақомот ва шахсе, ки онро қабул кардааст, вогузошта мешавад.

Инчунин ўҳдадории мурофиавии пешниҳоди далелҳои зарурӣ ба-рои баррасии парванда ва қабули ҳалнома ба зиммаи мақомот ва ё шах-се, ки ваколати дахлдор барои қабули санад, қарори баҳснок ва содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта вогузошта шуда, дар ҳолате, ки агар шахсони номбаршуда далелҳои заруриро пешниҳод накунанд, суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад онҳоро бо ташаббуси худ талаб карда гирад. Дар ин маврид аз ҷониби суди иқтисодӣ таъинот тибқи та-лаботи модддаи 65 КМИ ҶТ бароварда шуда, ба мақомот ва ё шахсе, ки санад, қарори баҳснок ва амали (беамалии) баҳсонро қабул ё содир наму-дааст, ирсол мегардад. Пешниҳод накардани далелҳои талабшаванда асос барои татбиқ намудани ҷарима нисбати шахсони ба зиммаи онҳо иҷроиши санади судӣ вогузошта дониста мешавад. (боби 11 КМИ ҶТ)

Пас аз баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) ма-қомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахси мансабдор, суди иқ-тисодӣ дар бораи беъэтибор донистани санади ғайримеъёрӣ ё қарор, ғай-риқонунӣ донистани амал (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта ё рад намудани ариза ҳалнома қабул намуда, он бояд ба талаботҳои муқаррар-намудаи боби 20 КМИ ҶТ мувофиқат намояд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 174 КМИ ҶТ ҳалномаи судӣ оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахси мансабдор, бояд дар муддати 5 шабонарўз тартиб дода шавад, ки санаи қабули он рўзи ба қайд гирифтани шакли пурраи он дониста меша-вад.

Мувофиқи талаботи моддаи 191 КМИ ҶТ дар қисми хулосавии ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба категорияи парвандаҳои мазкур бояд:

– номи мақомот ва шахсе, ки санад ва қарори мавриди баҳс қарор-гирифтаро қабул кардааст, ном, рақами санаи қабули санад ва қарори мавриди баҳс қароргирифта;

– номи қонун ва ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ доир ба парванда татбиқшаванда, ки ба онҳо мувофиқат доштани амали (беамалии) ва қарори мавриди баҳс қароргирифта санҷида шудааст;

– санади мавриди баҳс қароргирифта беэътибор ё қарор пурра, қис-ман ғайриқонунӣ дониста мешавад бояд дарҷ карда шуда, ҳамзамон бо санади судӣ мақомот ё шахсе, ки санад қарорро қабул кардааст ўҳдадор карда мешавад, ки ҳуқуқ ва ё манфиатҳои қонунии аризадиҳанда, ки вай-рон карда шудааст, бартараф намояд.

Аз рўзи қабули ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба беэътибор дониста-ни санади ғайримеъёрии ҳуқуқӣ ба таври пурра ё қисман санади зикргар-дида ё қисмҳои алоҳидаи он татбиқ карда намешавад.

Баҳри назорати иҷрои санади судӣ, суди иқтисодӣ метавонад дар қисми хулосавии ҳалнома дар хусуси зарурати ба суд маълумот додани мақомоти дахлдор ва шахс оид ба иҷрои ҳалнома дарҷ намояд.

Ҷиҳати таъмини барқароршавии ҳуқуқҳои вайроншуда ва барта-раф намудани ҳолатҳои ногуворӣ, чунин категорияи ҳалномаҳои суди иқтисодӣ бояд фавран иҷро карда шаванд, агар дар ҳалнома суд мўҳлати дигарро муқаррар накарда бошад.

Тибқи талаботи моддаи 175 КМИ ҶТ суди иқтисодӣ уҳдадор мебо-шад, ки нусхаи ҳалномаи судиро ба аризадиҳанда, мақомоти давлатӣ ё дигар мақомот, шахсони мансабдоре, ки санад, қарор ё амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифтаро қабул ё содир кардаанд, инчунин ба мақо-мот ё шахси болоӣ аз рўи тартиби тобеият, ба прокурор (агар ариза аз ҷониби прокурор пешниҳод шуда бошад), дигар шахсони манфиатдор фиристонад.

Маълум шуд, ки дар соли 2021 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд 46 адад парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайри-меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти дав-латӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор ги-рифта, 24 адад ариза қонеъ (1 адад қисман), 2 адад истеҳсолоти парванда қатъ, 11 адад ариза рад гардида, 8 адад ариза бе баррасӣ мононда шуда-аст.
Омўзиши парвандаҳои мазкур ҳолатҳои зеринро маълум намуда-анд:
парвандаи таҳти №1-354/2021 доир ба аризаи КТ “Ҳасанбой Худо-ёров”-и ноҳияи Ашт, нисбати шахсони манфиатдор МИҲД ноҳияи Ашт, ХД “Назмия”, ХД “Зайнура”, КИЗ ноҳияи Ашт ва КДФ “БММҒ” дар ноҳияи Ашт оид ба беэътибор донистани қарори Раиси ноҳияи Ашт аз 16.02.2021 сол таҳти №100 ва барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншуда.
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 19.08.2021 сол аризаи мазкур қисман қонеъ гардида, қарори Раиси ноҳияи Ашт таҳти №100 аз 16.02.2021 сол бинобар номутобиқ будани он ба меъёрҳои Кодекси зами-ни ҶТ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ беэътибор дониста шуда, ҳуқуқ-ҳои вайроншудаи аризадиҳанда барқарор карда шудаанд.
Дар рафти баррасии парванда суди иқтисодӣ муайян намудааст, ки дар асоси қарори Раиси ноҳияи Ашт №499 аз 17.10.2007 сол ба ХД “Ҳ. Худоёров” қитъаи замин ба майдони умумии 309,01 гектар мувофиқи та-лаботи моддаи 26 КЗ ҶТ ҷудо гардида, ба хоҷагии мазкур сертификати ҳуқуқи истифодаи дараҷаи А №0160391 дода шудааст, ки аз ҳамин лаҳза ХД “Ҳ.Худоёров” ҳуқуқ ба истифодаи замин пайдо намудааст. (мод. 17 КЗ ҶТ)
Дар асоси қарори Раиси ноҳияи Ашт №166 аз 06.03.2014 сол ХД “Ҳ. Худоёров” мавриди таҷид қарор гирифта, дар заминаи он як чанд хоҷа-гиҳои дехқонӣ ташкил карда шуда, ҳар яке аз онҳо бо сертификати ҳуқу-қи истифодаи замин таъмин карда шудаанд.
Маълум карда шуд, ки бо қарори Раиси ноҳияи Ашт №100 аз 16.02. 2021 сол ба қарори Раиси ноҳияи Ашт №166 аз 06.03.2014 сол тағйирот ворид гардида, қитъа ва тарҳҳои заминҳои ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобас-ташуда иваз карда шудаанд, ки боиси пайдо гардидани баҳс гаштааст.

Қобили зикр аст, ки аз лаҳзаи қабули қарори Раиси ноҳияи Ашт ва пешниҳод намудани сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, заминисти-фодабарандагон алакай ҳуқуқи истифодаи заминро пайдо намуда (м.17 КЗ), ворид намудани тағйирот ба қитъаи замин ва бо ин роҳ тағйир до-дани ҳуқуқ ба истифодаи он танҳо бо роҳи судӣ бояд ҳал карда шавад. (мод. 47 КЗ ҶТ)

Инчунин суди иқтисодӣ муайян намудааст, ки қарори баҳси ба ҳо-латҳои кор мувофиқат накарда, бархилофи муқарраротҳои меъёрҳои моддии Қонуни Конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Кодекси замини ҶТ ва Кодекси расмиёти маъмурӣ дар ҶТ ба тавсиб расонида шуда, асос барои қисман беэътибор дониста-ни қарори мавриди баҳс қароргирифта гаштааст.
Аммо дар вақти ҳал намудани баҳс ва қабули ҳалнома аз ҷониби суд масъалаи бархилофи кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул шудани қарори баҳсӣ ва тартиби фавран ё пас аз эътибори қонунӣ иҷро намудани он аниқ дарҷ карда нашудааст. (судя Ниёззода М.)
Парвандаи таҳти №1-331/2021,
доир ба аризаи аъзои ХД “Кули Морон”-и ноҳияи Айнӣ Сангинов А.А. нисбати шахси манфиатдор МИҲД ноҳ. Айнӣ, КИЗ ноҳияи Айнӣ, КДФ “БММҒ” дар ноҳияи Айнӣ ва МД Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дар бораи дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарори Раиси ноҳияи Айнӣ таҳти №613 аз 31.12.2020 сол.
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14.07.2021 сол аризаи ХД “Кули Морон”-и ноҳияи Айнӣ қонеъ карда шуда, қарори Раиси но-ҳияи Айнӣ таҳти №613 аз 31.12.2020 сол дар бораи бекор кардани қарори Раиси ноҳияи Айнӣ №502 аз 30.11.2011 с. беэътибор дониста шудааст.
Суди иқтисодӣ муайян намудааст, ки мувофиқи муқаррароти мод-даи 26 КЗ ҶТ қитъаи замин ба Сангинов А. барои ташкили ХД “Кули Морон” дар асоси қарори Раиси ноҳияи Айнӣ №502 аз 30.11.2011 сол ҷу-до карда шуда, мувофиқи қарори мазкур хоҷагии мазкур бо сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дараҷаи А №0315537 санаи 23.12.2011 сол таъмин карда шудааст, ки аз ҳамин лаҳза мувофиқи муқаррароти моддаи 17 КЗ ҶТ хоҷагӣ ҳуқуқ ба истифодаи замин пайдо намудааст.
Баъдан дар асоси аризаи Сардори ХД “Кули Морон” Сангинов А. бо қарори Раиси ноҳияи Айнӣ №635 аз 23.11.2016 сол таъминоти истифо-дабарии қитъаи замин иваз карда шуда, ба категорияи сохтмонӣ барои таъсиси ҳавзи моҳипарварии навъи “Гулмоҳи” дохил карда шудааст.
Ҳамзамон мувофиқи қарори нобаршуда Сангинов А. санаи 04.01. 2017 сол бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А №0048395 таъмин карда шуда, таҳти феҳристи №342 ба қайди давлатӣ гирифта шу-дааст, ки аз ҳамин лаҳза Сангинов А.А. ҳуқуқ ба истифодаи замин пайдо намудааст. (мод. 17 КЗ ҶТ)
Муайян шудааст, ки бо дар асоси эътирози прокурор ва бо қарори Раиси ноҳияи Айнӣ №613 аз санаи 31.12.2020 сол (баҳсӣ) қарори Раиси ноҳияи Айнӣ №502 аз 30.11.2011 сол (пас аз 9 сол) бекор карда шудааст, ки боиси муроҷиат намудани ХД “Кули Морон” ба суди иқтисодӣ гаш-тааст.
Дар рафти баррасии парванда суди иқтисодӣ муайян намудааст, ки қарори мавриди баҳс қароргирифта ғайриқонунӣ, бе асосҳои кофӣ, бе назардошти пайдоиши ҳуқуқ, бо вайрон намудани тартиби қабули қа-рор, бе гирифтани хулосаи мақомотҳои дахлдор, танҳо ҳавола ба эътиро-зи прокурор қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои аризадиҳанда ХД “Ку-ли Морон” вайрон карда шудааст.
Ҳамзамон суди иқтисодӣ маълум намудааст, ки дар вақти қабул намудани қарори мавриди баҳс қароргирифта, мавҷудияти қарори Раиси ноҳияи Айнӣ №635 аз санаи 23.11.2016 сол оид ба тағйир додани таъино-ти истифодаи замин ва пайдоиши ҳуқуқ ба истифодаи замини ҳавзаи Гулмоҳи ба номи Сангинов А. (бо сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин) аз мадди назар дур монда шудааст.
Бинобар бо вайрон намудани талаботҳои меъёрҳои моддии модда-ҳои 37, 39 КЗ ҶТ, моддаи 241 КГ ҶТ, моддаи 15 Кодекси расмиёти маъ-мурии ҶТ қарори Раиси ноҳияи Айнӣ №613 аз санаи 31.12.2020 сол тибқи талаботи моддаи 13, 327 КГ ҶТ беътибор дониста шуда, тибқи талаботи моддаи 50 КЗ ҶТ ҳуқуқҳои вобаста ба замин вайроншуда барқарор кар-да шудаанд.
Аммо тибқи талаботи моддаи 191 КМИ ҶТ дар қисми хулосавии ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14.07.2021 сол номутобиқати қарори мавриди баҳс қароргирифта ба кадом конунҳо ва санаҳои меъ-ёрии ҳуқуқӣ, дарҷ карда нашудааст.
Омўзиши парвандаҳои маълум намуд, ки чунин камбудиҳо низ дар парвандаи таҳти №№1-39/2021, 1-282/2021, 1-213/2021, 1-264/2021, 1-196/ 2021, 1-234/2021, 1-266/2021, 1-90/2021 мушоҳида карда мешаванд.
Парвандаи таҳти №1-63/2021,
Доир ба аризаи КТ “Ғайрат-2015”-и ноҳияи Ашт, нисбати МИҲД ноҳияи Ашт оид ба беэътибор донистани қарори Раиси ноҳияи Ашт таҳ-ти №150 аз 22.02.2019 сол дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи як қисми қитъаи замини КТ “Ғайрат-2015” ва ба фониди махсуси ноҳия-вӣ дохил намудан.
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 05.02.2021 сол аризаи мазкур рад карда шудааст.
Суди иқтисодӣ муайян намудааст, ки КТ “Ғайрат-2015” бо 5 нафар аъзо ташкил гардида, мувофиқи муқаррароти моддаи 26, 66 КЗ ҶТ бо қа-рори Раиси ноҳияи Ашт №541 аз санаи 22.11.2016 сол қитъаи замин ба масоҳати 32,39 га. вобаста карда шуда, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0046284 санаи 17.01.2017 сол  дода шудааст.
Дар рафти баррасии парванда маълум карда шудааст, ки соли 2019 КТ “Ғайрат-2015” аз ҳуқуқи истифодабарии қисми қитъаи замин ба ан-дозаи 14,98 га. даст кашида, мувофиқи муқаррароти моддаи 37, 39 КЗ ҶТ қитъаи замини мазкур аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ ба фонди захиравии ноҳия дохил карда шудааст.
Суди иқтисодӣ дар рафти баррасии парванда муайян намудааст, ки қарори баҳсии Раиси ноҳияи Ашт таҳти №150 аз 22.02.2019 сол дар дои-раи ваколати Раиси ноҳия, бо назардошти муқарраротҳои меъёрҳои мод-дии моддаҳои 37, 39 КЗ ҶТ қабул карда шуда, пас аз ба фонди захиравӣ гирифтани қитаъи замини мазкур, он қисм ба қисм ба дигар хоҷагии деҳ-қонӣ вобаста карда шудааст. (ХД Олами Ангур)
Инчунин даст кашидани заминистифодабаранда аз ҳуқуқи истифо-даи замин (қисми он) бо протоколи №1 КТ “Ғайрат-2015” тасдиқ карда шудааст. (ирода ва ҳуқуқи заминистифодабаранда, моддаи 19 КЗ ҶТ)
Аммо маълум карда шуд, ки бе назардошти талаботҳои моддаҳои 135, 190 КМИ ҶТ дар рафти омодасозӣ ва баррасии парванда ХД “Ола-ми Ангур”, КИЗ ноҳияи Ашт ва КДФ “БММҒ” дар ноҳияи Ашт ба пар-вандаи мазкур ба сифати шахсони манфиатдор ҷалб карда нашудаанд.
Тибқи талаботи моддаҳои 135, 190 КМИ ҶТ ба суди иқтисодӣ за-рур буд, ки дар рафти омодасозии парванда ё пас аз таъин намудани он ба муҳокимаи судӣ субъектон ХД “Олами Ангур”, КИЗ ноҳияи Ашт ва КДФ “БММҒ” дар ноҳияи Аштро ба парвандаи мазкур ба сифати шах-сони манфиатдор ҷалб намуда, оид ба баррасии парванда огоҳ намояд. (судя Гулзода С.)
Парвандаи таҳти №1-452/2021,
Доир ба аризаи ХД “Абдуллоҳ”-и ш. Панҷакент нисбати шахсони манфиатдор МИҲД ш. Панҷакент, КИЗ ш. Панҷакент, Раҳимов Ҷ, Воҳи-дова Ҳ. Дар бораи қисман беэътибор донистани қарорҳои Раиси шаҳри Панҷакент №412 аз 16.11.2005 сол ва №301 аз 04.07.2012 сол, беэътибор донистани қарори комиссия ва шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк ба номи Раҳимов Ҷ. ва бартараф намудани монеагии аз ҷониби Во-ҳидова Ҳ. овардашуда ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи за-мин.
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 11.10.2020 сол аризаи мазкур рад карда шудааст.
Суди иқтисодӣ аз аризаи пешниҳоднамудаи шахси манфиатдор Ра-ҳимов Ҷ. муайян намудааст, ки мўҳлати муроҷиат, ки бо меъёрҳои муро-фиавии иқтисодӣ муқаррар карда шудаанд, аз ҷониби аризадиҳанда ХД “Абдуллоҳ” гузаронида шуда, асосҳои барқарор намудани он мавҷуд на-мебошад. (судя Исмоилзода Р.А.)

Парвандаи таҳти №1-293/2021,

Доир ба аризаи ХД “Шўҳратҷон”-и ш. Истаравшан, нисбати шах-сони манфиатдор: МИҲД ш. Истаравшан, КИЗ ш. Истаравшан, КДФ “БММҒ” дар ш.Истаравшан ва ХД “Муродҷон М”-и ш. Истаравшан дар бораи мавриди баҳс қарор додани Раиси ш. Истаравшан таҳти №55 аз 05.02.2021 сол.

Бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 09.06.2021 сол бинобар даст кашидани аризадиҳанда аз талаби худ истеҳсолоти парванда мувофиқи муқаррароти моддаи 149 КМИ ҶТ қатъ карда шудааст.

Суди иқтисодӣ дар рафти мурофиаи судӣ муайян кардааст, ки мо-неагии вобаста ба истифодабарии қитъаи замин бартараф карда шуда, мувофиқи санади тартибдодашуда қитъаи замин ба ХД “Шуҳратҷон” баргардонида шудааст, ки ин ҳолат аз ҷониби суди иқтисодӣ қобили қа-бул дониста шуда, истеҳсолоти парванда бо дастрасии моддаи 150 КМИ ҶТ қатъ карда шудааст. (судя Исмоилзода Р.А.)

Умуман дар рафти омўзиши парвандаҳои иқтисодӣ муайян карда шуд, ки дар аксарияти ҳолатҳо аризадиҳандагон ҳуқуқи худ оид ба ҳимояи манфиатҳоро истифода намуда, ба суди иқтисодӣ бо ариза пас аз гузаштани мўҳлати муроҷиати 3 моҳа муроҷиат менамоянд, ки асос ба-рои рад намудани ариза мегардад.

Инчунин муайян гардид, ки қитъаҳои замин барои фаъолияти ки-шоварзӣ дар асоси моддаи 20 Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо дастрасии моддаҳои 26, 65, 66 КЗ ҶТ тибқи қарорҳои Раиси МИҲД ба заминистифодабарандагон ҷудо гардида, аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор оид ба замин сертифи-кати ҳуқуқи истифодаи замин, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии дав-латӣ ё шаҳодатномаи сахми замин дода шуда, аз ҳамин лаҳза мувофиқи моддаи 17 КЗ ҶТ заминистифодабарандагон ҳуқуқ ба истифодаи замин пайдо мекунанд.

Аммо пас аз гузаштани мўҳлатҳои тўлонӣ нисбати қарорҳои маз-кур эътирози прокурорӣ овардашуда, бо санадҳои мавриди баҳс қарор-гирифта қарорҳои қабли оид ба ҷудо намудани қитъаи замин бекор кар-да шуда, дар вақти бекор намудани қарорҳо ҳолатҳои пайдоишӣ ҳуқуқ, мавҷудияти молу мулк ва ваколати Раиси шаҳру ноҳияи барои бекор на-мудани қарорҳо бо тартиби ғайрисудӣ ва бо ин роҳ маҷбуран қатъ наму-дани ҳуқуқи пайдогардида аз мадди назар дур монда мешаванд.

Мувофиқи муқаррароти 22 КЗ ҶТ ҳеҷ кас ба ғайр аз асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи за-

мин маҳрум карда намешавад.

Қобили зикр аст, ки аз лаҳзаи қабули қарорҳои Раиси ноҳия ва пеш ниҳод намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, заминистифода-баранда алакай ҳуқуқи истифодаи заминро пайдо намуда (м.17 КЗ), маҷ-буран қатъ намудани ҳуқуқи он танҳо дар асоси муқарраротҳои моддаи 37 ва 39 Кодекси замини ҶТ бояд ба роҳ мононда шавад ва дар ҳолати набудани чунин асосҳо танҳо бо роҳи судӣ. (мод. 47 КЗ ҶТ)

Маълум шудааст, ки асосоҳои қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи за-мин дар қарор ба таври аниқ муқаррар карда нашуда, он асосҳое, ки дар қарори баҳсии Раиси ноҳия оварда шудаанд, қобили қабул дониста наме-шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар моддаи 36-и Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тартиби баррасии эътирози прокурор муқаррар карда шуда, эътироз характерӣ ҳатми на-дошта, ба Раисони шаҳру ноҳияи ҳуқуқи алтернативӣ оид ба қонеъ наму-дани он ё рад кардани он дода шудааст.

Дар ин маврид ба Раисони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки ҳолатҳои корро тибқи талаботи Кодекси замини ҶТ санҷи-да, дар ҳолати маълум намудани мавҷудияти пайдоиши ҳуқуқ, мавҷуд набудани асосҳои дар моддаи 37, 39 КЗ ҶТ пешбинишуда, набудани ва-колати мақомот барои қонеъ намудани эътироз ва қабул намудани қаро-ри худ, эътирозро рад намуда, ба мақомоти прокуратура онро барои минбаъда муроҷиат намудан ба суд, баргардонад.

Аммо аз омўзиши парвандаҳо ва таҷриба дида мешавад, ки ин ҳо-латҳо аз мадди назар дур монда шуда, танҳо ба такя ба эътирози проку-рор аз ҷониби Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ қа-рорҳои қаблӣ ғайриқонунӣ бекор карда шуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои за-министифодабарандагон ва шахсони манфиатдор вайрон карда меша-ванд.

