Хабарномаи судӣ

Posted by

Т А Ъ И Н О Т

ДАР БОРАИ БЕҲАРАКАТ МОНДАНИ АРИЗАИ ДАЪВОГӢ

шаҳри Хуҷанд                                                                                  1 декабри соли 2021

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Хоҷазода Фаррух Ҳабиб бо аризаи даъ-воии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудӣ «Архиком-К»-и шаҳри Кулоб ба ҷавобга-рии Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд дар бораи амали гардонидани масъалаи тарафайн аз рӯи ҳақиқат ва ҳуқуқ дар асоси қонун ва шартнома, баровардани фоиз дар асоси Кодекси мурофиавӣ ва пешниҳоди он ба даъвогар шинос шуда,

М У А Й Я Н    К А Р Д:

ҶдММ «Архиком-К»-и шаҳри Кулоб бо аризаи даъвогии дар боло овардашуда ба суди иқтисодӣ муроҷиат намудааст.

Омӯзиши маводи пешниҳодшуда маълум намуд, ки аризаи даъвоӣ ба суди иқти-содӣ бе риояи шакл ва мазмуни он мувофиқи муқаррароти моддаи 124, 125 КМИ ҶТ нодуруст пешниҳод карда шудааст.

Аз он ҷумла, бархилофи талаботи мод. 124 КМИ ҶТ дар аризаи даъвогӣ:

– номи ҷавобгар нишон дода шуда, аммо маҳалли ҷойгиршавии он дарҷ карда нашудааст;

– талаботи даъвогар ба ҷавобгар бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъ- ёрии ҳуқуқӣ асоснок карда нашудааст;

– нархи даъво, нишон дода нашудааст;

– ҳисоби маблағи ситонидашаванда ё ин ки маблағи мавриди баҳс қароргириф-та ё талаботи аниқ оид ба ӯҳдадор намудани ҷавобгар баҳри ба иҷро расонидани ӯҳ-дадориҳои худ, нишон дода нашудааст;

– номгӯи ҳуҷҷатҳои замимагардида нишон дода нашудааст.

Тибқи талаботи қ. 4 мод. 124 КМИ ҶТ нусхаи аризаи даъвогӣ ба ҷавобгар бо огоҳинома ирсол карда нашудааст.

Мувофиқи талаботи мод. 125 КМИ ҶТ ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷатҳои зерин:

– огоҳинома дар бораи супоридан ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда равон карда шудаи нусхаи аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагашта;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани боҷи давлатӣ бо тартиб ва андозаи му-қарраршуда;

– нусхаи ҳуҷҷтҳое, ки бақайдгирии давлатии ҶдММ «Архиком-К»-ро тасдиқ ме-кунад;

– ваколатнома ё ҳуҷҷати дигаре, ки ваколатро барои имзои аризаи даъвогӣ тас-диқ мекунанд (ному насаби Директори ҶдММ «Архиком-К» номаълум) замима кар-да нашудаанд.

Бархилофи талаботи мод. 12 КМИ ҶТ як қатор ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашуда бо забони ғайридавлатӣ бе тарҷумаи тасдиқшудаи он пешниҳод карда шудаанд.

Мувофиқи муқаррароти қ. 1 мод. 127 КМИ ҶТ судяи суди иқтисодӣ, агар му-айян намояд, ки аризаи даъвоӣ ба суд бе риояи талаботи моддаҳои 124 ва 125 Кодек-си мазкур пешниҳод шудааст, оид ба беҳаракат монондани ариза таъинот мебарорад ва дар ин хусус аризадиҳандаро огоҳ намуда, ба ӯ барои бартараф намудани камбу-диҳо мӯҳлат медиҳад.

Ҳолатҳои муайяншуда ва муқарраротҳои дар боло овардашударо асос намуда, судя ба хулоса омад, ки аризаи даъвоиро тибқи талаботи моддаи 127 КМИ ҶТ беҳа-ракат мононда, ба муроҷиаткунанда барои ислоҳ намудани камбудиҳо мӯҳлат пеш-ниҳод намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 127, 182 ва 183 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, судя 

Т А Ъ И Н       К А Р Д:

Аризаи даъвоии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудӣ «Архиком-К»-и шаҳри Кулоб ба ҷавобгарии Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд дар бораи амали гар-донидани масъалаи тарафайн аз рӯи ҳақиқат ва ҳуқуқ дар асоси қонун ва шартнома, баровардани фоиз дар асоси Кодекси мурофиавӣ ва пешниҳоди он ба даъвогар беҳа-ракат мононда шуда, барои бартараф намудани камбудиҳое, ки дар санади судӣ дарҷ гардидаанд ба аризадиҳанда то санаи 20.12.2021 сол мӯҳлат пешниҳод карда шавад.

Аризадиҳанда огоҳ карда шавад, ки:

– агар дар мӯҳлати муайяншуда талаботи дар таъинот оид ба беҳаракат монон-дани аризаро иҷро кунанд, ариза аз рӯзи якуми ба суд ворид гардиданаш дохилгар-дида ҳисоб меёбад. Дар акси ҳол ариза ба суд вориднагардида ҳисоб ёфта, ба ариза-диҳанда бо маводи замимашуда мутобиқи моддаи 128 КМИ ҶТ баргардонида меша-вад;

– аризадиҳанда метавонад бевосита бо таъиноти мазкур дар шабакаи http:/ www.si-sugd.tj шинос шуда, онро ба иҷро расонад.

Аз рӯи таъинот дар бораи беҳаракат мондани аризаи даъвоӣ ба суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 20 рӯз ши-коят намудан мумкин аст.

СУДЯ                                                                                                 Ф.Ҳ. ХОҶАЗОДА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *