Конститутсия бахтномаи миллат

Posted by

       Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.

       Масалан  боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дорад ва аз 33 модда иборат аст пурра ба ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи 17-и боби мазкур оид ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди мақомотҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо байни ҳам чунин гуфта шудааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.

        Суд дар байни мақомоти давлатӣ яке аз мақомоти мӯътабар буда, адолати судиро дар кишвар амалӣ менамояд ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ва ба ин васила барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ нақши муҳим мебозад.   Бо назардошти ин хусусияти муҳиму муассири худ ва бо мақсади мутобиқ намудани сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти судӣ ба талаботи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва мақомоти судии кишварҳои пешрафта тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст.

     Бояд қайд намуд,ки бо ибтикору ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқнамудани сохтору фаъолияти мақомоти судӣ дар Тоҷикистон тадбиру чораҳои зарурӣ давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Ва ин иқдомҳо қисми таркибии ислоҳоти судӣ ба  шумор рафта, бо мақсад такмилу тақвияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори он дар ҷомеа, шаффофу босамар намудани фаъолият ва таъмини мустақилияти бештар суд ва судяҳо равона карда шудаанд. Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ ва роҳандозӣ шудаанд, ки  ин ибтикору ташаббусҳо маҳсуб меёбад.

       Бешак метавон гуфт,ки фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат хубу босамар аст. Ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти он барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва пойдории кишвари тоҷикон нақши муҳиму арзанда хоҳад гузошт.

       Имрӯз дар Тоҷикистон 27-умин солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад

       Баъди ба даст овардани  Истиқлолияти  давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

       Барои қабули конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол, Комиссияи конститутсионӣ бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Комиссияи конститутсионӣ иборат аз се гурӯҳ  буда, аъзои гурӯҳи корӣ мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ бо такя ба арзишҳои таърихи халқамон, орзуву ормонҳои мардуми кишвар, дарки манфиатҳои миллӣ, таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои дигар, эҳтиром ба арзишҳои аз чониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба кори худ шуруъ кард.

       Бояд қайд кард, ки қабули Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар миқеси давлатҳои пасошуравӣ яке аз таҷрибаи аввалин ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке  аз комилтарин Конститутсияи ҷахон буда, дар шумораи даҳ Конситиутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад.

       Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуччати сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷчассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондустонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.

       Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии давлат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтомоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.

       Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори  Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои сохибистихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дуняви ва ягонагӣ муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёдӣ корҳои давлатдорӣ таҳким ёфт.

       Дар он замон зарурати тафсири принсипҳои болозикр ба миён омада бархе аз олимони соҳаҳаи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони варзида ба ин кор шуруъ намудаанд. Дар ин асно, принсипҳои бунёдии эъмори давлати тасдиқ бо мазмуни зиёд шарҳи худро ёфт, яъне соҳибихтиёрии давлат дар он ифода меёбад, ки Тоҷикистон дар ҳали масъалаҳои дохилӣ ва берунии худ мустақил буда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷахонӣ  бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

        Дар замири таъсиси шохаҳои ҳокимияти давлатӣ кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз асосҳои таъсисӣ давлат эълон гардид, ки ин мазмун ҳуқуқбунёдиро насб намуда, ки дар  боби 2-уми Конститутсия таҳкими худро ёфт. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии кишвар муқаррар намуд, ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд ва давлат уҳдадораст, эътироф, риоя ва ҳифзи онро таъмин намояд.

        Чи тавре аз муқаррароти моддаи 6 Конститутсия бармеояд   дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита,  яъне бо иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ, ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.     

         Маҷмуи муқаррароти мазкур шаҳодати амалишавии принсипи демократи сохтмони давлатдорӣ буда, кафолотҳои иштироки халқро дар ташкили ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд, меъёрҳои моддахои мазкури Конститутсия асосҳои ҳаёти сиёсиро муяйн карда, барои рушди гуногунандешии сиёсӣ, низоми бисёерҳизбӣ, амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Дар даврони истиқлолият шумораи иттиҳодияи ҷамъиятии шаҳрвандон босуръат афзоиш ёфт. Аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳоло ҳафт ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз ду ҳазору паҷсад иттиҳодиҳо ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки онҳо   ба иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат мусоидат мекунанд.

          Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Конститутсия асоси низоми қонунгузории давлат буда, дар  заминаи он  қонунҳо ва дигар санадҳои зериқонунӣ қабул мешаванд, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатиро танзим намуда, барои рушди босуръату устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи кофӣ гузоштанд.

           Бо пешрафти ҷомеа, хусусан, ҷомеаҳое, ки дар марҳилаи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ ва дар ҳоли рушду такомул қарор доранд, зарурати бо Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш меояд. Дар Тоҷикистон низ чунин зарурат ба миён омад, ки бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳои ворид карда шуда, аксарияти тағйиру иловаҳо хусусияти таҳририву имлоӣ дошта, дар баробари ин ба масоили ҳуқуқи шаҳрандон дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ, салоҳият ва дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  таҳкими салоҳияти Маҷлси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, муҳлати пай дар пай интихоб шудани як шахс ба мансаби Президент, тағйири мӯҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол, тағйири синну соли номзадҳо ба мансаби Президенти, ба узвияти Маҷлиси милӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, савганд ёд кардани Ҳукумат, аъзои  Маҷлиси миллӣ ва вакиллони Маҷлиси намояндагон,  таъсису барҳамдиҳии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйири номи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ба инҳо монанд масъалоҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул гардидани он тағйиру иловаҳо бо тариқи райпурсии умумихалқӣ  ворид карда шудаааст, ки райпурсӣ ин худ як навъи техникаи қонунгузорӣ мебошад.

           Бояд қайд кард,ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабули санади волои миллии худро амалӣ намуд.

           Тавассути ин дастоварди олӣ, Тоҷикистони азизу маҳбубамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт ва ин санад дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.

          Хамин тариқ, бисту ҳафт соли амали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон шаодати он аст, ки ин санади тақдирсози миллат,  бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввилиндараҷа буда, ин нуқта зарурат ба шарҳ надорад ва итминон дорам, ки барои рушду инкишофи ин сарзамин ва  миллати куханбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Бо камоли эҳтиром судяи суди иқтисодии вилояти Суғд

Гулзода С.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published.