Бархилофи муқаррароти моддаи 37 Кодекси замини ҶТ, новобаста аз он, ки Раисони МИҲД аз ваколатҳои худ баромада, баҳси замини то-беъияти судӣ доштаро ҳал намуда, дар рафти қатъи ҳуқуқи истифодаи за-министифодабаранда масъалаи ҷуброн намудани нархи бозории ҳуқуқи заминистифодабарандаро ҳал наменамоянд, ки чунин муқаррарот дар Кодекси замини ҶТ пешбинӣ карда шудааст.

Санҷиши ваколати Раисони МИҲД оид ба бекор намудани қарор-ҳое, ки асос барои пайдоиши ҳуқуқӣ истифодаи замин, қарор оид ба бе-кор намудани қарорҳои қаблӣ, ки ба қатъ намудани ҳуқуқ овардаанд, маълум намуд, ки мувофиқи муқаррароти моддаи 39 Кодекси замини ҶТ асосҳои дар бандҳои «а», «б» ва «ж» моддаи 37 Кодекси мазкур пешбини-шуда мавҷуд намебошанд. Яъне дар ин маврид амал мекунад моддаи 47 КЗ ҶТ.

Азназаргузаронии маводи парвандаҳо маълум намуд, ки аксарият асоснокии қарорҳои мавриди баҳс қароргирифта бо таҳлили ҳолатҳои кор мувофиқат намекунанд ва матни қарорҳои қабулшуда бе риояи му-қарраротҳои Кодекси расмиёти маъмурии ҶТ оид ба шакл ва мазмуни он қабул карда шудаанд.

Қисми 1 мод. 15 Кодекси расмиёти маъмурии ҶТ муқаррар намуда-аст, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд асоснокии хаттӣ дошта бошад, ки пеш аз қисми хулосавӣ зикр мегардад.

Лекин асосан таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки бархилофи талабо-ти қ. 3 мод. 15 Кодекси расмиёти маъмурии ҶТ қарорҳо бо ҳолатҳо, во-қеият ва далелҳи дар ҷараёни расмиёти маъмурӣ таҳқиқ ва омўхташуда, асоснок карда намешаванд.

Бинобар ин риоя накардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба замин аз ҷониби Раисони МИҲД ва мақомотҳои ваколатдор во-баста ба замин ба беэътибории қарорҳо ва ғайриқонунӣ донистани ама-ли мақомотҳои мазкур оварда мерасонад.

Тибқи талаботи мод. 13 Кодекси граждании ҶТ, санади ғайримеъ-ёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти дав-латӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, инчунин санади меъёрие-ро, ки хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи гражданӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро халал-дор месозанд, суд метавонад беэътибор эътироф намояд.

Дар асоси муқаррароти қ. 1 мод. 327 Кодекси граждании ҶТ, агар дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳал-лии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё шахси мансабдор баровардани санади меъёрӣ ё инфиродӣ, ки ба қонунҳо му-тобиқ нестанд ва ҳуқуқи молик ва дигар шахсро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани  молу мулки марбутаашон вайрон мекунанд, чу-нин санад тибқи тартиби судӣ мутобиқи эътирози молик ё шахсе, ки ҳу-қуқаш вайрон шудааст, беэътибор дониста мешавад.

Ҳамзамон қобили зикр аст, ки омўзиши парвандаҳои дар боло ни-шондода маълум намуд, ки аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор оид ба за-мин (МИҲД, КИЗ, КДФ «БММҒ», Комиссияи азнавташкилдиҳӣ) вако-латҳои ба зиммаи онҳо вогузошташуда бархилофи талаботҳои Кодекси замини ҶТ, Қоидаҳои азнавташкилдиҳи ва ислоҳоти ташкилоту корхо-наҳои кишоварзӣ, Қоидаҳои ҷудо намудани қитъаи замин ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ амали карда шуда, боиси пайдо гардидани баҳс мегар-дад.

