Модар сарчашмаи ҳаёт аст!

Posted by

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

   

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.                          Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модар чи гуда шахсест, ки барои беҳбуди фарзанддон худ аз дасти худ чизе меояд ижро менамояд, шабҳо бедорхоби мекашад, худ намехураду фарзандонашро мехуронад, намепушаду мепушонад бояд фарзандон ба қадри модари хэш бирасем. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи олам ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.

Меҳру муҳаббати самими модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеч чиз баробар натавон кард. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.

Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте, ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи хаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи хаёту мамот буда, аз хама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастц мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишки поки модар ба мисоли чашмаҳои пуржушест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.                                                                                                 

       Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5 хоҳ 50, барои ӯ модар-навозишу нигоҳи вай зарур аст, ва ҳар қадаре, ки муҳаббати касс ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст.

       Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

         Чи тавре, ки бузургон гуфтааст, тамоми фариштагони олам якжо жамъ шуда як садои нозанине бароранд, беҳтар аз садои моар ва номи модар нест.

       Модар! Бе ту ҳеч баҳоре зебо ва ҳеч тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст.                   

                                                                  Ҳайитбобоева Мадина Отажоновна

Leave a Reply

Your email address will not be published.