Муҳтарам ҳозирин ман сараавал мехостам якояки шуморо бо Рӯзи ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуям.
Чи тавре, ки ба хамагон маълум аст, ки бо тартиби ворид намудани илова ба Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон « дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама сола рӯзи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.
Чашни Парчам ин аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имруз симои Тоҷикистонро рӯшан сохта ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бо фарҳанг ва соҳиби тамадуни бой дар ҷаҳон дар радифи дигар давлатҳо муаррифи месозад.
Бедил беҳуда нагуфтааст, ки сайқалгари оинаи таҷдид қадим аст, натвон ба навин кофил азон сози куҳан буд.
Бо овардани ин байти Бедил ман мехостам, диқаати ҳамагонро ба он ҷалб намоям, ки парчам, дар туллии таърихдории миллати точик, аз кучо ва дар кадом холат ба миён омадааст.
Боиси хушбахтист, ки халки точик, ки дар давраи Куруши Кабир соҳиби эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, инчунин якумин халқест, ки аввалин туда дирафш-парчамро ба миён овардааст ва ин дирафши якумини миллати тоҷик дирафши ковиёна аст ва мо ҳамагон, ки бархурдор аз Шоҳнома мебошем, вокиф аз он хастем, ки чи тавр Коваи охангар дар вақти бар зидди қувваи бади ғолиб омаданаш чарминаи пешбанди худро ба ҳайси дирафш-парчам истифода бурда буд ва баъди мағлуб намудани Заҳок ғолибияти худро бо тартиби бардоштани дирафш ба халқ нишон медиҳад. Сипас Кова ба тахт Фарходро нишонда, Фарудун низ ин икдоми Коваро идома дода, ба дирафши Ковиёна як ситораи дороӣ чор шохаи зарҳалдори ранги зард, сурх, бунафшдорро илова намуда буд ва аз ҳамон давра инҷониб мардуми ориёи соҳиби парчами худ гаштаанд.
Дар туллии таърихи парчамдории тоҷик ин рамз тағийр ёфта истода, хушбахтона ҳама вакт рангҳои мусбиро доро буд.
Парчами давлатии Чумхурии Точикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта дар як заминаӣ хушку холи ба миён намеояд ва наомадааст ва аз сарчашмаҳои хело зиёди фарханги дар иртибот дар омодакардани он истифода шудааст ва дар Ислосияи 16 Шуроӣ олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шахри Хучанд баргузор гардида буд, парчами Тоҷикистон маври қабул қарор гирифт ва пинҳон нест, ки дар таҳияи ва пешниҳоди он олимон ва мардуми аҳли фарҳанг назари худро пешниход доштанда буданд ва ин парчами давлатии точик, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хелои зебо таҷассум ёфта ифодагари тамоми таъриху тамадуни пешазисломӣ ва баъди исломии мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.
Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ махсуб меёбад.
Санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Мачлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва дар ҷумлаи аввали ин Низомнома оварда шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамоми муқаддасоте, ки дар ватани мо, ҳает ҳам мукаддасоте ба фарханг алокаманд аст ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо ба идеалҳои мо алоқамнди дорад, ҳама дар ҳамин ҷумла нухуфта аст, яъне парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама разм аст, рамзи давлатӣ аст, дар рафдифи ду рамзи дигар, ки нишон ва суруди Миллӣ Точикистон.
Бартарии ифодаи мазмуни амиқи ин ҷумлаи низомнома ин дар калимаи Рамз ифода мешавад, зеро ҳама мазмунҳои амиқи иҷтимои фарҳангӣ, ҳар чизе, ки дар тасавури инсон аст ба воистаи рамз ифода мешавад. Яъне бисёр мафҳумҳои муҷҷаҳад дар шакли образҳои мушаххас, дар рамз ифода мешаванд. Масалан идеяи сулҳ дар шакли кабутари Пикассо ва идеяи адолат дар шакли тарозу ифода карда шудааст, яъне инҳо ҳама аломатҳои шартии ин ва ё он мафҳум ақида мебошанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон низ яке аз чунин рамзҳост ва бартарии он нисбати дигар рамзҳо дар он аст, ки он мазмунҳои амиқи ичтимоиро дар худ нухуфта, рамзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки Рамзҳо хеле мукаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломатҳо, рангҳое, ки дар парчами Точикистон интихоб шудаанд ҳар кадоме мазмунхои амиқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне Принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва дигар дигаре, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтааст.
Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои аклонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин як рамзи бисёрмаъно аст ва он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо он точ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтааст мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷҷасум кардааст ва ҳар касс метавонад онро вобаста ба малакаву фаҳмиши худ шарх дихад. Масалан, вобаста ба маъно ва мазмуни ин рангҳои дар парчам интихобшуда ва тоҷ бо ҳафт ситора фикрҳои мухталиф миёни муҳаққиқон мавчуд аст, ки яке онро ишора ба табиати зебоманзари Точикистон мансуб дониста, дигаре ҳафт ситораро, ки рақами ҳафт дар мардуми мо хело муқаддааст, ба ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафт вилояти фархангиву таърихии кишвари Точикистон, мансуб донистааст.
Аммо ба тарви амиқи тасдикушда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисоркунихои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед бошад-бахту иқболи сафед, покизагӣ буда, ранги сабз -сайъ кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад.
Тасвири тоҷ дар парчам ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустикаилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин ҳафт иклим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст.
Парчам бо муқаддасии худ барои андешаву фаҳмиши даркии инсон мавод медихад.
Конуни Чумхурии Точикистон « дар бораи рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон»,ки соли 2007 кабул карда шудааст, мохият ва тартиби истифодабарии расмии Парчамро мукарар менамояд.
Эхтироми волои Парчам дар баробари нишон ва сурурди мили вазифаи асоси ва ифтихори хар як шахрвандаи Чумхурии точикистон мебошад.
Дар хама холат ба рамзхои давлатй бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онхр бехурматй зохир нагардад.
Дар ин Конун тартиби тасдик намудани парчами давлатй, тартиби тасвир ва тартиби вакт , макон истифодаи ин рамзи давлатй дар радифи дигар рамзхо пурра ва ба таври амик мукарар карда шудааст.
Гузашта аз ин Конунгузор дар моддаи 11 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон» пешбини шудааст,ки риояи талаботи Крнуни мазкур ба зиммаи рохбарони макомотхои давлатии Ч,умхурии Точикистон вогузошта, шахсони вокей ва \укукй барои вайрон кардани талаботи Крнуни мазкур ва тахкири рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чдвобгарй кашида мешаванд.
Парчами давлатиро ,ки рамзи давлатдории миллати точик аст, осон гирифтан мумкин нест ба рамзхо он чунон ки худашон мукаддас ва сермаъмо хастан хамон тавр муносибат кардан зарур аст , яъне эхтиром гузоштан ба парчам рамзи давлатй ин эхтиром ба худи худ ва мавкеъ ба чойгох ба хамсоя ба чомеъа, ба таърих, фарханги гузашта ба он муборизахоест,ки тавасути он мо имруз ба истиколоият расидаем ин як навъ чоннисори чинбозист ва арзишхоест ки худуду пахно надоран ва хулоса ин як навъ комуси хирад ва андеша аст. Он чизе ки мукаддаст аст начиб аст сатхи аз хама Оли аст онро бояд ки дуст дошт ва парчами точик ва кули мукаддасоти Милли шоисти дустдоштани аст ва он чизе ки аз ибтидо то ба имруз дар парчам чойгир аст мо онро бояд, ки эхтиром дорем.
Ман бори дигар хамаи шумоёнро бо иди Парчам табрик менамоям, ба диккататон рахмат.
Парчам ин рамзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, қудрату тавонӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот буда, моҳияти он ин мутаҳидӣ
Муовини раиси
Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А.