ТАЪМИНИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ЗАНОНУ МАРДОН ДАР САМТИ МУНОСИБАТҲОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРӢ

Posted by

ТАЪМИНИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ЗАНОНУ МАРДОН ДАР САМТИ МУНОСИБАТҲОИ

    ЗАМИНИСТИФ ОДАБАРӢ

 

Мутобиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардон ва занон баробарҳуқуқ мебошанд.

 

Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидаанд, ки занон дар Ҷомеа пешсаф бошанд.

Поймолкунии ҳуқуқи мардону занон манъ аст (м. 3, ҚҶТ “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”).

Яъне, занон новобаста аз ҷинсият дар баробари мардони заминистифодабаранда  дорои ҳамаи ҳуқуқҳои оид ба истифодаи замин, мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати аграрист ва сарфи назар аз он, ки 93% онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва заминҳои ҳамвораш кам аст, кишоварзӣ яке аз сарчашмаҳои асосии рӯзгузаронии аҳолии кишвар маҳсуб меёбад.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон мувофиқи маълумотҳои Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли 2020 – 9  миллиону 258 нафарро ташкил медод, ки аз он 6 млн. 741,7 ҳазор нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунон таъкид бояд кард, ки аз шумораи умумии аҳолии ҷумҳурӣ 4 млн. 499,3 ҳазор нафарашон занонанд.

Мусаллам аст, ки аҳолии ҷумҳурӣ сол    ба сол афзоиш меёбад ва мутаносибан, майдонҳои заминҳои кишт, баръакс, кам мегарданд. Дар чунин шароит, табиист, ки масъалаи тақсимоти баробару одилона ва дастрасӣ ба захираҳои замин, таъмини ҳуқуқи баробар ба замин, ҳам барои мардон ва ҳам барои занон ҳассосияти хоса касб мекунад.

Сатҳи музди кори занон имрӯз нисбат ба маоши мардон дар ҷумҳурӣ умуман дар хоҷагиҳои пахтакор хусусан хеле кам аст ва бар замми дигар омилҳои дар боло номбаршуда, омили коҳишдиҳандаи ҳавасмандианд. Ва дар натиҷа тибқи маълумоти Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи заноне, ки хоҷагиҳои деҳқониро сарварӣ мекунанд, 1 январи соли 2020 ҳамагӣ ба 22,1% расидааст.

Шумораи хоҷагиҳои деҳқонии амалкунанда ба 01.01. соли 2020-ум 171915  ададро ташкил намуд.  Дар соли 2019-ум 38010 хоҷагии деҳқониро занҳо роҳбарӣ карданд,  ки 22,1 фоизи шумораи умумиро ташкил менамояд. Ин шумора тамоюли афзоиш дошта, соли 2019-ум нисбат ба соли 2014-ум 2,7 баробар афзудааст. Аммо, дар шароити имрўза дар ҷумҳурӣ барои занҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус дар шуғли меҳнати музди маошаш баланд, моликият, соҳиб шудан ба қитъаи замин ва дигар маҳдудиятҳо мушоҳида мегардад.  Ғайр аз ин, ба фаъолияти занҳо дар хоҷагиҳои деҳқони проблемаҳои зерини умуми низ таъсири манфи мерасонанд, ки яке аз омилҳои боз доштани тараққиёт дар самти соҳибкори дар Нишондиҳандаҳои гендери Аз соҳаи кишоварзу мебошад:

-мунтазам болоравии нархи техника, олотҳои кишоварзӣ, сўзишворӣ ва дигар маводҳои зарурӣ;

-тараққиёти пасти шабакаи иттилоотӣ, миёнаравии муосир барои фурўши маҳсулоти кишоварзӣ;

-тараққиёти сусти механизми дастгирии молиявӣ-қарзӣ ва суғурта ба хољагиҳои деҳқонӣ;

-сатҳи пасти тахассусии мутахассисони соҳибкори деҳот. Ҳамин тавр, барои васеъ намудани имкониятҳои иқтисодӣ ва муҳaйё намудани баробарии имкониятҳои мардон ва занон нисбат ба моликияти шахсӣ бо назардошти замин зарур аст:

-баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии занҳо;

-фароҳам овардани шароити мусоид (сабук) барои гирифтани қарзҳои хурд ва имтиёзнок барои занҳо;

-тараққиёти шабакаҳои ахборотӣ – миёнаравӣ дар маҳалҳо оиди фурўши маҳсулоти истеҳсолнамудаи занҳо дар хожагиҳои оилавӣ;

-гузаронидани тадқиқотҳо ва мониторинги доими, проблемаҳо оиди нишондиҳандаҳои нобаробарии гендерӣ.

Дар мажмўаи омории мазкур нишондиҳандаҳои хожагиҳои деҳқонӣ ва фаъолияти истеҳсолии хожагиҳое, ки дар онҳо занҳо роҳбаранд, дар соли 2019 ва дар муқоиса ба солҳои 2014 – 2018 оварда шудаанд.

Занон аз сабаби мавқеи нисбатан осебпазирашон дар ҷомеаи тоҷик, дар муқоиса бо мардон басарвар ё баробарҳуқуқ будан, ба қувваи худ чандон бовар надоранд ва одатан аз имконоти нав меҳаросанд. Ҳамчунин зан, ғайр аз надоштани нерӯи кофӣ барои пешбурди дуруст ва қонунии хоҷагии кишоварзӣ нисбат ба мард, вазифаҳои иловагии рӯзғордорӣ, таваллуд, тарбияву парастории фарзандон ва дигар аъзои оиларо низ ба ӯҳда дорад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки вазифаҳои репродуктивии зан дар деҳот нисбатан афзалияти бештар доранд. Маҳз аз ин рӯ муаллифони таҳқиқот зарур донистанд, ки доираи мавзӯи омӯзишро васеъ намоянд ва онро танҳо дар робита бо дастрасии занон ба замин маҳдуд насохта, балки доир ба дигар захираҳое, ки метавонанд барои дар замин пурсамар кор кардан имкон фароҳам меоваранд, ҳамчунин имконоти меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва соҳибкории занонеро, ки дар ҷодаи истифодабарии замин кор мекунанд, густариш бидиҳанд.  Қаблан таҳқиқоти зиёде доир ба ҷанбаҳои мухталифи рушди ислоҳоти замин гузаронида шуда буданд, аммо дар маҷмӯаи мазкур кӯшиш ба харҷ додем, ки занони деҳотро бо ҳуқуқҳояшон умуман ва ба вижа дастрасияшон ба замин ошно созем. Аз ҳамин лиҳоз  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ва баробарии гендерӣ иқтибосҳо оварда шудаанд, ки ҳуқуқҳои занони деҳқонро ба замин то андозае   муайян   менамоянд.

Мо бояд барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем.

Бояд аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд.

Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад.

Дар 29 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст.

Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дар назардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем. ( Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  26   декабри соли   2019  ) .

Сидиыова  Фарангис Насруллаевна

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *