Забон ҳастии миллат

Posted by

5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Соҳибзабонони кишварамон хуб огаҳӣ доранд, ки бори аввал Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, тайи 20 сол ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешуд. Сабаби ба рӯзи 5-уми октябр гузаронидани таҷлили ин ҷашни миллӣ омилҳои муҳим дорад. Пеш аз ҳама, санаи 22-юми июл ба давраи таътили тобистонаи ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва рухсатии аҳли маорифу фарҳанг, зиёиён ва кормандони муассисаву ташкилотҳо рост меомад, ки маҳз иштироки ин қишрҳои ҷомеаро дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардонд. Дигар ин ки муқаррарот ва меъёрҳои Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон барои таъмини мукаммали эҳтиёҷу талаботи ҷомеа ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, эҷоди қонуну санадҳои меъёрӣ, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу байналмилалӣ қонеъкунанда набуд. Ҳамчунин, дар Қонуни айни замон мавриди амал қарордошта меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар ба инобат гирифта нашуда буд. 

Бинобар ин, зарурати қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш омад. Қонуни мазкур дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд. 
Боиси хушнудӣ аст, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир андешида шуданд. Таърих собит намудааст, ки устуворӣ ва пойдории ҳар миллату давлат пеш аз ҳама забони миллӣ аст. Миллату давлатҳое, ки дар давоми мавҷудияти таърихии худ бо тамаддун ва осори гаронбаҳо ба иллати аз даст додани рӯҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаи таърих дур шудаанд, кам нестанд. Барои мисол давлати Мисри Араб таърих ва тамаддуни на камтар аз 5-7 ҳазорсола дорад, лекин забони расмиву коргузории он забони арабӣ аст. Ва ё давлати Покистон, ки яке аз кишварҳои қудратманди қораи Осиё аст, забони давлатиаш забони англисӣ аст. Давлати Ҳиндустон, ки пас аз Ҷумҳурии Халқии Хитой аз нигоҳи нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро (зиёда аз як миллиард) ишғол менамояд, забони давлатиаш ҳиндӯӣ набуда, забони ягонаи давлатии коргузорӣ надорад. 

Маҳви забон маҳви миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст. Дар замони хатарҳои ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) барои миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра аз байн рафтани забони миллии халқу миллатҳои бузург, ба сифати забони давлатӣ ва коргузорӣ қабул намудани забонҳои ғайр бояд ба ҳар миллату миллатҳои соҳибзабон сабақи ҷовидонии таърихӣ бошад. Таъсиру нуфузи забонҳои муқтадир, майли беандоза ба забонҳои ғайр, махлутӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба забон, таваҷҷуҳи аз меъёр зиёд ба технологияи пешрафтаи муосир метавонад омили эҷоди хатарҳои ҷаҳонишавӣ бошад. 
Забон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ сайру таърихи тӯлонӣ дорад. Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон ҳазорҳо сол пеш аз ин дорои як забон- забони ориёӣ будаанд. Бо мурури замон ва гузашти садсолаҳо аз шохаҳои забони ориёӣ дигар забонҳо вобаста ба давру замон ва макону маҳалҳо ба вуҷуд омаданд. Бо вуҷуди ҳамагуна тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сухтору қатлу куштор, шикасту парокандагӣ ва хусумату таассубҳо соҳибзабонон тавонистанд бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд. 
Аз таърих огаҳӣ дорем, ки дар тули садсолаҳо забони давлатдорӣ ва коргузории давлатҳои турктабори ғазнавиёну салҷуқиён, қарахониёну хоразмшоҳиён, империяҳои бузурги муғулии чағатоиёну темуриён ва туркони усмонӣ, шайбониёну аштархониҳо ва манғитиҳо забони форсӣ- тоҷикӣ буд. Ин ки аксари сулолаву давлатдориҳои фавқуззикр забони форсиро забони ягонаи давлатии худ ҳисобида, марказҳои илмиву адабии дарбор ва замони салтанати худро аз ҳисоби шоиру олимон ва ҳакимони тоҷику форсзабон зебу орои илмиву маърифатӣ медоданд, далели бебаҳс аст. Сарварии ҳамаи марказҳои илмиву адабии аксари қитъаҳои Осиёву Ҳиндустон ва қисмате аз мамлакатҳои Аврупои Шарқиро то сарҳадоти Муғулистон ва қисмате аз Чину то сарҳадоти ҷанубии Россияро тоҷикон-форсзабонони соҳибфазлу соҳибмактаб сарварӣ ва раҳнамоӣ мекарданд. Пас, беибо хулосаи таърихӣ ин аст, ки забони тоҷикӣ дар тули ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. 

Забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи садсолаҳо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфтааст. Давраи нави таърихи забони тоҷикӣ аз асрҳои VIII-IX мелодӣ оғоз ёфта, дар рушди меъёрҳои адабии ин забон нақши муҳим дорад. Дар оғози давраи мазкур забони тоҷикӣ (форсӣ ва ё форсии дарӣ) дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифта, аз он давра ба баъд ин забон дар ҳама сабкҳои адабӣ рушд ёфтааст. Забони тоҷикии форсӣ бештар аз ҳазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмию байналмилалӣ ба шумор мерафт.

Маҳз бузургии забони дар тули ҳазорсолаҳо бо вуҷуди ҳамагуна душвориву мушкилиҳо то ба имрӯз ба ҷовидон мондаамон аст, ки имрӯз моро ба таъриху фарҳанги бостонамон пайвастааст. Мероси гаронбаҳои аз давраҳои қадим, махсусан дар аҳди Ҳахоманишиниёну Сосониён ва Сомониён маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, нишонаи қадимию ҷовидонии он аст. 

Осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, ҳамчун пири ҳакимони замона- чун Рӯдакии Панҷрӯдиву Фирдавсии Тӯсӣ, Абӯалӣ ибни Синои Бухороиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯрайҳони Беруниву Бедил, Саъдиву Ҳофизи Шерозу Абдураҳмони Ҷомӣ, Шоҳини Хатлониву Аҳмади Дониш ва садҳои дигар тайи зиёда аз ҳазору сад сол ҷаҳони ботини инсониятро шаҳомати маънавӣ бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Аҳли фазлу маънии давру замон тули садсолаҳо нобиғаҳои илму маъонии миллати тоҷикро «мавлоно», «шайх», «ҳаким», «пир», «устод» ва ҳамсинони ин эътирофу эҳтиром ва фахр карда, дар пайравии осори гаронмоя ва бегазанди онҳо асарҳо офарида ва ё дар заминаи андешаҳои волои онҳо кашфиёту татқиқотҳо кардаанд.
Дар замони соҳибистиқлолии миллии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. 

Забони модариам давлати ман,

Ғуруру ифтихору қудрати ман.

Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,

Забони ман нишону миллати ман.

Тоҷу парчам дорам акнун баски соҳибдавлатам,

Бо бародарҳо баробар бахт неку миллатам.

Кам нагардад шӯьрати ман зам бигардад шӯҳратам,

Ҳарф мегӯям ба олам бо забони модариам.

Котими маҷлиси судӣ Розиқов Бобурҷон Бозорович

Leave a Reply

Your email address will not be published.