Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан – модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.
Ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии марду занон барои солҳои 2007 – 2010 ” ва “Тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016” ва эълон гардидани Соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат, ба соҳибкорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, инчунин вазифаҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб гардидани занҳо мусоидат намуд.
Имрӯз дар миқёси кишварамон бахше нест, ки дар он занон фаъолона иштирок надошта бошанд. Ҳатто дар соҳаҳое, ки қаблан мардон фаъолият мекарданд, имрӯз занон роҳ ёфтаву сарбаландона кор мекунанд ва аз ҳисоби меҳнати босамари хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.
Занро ҷинси латиф мегӯянд, вале новобаста аз латофату назокати худ, бонувони баору номуси тоҷик баробар бо мардон чун дар ҳама давру замон фаъолияти босамар доранд. Модарони азизу хоҳарони меҳрубони мо ба хубӣ дарк кардаанд, ки неруи бузурге ҳастанд, зеро иродату рисолаташон аз бузургии модар сарчашма мегирад.
Қодирова Сафина