Маълум карда шуд, ки аз ҷониби КИЗ, КДФ «БММҒ» на ҳама вақт Қоидаҳои ҷудо намудани қитъаи замин ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ риоя гардида, тартиби пешакӣ мувофиқат намудани маҳаллӣ ҷойгирша-вии иншоотҳои сохтмон, тартиби тайёр кардан ва ба расмият даровар-дани мавоиди замин, хусусиятҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои ис-теҳсоли кишоварзӣ, тақсими заминҳо ба якҷанд хоҷагӣ, тартиби ба шах-си дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва вобастакунии он нодуруст амали карда шуда, боиси пешниҳод намудани хулосаи нодуруст ба Раисони ноҳияи ва шаҳр мегардад, ки дар натиҷа қарорҳои ғайриқо-нунӣ қабул карда мешаванд.

Инчунин омўзиши парвандаҳо маълум намуд, ки дар баъзе ҳолатҳо аризаи шахсони манфиатдор (аризадиҳанда) бе санҷиши ваколат ва пай-доишӣ ҳуқуқ ба истифодаи замин бо назардошти ҳуқуқи оид ба замин вайроншуда ба истеҳсолоти судӣ қабул карда мешаванд.

Ба судяҳо зарур аст, ки дар вақти баррасии парванда аввалан пай-доиши ҳуқуқи муроҷиаткунандаро мувофиқи қонунгузории замин маъ-лум намуда, асос ва сабабҳои вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳоро муай-ян намуда, ҳолатҳои қатъ намудани онро санҷида, масъалаи ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқҳоро бояд ҳал намоянд.

Зеро институти моддаи 4 КМИ ҶТ ду аспектро муайян намудааст: якум ҳуқуқи вайроншуда ва дуюм манфиат. Ин муқарраротҳо аз як дигар фарқият дошта, пайдоиши ҳуқуқии онҳо бо қонунҳои соҳаи замин ҳар-гуна мебошанд.

Масъалан, ҳуқуқ ба истифодаи замин мувофиқи муқаррароти мод-даи 17 КЗ ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз лаҳзаи пешниҳоди сертификат оид ба ҳуқуқӣ замин, шаҳодатномаи саҳми замин ва аз лаҳзаи бақайдги-рии давлатӣ ба вуҷуд меояд. Манфиат бошад аз лаҳзаи муроҷиат то қа-були қарори Раиси ноҳияи ё шаҳр пайдо гардида, пас аз пешниҳоди сер-тификати ҳуқуқи истифодаи замин ба категорияи ҳуқуқ табдил дода ме-шавад.

Мувофиқи муқаррароти мод. 1861 КМИ ҶТ, ҳангоми муайян кар-дани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо ўҳдадоранд дар мўҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.
Дар умум маълум карда шуд, ки на ҳама вақт баҳсҳо оид ба замин мувофиқи тобеъият аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор оид ба замин дар маҳал мавриди баррасии пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта, бе асос ба суд ирсол карда мешаванд.
Масъалан, мувофиқи муқаррароти Қоидаҳои аз навташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ (№1775) баррасии баҳс-ҳои замин, ки дар рафти таҷдид ба миён меояд, ба ваколати кумитаи идо-раи замин вогузор карда шудааст, аммо маълум карда шуд, ки бе асосҳои кофӣ аз ҷониби кумитаҳои замини минтақавӣ, вобаста ба муроҷиатҳои заминистифодабарандагон, ки дар рафти фаъолияти кишоварзӣ ва таҷ-дид ба миён меоянд, бо мактуби тавзеҳотӣ ба суд ирсол карда мешаванд.

Аз ҳамин лиҳоз пешниҳод мекунам, ки ҷамъбастии мазкур дар машғулияти ҳармоҳаи навбатӣ дар Суди иқтисодии вилояти Суғд маври-ди муҳокима карор гирифта, баҳри пешгирии қонунвайронкунӣ дар со-ҳаи замин нусхаи он ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии мин-тақавӣ, мақомотҳои ваколатдор оид ба замин барои маълумот ва муҳо-кима намудан ирсол карда шавад.

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                              Ф.Ҳ. Хоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *