Машғулияти Семинари дохили- оид ба мавзӯи «Омӯзиши меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва омода кардани протаколи маҷлиси судӣ ва даъвати тарафҳо ба маҷлисҳои судӣ».

Posted by

Ҳозирини арҷманд ва ҳамкасбони гиромӣ!

Имрӯз дар семинар машварати мо мавзӯи Омӯзиши меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва омода кардани протаколи маҷлиси судӣ ва даъвати тарафҳо ба маҷлисҳои судӣ»-ро ба шумоён мухтасар намуда маълумот медиҳам.

Ба ҳар яке мову Шумо маълум аст, дар Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаи 154. Протаколи маҷлисчи судӣ омадааст, ки мо бо ин аксарият котибои маҷлиси судӣ шинос ҳастем. Ва дар он модда тартиби тартиб додани протаколи маҷлиси судӣ дарҷ гардидааст ва инчунин. Дар ҷараёни ҳар як маҷлиси судии суди иқтисодии марҳилаи якум, инчунин ҳангоми иҷрои баъзе аз амалҳои мурофиавӣ берун аз маҷлиси суди протокол тартиб дода мешавад. Дар протоколи маҷлиси судӣ ин матлаб дарҷ мегардад яъне,

– сол, моҳ, рӯз ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ;

– вақти ољоз ва анҷоми маҷлиси судӣ;

– номи суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳайати суд;

– ном ва рақами парванда;

– маълумот дар бораи ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ;

– маълумот дар бораи ба суд пешниҳод намудан ва дидани ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва ваколати дахлдори шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳоро тасдиқ мекунанд;

– маълумот дар бораи ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ фаҳмондани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавии онҳо;

– маълумот дар бораи огоҳ кардани тарҷумон дар хусуси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, шоҳидон барои дидаю дониста нишондоди бардурӯљ додан ва саркашӣ кардан аз додани нишондод, эксперт барои дидаю дониста хулосаи бардурӯљ додан;

– аризаҳои шифоҳӣ ва дархостҳои шахсони иштироккунандаи парванда;

– ба мувофиқа омадани тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда, талабот ва норозигиҳои арзнашуда;

– баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, нишондодҳои шоҳидон, тавзеҳоти экспертҳо доир ба хулосаҳои худ;

– таъиноте, ки суд аз толори суд нарафта баровардааст;

– натиҷаҳои азназаргузаронӣ ва дигар амалҳо оид ба таҳқиқи далелҳо, ки дар маҷлиси судӣ гузаронида шудаанд;

– санаи тартиб додани протокол.

3. Дар протоколи анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавӣ ҳамчунин маълумотҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани ин амали мурофиавӣ ба даст оварда шудааст, дарҷ мегардад.

4. Протоколро котиби маҷлиси судӣ тартиб медиҳад.

5. Протокол дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад. Онро бо даст навиштан ё дар мошинка чоп кардан ё бо истифодаи компютор тартиб додан мумкин аст. Протоколро раискунанда ва котиби маҷлиси судие, ки протоколи маҷлиси судиро тартиб додааст, на дертар аз рӯзи дигари ба анҷом расидани маҷлиси судӣ ва протокол дар бораи анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавиро онҳо бевосита баъди анҷом ёфтани амали алоҳидаи мурофиавӣ имзо мекунанд.

6. Агар суди иқтисодӣ сабти стенография, ҳамчунин дар маҷлиси судӣ сабти аудио ва (ё) видеоро истифода барад, дар протокол бояд маълумотҳое, ки дар сархатҳои ҳафт, ҳашт ва ёздаҳи қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дарҷ гардад, ҳамчунин дар бораи истифодаи техникии сабти маҷлиси судӣ бояд ишора гардад. Маводҳои (ҳомили моддӣ) сабти аудио ва видео ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегарданд.

7. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд бо протоколи маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ шинос шаванд ва эродҳои худро нисбати пуррагӣ ва дурустии тартиб дода шудани он дар мӯҳлати муқарраркардаи Кодекси мазкур барои шикояти санадҳои судӣ пешниҳод намоянд. Ба эродҳо метавонад шахси иштироккунандаи парванда маводи сабти аудио ё видеои маҷлиси судиро, замима намояд.

8. Дар бораи қабул ё рад кардани эрод ба протокол, суди иқтисодӣ на дертар аз рӯзи дигари ба суд ворид шудани эрод таъинот мебарорад. Эрод ба протокол ва таъинот ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

        Ва инчунин дар Моддаи 120. Хабарномаи судӣ

1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот ва ољоз намудани истеҳсолоти парванда, дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ бо роҳи ирсоли нусхаи санади судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур, на дертар аз панҷ рӯз то ољози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ хабардор карда мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Маълумот дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот, вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ метавонад дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ на дертар аз панҷ рӯз то ољози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ ҷойгир карда шавад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷойгиркунии маълумот аз ҷониби суди иқтисодӣ дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ, инчунин санаи ҷойгиркунии онҳо ба маводи парванда замима карда мешаванд.

2. Санади судӣ, ки бо он иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ хабардор ё даъват карда мешаванд, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– ном ва сурољаи суди иқтисодӣ;

– вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ;

– насаб, ном ва номи падари шахсони ба суд хабардоршуда ё даъватшуда;

– номи парванда, ки доир ба он хабардор ё даъваткунӣ ба амал бароварда мешавад, ҳамчунин ба ҳайси кӣ даъват шудани шахс;

– нишондод дар бораи он, ки шахси хабардоршаванда ё даъватшаванда кадом амалҳоро ва дар кадом мӯҳлат ҳуқуқ дорад ё ӯҳдадор аст иҷро кунад.

3. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир суди иқтисодӣ метавонад ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ё воситаҳои дигари алоқа шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодиро хабардор ё даъват намояд.

4. Суди иқтисодӣ хабарномаи судии унвонии шахси ҳуқуқиро ба маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ мефиристад. Агар даъво ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ дахл дошта бошад, чунин хабарнома ба маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ фиристонида мешавад. Маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагӣ дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян карда мешавад.

5. Хабарномаи судии унвонии шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ба маҳалли зисти онҳо, ки дар иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зикр гардидааст, фиристонида мешавад. Дар сурати пешниҳод гардидани маълумот доир ба воситаҳои алоқаи шахсони иштироккунандаи парванда хабарномаи судӣ метавонад тавассути воситаҳои алоқаи мобилӣ фиристонида шавад.

6. Агар дар мурофиаи судӣ намояндаи шахси ҳуқуқӣ иштирок намояд, хабарномаи судӣ инчунин ба маҳалли истиқомати намоянда фиристонида мешавад.

7. Агар шахси иштироккунандаи парванда дар бораи ба сурољаи дигар фиристонидани хабарномаи судӣ дархост намуда бошад, суди иқтисодӣ хабарномаи судиро ба ин суроља мефиристад. Хабарномаи судӣ ба шахси иштироккунандаи парванда дар он ҳолат супоридашуда ба ҳисоб меравад, ки агар он ба сурољаи нишондодашуда расонда шуда бошад.

8. Шахсони хориҷӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ оид ба қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур хабардор карда мешаванд, агар Кодекси мазкур ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

9. Шахсони иштироккунандаи парванда, пас аз гирифтани санади судӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ ё ариза ба истеҳсолот ва ољоз намудани истеҳсолоти парванда, инчунин шахсоне, ки ба парванда дертар ворид шудаанд ё ҷалб шудаанд ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда пас аз қабули санади судии якум оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқи мустақилона гирифтани маълумотро дар бораи ҳаракати парванда доранд.

10. Ба шахсони иштироккунандаи парванда таваккали ба вуҷуд омадани оқибатҳои ногувор дар натиҷаи наандешидани чораҳо барои гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати парванда вогузор мегардад, агар суд дар бораи сари вақт огоҳ будани онҳо оид ба ољози мурофиа маълумот дошта бошад.

Маърузаи Нозир реферанти Суди иқтисодии вилояти Суғд:

       Ҳайитбобоева М.О.

Leave a Reply

Your email address will not be published.