Дар ҷаҳони пуртазоду ҳассос, ки раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад, баҳсу талошҳои идеологӣ низ марҳала ба марҳала вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад.
Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд. Кулли арзишҳои моддӣ ва маънавии мо бояд ташаккул ёфта, манфиатҳои он ба таври қатъӣ аз тарафи шаҳрвандон, ҳизбҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва аққалиятҳои наҷодиву динӣ, новобаста аз арзишҳои гузаштаи таърихии худ, ба ҳисоб гирифта шаванд.
Имрӯз дар ҷомеаи мо ҳизбу ҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки мехоҳанд, тавассути бӯҳтону таъназанӣ ба мафкураи мардум таъсир расонда, сулҳу суботи кишварро халалдор созанд. Аз ҷумла, ташкилоти терористию экстремистӣ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин роҳро идома медиҳанд. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ин ташкилотҳо воқеаву рӯйдод, ҳатто паҳншавии бемории коронавирусро баҳри мақсадҳои нопоки хеш истифода мебаранд. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки касоне, ки ба нафъи мардум, хусусан, сокинони маҳаллу ноҳияи худ кори неке анҷом медиҳанд, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост. Ифротгароён зери ниқоби Ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини Исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро ба роҳи ифротгароӣ бурданӣ мешаванд. Ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври возеҳ собит месозад, ки маҳз рушди илму технологияҳои муосир асос ва шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба рушди иқтисодиву технологии кишварамон, тараққиёти илму маориф, тарбияи кадрҳо ва ҳарчи бештар ҷорӣ кардани техникаву технологияҳои муосир диққати махсус диҳем.
Сокинони кишвар, бахусус ҷавононро мебояд, ки фирефтаи ифротгароён нашаванд, зеро мақсади онон ғаразҳои нопоки хешро амалӣ ва вазъи ҷомеаро ноором намудан аст. Сокинони кишварро зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар рушди ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд.
Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад,
раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд