Мулоқот вохуриҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти “Ёва”-и н.Б. Ғафуров, аз ҷониби И.в Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А., Оид ба Паёми имсолаи Пешвои миллат Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон. 21 декабр соли 2021.

Posted by

     Пешвои миллат Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ» 21 декабр соил 2021 ироа намуда қайд карданд ки мову шумо хуб дарёд дорем, ки даҳсоли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Аз ин лиҳоз хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осони муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдатӣ милӣ, ноил шудан ба зиндагии бо саодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузаронидаанд, фидокорию ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Ба ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷод додани миллати тоҷик дар як мудати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад.

     Баъди барқарорсозии ҳокимияти канститутсионӣ, зарурати қабули канститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шавад. Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон соҳибихтиёри канститутсия, яъне санади сарнавиштсоз, бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти канститутсионӣ ощоз кардем. Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории нави тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардуми давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Дар асоси канститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, таъсис дода шуданд.       

    Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодиӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулки кафолат дода шунд.   

   Тибқи сиёсати башардустона ва фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боз доштани ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мараторий эълон гардид. Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба Қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шудаанд. Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 бамуносибати ҷашни 30 –солагии Истиқлоли давлатӣ Қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгрии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.  

Дар бист соли охир рушди миёнасолаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакт аз 1,8 миллиард сомони соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ба Буҷаи давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯӣ маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

     Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли аввали соҳибистиқлоли қариб чор баробар афзоиш пайдо карда. Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки об замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлоли ба ҳисоб меравад.

     Ҳануз солҳои оғози истиқлолият, яъне солҳои бисёр вазнин 1992-1998, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд. Илова ба ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ, ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне, 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳоли кишвар имконият пайдо кардаанд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

      Хотир нишон месозам, ки дар ҳафтод соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

      Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрори зироатҳо амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин кулан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2-3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои ба маротиб зиёд шудани истеҳсоли мақсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 2992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонда шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published.