КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАШАККУЛЁБИИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ

Posted by

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАШАККУЛЁБИИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ

Ҳозирини муҳтарам, сараввал миннатдори худро ба роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили чунин ҳамоиш яъне, мизи мудаввар дар мавзўи «Конститутсия заминагузори судҳои иқтисодӣ» ба муносибати ҷашнгирии 25 солагии қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўзи кормандони мақомоти судӣ баён менамоям.

Бо дарназардошти нақши созандагии чунин санади олии ҳуқуқӣ дар таърихи сарнавиштсози миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди худи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон нисбатан ҷавон аст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат баъди барҳам хўрдани сохтори давлатии шўравӣ 9 сентябри соли 1991 ҳамчун давлати соҳибихтиёр ташкил ёфт. Заминаи сиёсӣ-ҳуқуқии ташаккулёбии марҳилаи моҳиятан ва сифатан нави рушди Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асоси ҳуқуқии чунин тағйироти куллӣ дар сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии Тоҷикистон, Конститутсияи 6 ноябри соли 1994 қабулгардида ва санадҳои ҳуқуқие мебошанд, ки дар заминаи он қабул гардидаанд, гузошта шудааст.

Мутобиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд”. Бори аввал дар сатҳи Конститутсия-қонуни Олии мамлакат низоми судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодӣ пешбинӣ гардид, ки дар баробари судҳои салоҳияти умумӣ адолати судиро ба амал мебарорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Судҳои иқтисодии Тоҷикистон аввалан тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи судҳои ҳакамӣ таъсис дода шудаанд.

Дар Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судҳои иқтисодӣ ба низоми ягонаи судии кишвар дохил карда шудаанд. Онҳо қисми таркибии низоми судии мамлакат буда, адолати судиро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ба амал мебароранд.

Судҳои иқтисодӣ бо дигар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ташкилӣ ва фаъолияти худ умумиятҳои муайян доранд, ки аз ҷиҳати ташкилӣ ин умумиятҳо чунинанд:

– ҳамаи судҳо бо тартиби муайяннамудаи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин ва интихоб карда мешаванд;

– асосҳои озод кардан ва бозхонди судяҳо якхел мебошанд;

– муҳлати ваколати тамоми судяҳо 10 сол аст.

Аз ҷиҳати асоси фаъолият бошад, умумияти онҳо чунин аст:

–        судяҳо дар фаъолияти худ ба принсипҳои якхела, ба монанди қонуният, баробарии тарафҳо ҳангоми муҳокимаи судӣ, ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат кардани судяҳо ва ба ин монанд принсипҳо такя мекунанд;

–        судяҳо мустақил буда, фаъолияти онҳо аз рӯи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳ монда шудааст ва барои ҳифзи ҳукуку озодиҳои шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолат равона гардидааст;

–        санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда бояд ҳатман иҷро карда шаванд;

–        асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судяҳо якхел мебошанд.

Судҳои иқтисодӣ аз дигар судҳо аз рӯи масъалаҳои ташкилии фаъолият ва салоҳияти худ фарқ доранд, зеро судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодиро баррасӣ менамоянд. Дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ ва салоҳияти судҳои иқтисодии сатҳи вилоят ва шаҳри Душанбе зикр шудаанд. Масъалаи он, ки судҳои иқтисодӣ ба таври мушаххас кадом парвандаҳоро баррасӣ менамоянд, дар Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муфассал зикр шудааст. Аз рӯи талаботи КМИ, судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодиеро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ бармеоянд ва дигар парвандаҳоеро, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти иқтисодии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ вобастаанд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи КМИ ва дигар қонунҳои бо ташкилот ва шаҳрвандони дигар вобастаро бо тартиби истеҳсолоти даъвогӣ баррасӣ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки судҳои иқтисодӣ аз рӯи тобеияти идоравии парвандаҳо бо дигар судҳо ягон алоқамандӣ ва вобастагӣ надоранд. Марҳилаҳои поёнии судҳои иқтисодӣ дар сатҳи вилоятӣ мебошанд ва аз ин сабаб ин судҳо дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода нашудаанд.

Доираи субъектҳои ба судҳои иқтисодӣ муроҷиаткунанда муайян аст: инҳо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон мебошанд. Дар ин маврид муроҷиати пешниҳодшаванда баҳсҳои иқтисодие мебошанд, ки мазмуни онҳоро молу мулк ё ин, ки ҳимояи ҳуқуқи амвол ё ҳимояи шараф, қадру қиммат ва некномию уҳдабароӣ ташкил медихад. Ғайр аз ин баррасии иқтисодӣ дар судҳои иқтисодӣ бо масъалаи иштирок доштан ё надоштани шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ вобастаги дорад. Қонун метавонад муайян намояд, ки шаҳрвандони бо фаъолияти соҳибкорӣ машғулнабуда низ метавонанд субъекти муроҷиати суди иқтисодӣ бошанд.

Низоми судҳои иқтисодӣ ба монанди судҳои салоҳияти умумӣ аз рӯи сохтори маъмурию ҳудудӣ ташкил карда шудааст. Низоми судҳои иқтисодӣ аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе иборат аст. Ташкил намудани дигар зинаҳои судҳо, аз ҷумла судҳои иқтисодӣ салоҳияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

То қабули Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судхои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳайати Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятӣ ва шаҳри Душанбе коллегияҳои апеллятсионй амал мекарданд. Қонунгузор минбаъд ин коллегияҳоро дар судҳои номбурда барҳам дод. Вазифаҳои суд дар моддаи 4 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд, ки онҳо бевосита ба судҳои иқтисодӣ низ дахл доранд.

Вобаста ба он, ки судҳои иқтисодӣ судҳои салоҳияти махсус мебошанд, фаъолияти онҳо бевосита аз ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифтаи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ иборат аст. Фаъолияти судҳои иқтисодӣ инчунин барои барқарор кардани қонуният ва адолат ҳангоми баррасии баҳсҳои иқтисодӣ ва таҳкими қонуният равона карда шудааст. Ғайр аз ин, судҳои мазкур дар доираи салоҳияти худ барои пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ вазифадор мебошанд.

Барои интихоб кардани номзад ба мансаби судяи Суди Олии иқгисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ талаботи муайян пешбинӣ шудаанд. Ин талабот дар қисми 1-и моддаи 85 Конститутсия, моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд. Интихоб намудани раис, муовинони раис ва судяҳои СОИ дар асоси иешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз тарафи Маҷлиси миллӣ ба амал бароварда мешавад. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.

Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркаршуда дар бораи муносиб будани номзад ба мансаби судяи СОИ хулоса медиҳад. Ҳангоми розӣ набудани номзад бо хулосаи Коллегияи тахассусӣ, ӯ ҳуқуқи ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карданро дорад. Чунин талабот дар Тоҷикистон падидаи нав буда, дар моддаи 121 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда шудааст. Бозхонди раис, муовинон ва судяҳои СОИ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллӣ анҷом дода мешавад. Ҳолатҳое, ки барои бозхонд асос мешаванд, дар моддаи 18 Қонуни конститутсионии зикргардида пешбинӣ шудаанд, ки онҳо ба тамоми судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар дахл доранд. Доираи асосҳои барои бозхонди судя муайян кардашуда маҳдуд буда, ба таври васеъ маънидод карда намешавад.

Суди Олии иқтисодӣ нисбат ба судҳои дигари иқтисодӣ вобаста ба баррасии парвандаҳо мақоми олии судӣ мебошад. Аз нуқтаи назари КМИ, Суди Олии иқтисодӣ ба фаъолияти дигар судҳои иқтисодӣ назорати судӣ мебарад ва дар доираи салоҳияташ оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад. Чунин мавқеи Суди Олии иқтисодӣ аз мазмуни талаботи моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, ва салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ қонунгузор ҳайати онро муқаррар кардааст.

Қонунгузор ҳайати Суди Олии иқтисодиро аз рӯи дараҷабандии вазифаҳои мансабӣ ва сохти таркибии ин суд, ки дороӣ салоҳияти мурофиавӣ мебошанд, пешбинӣ кардааст.

Суди Олии иқтисодӣ аз раис, муовини якум, муовинони раис ва судяҳо иборат аст, ки шумораи судяҳои ин судро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Қабл аз ин (то июни соли 2016) шумораи судяҳои ин судро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекард.

Суди Олии иқтисодӣ аз рӯи сохти таркибӣ дар ҳайати зерин амал мекунад:

–        Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–        Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–        Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Салоҳияти ташкилии ҳайати СОИ дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва салоҳияти мурофиавии ҳайати СОИ дар КМИ мавриди танзим қарор дода шудааст. Мавриди қайд аст, ки салоҳияти бо қонунгузории мазкур пешбинӣ гардидаи ҳайати СОИ ҳадди ниҳоӣ набуда, он мумкин аст инчунин бо қонунҳои дигар низ пешбинӣ карда шавад.

Дар маҷмӯъ судҳои иқтисодӣ низ дар ҷараёни сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд нақши муҳим дошта дар асоси Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ фаъолияташро ба роҳ монда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ҳамчунин вазифаи аввалиндараҷаи судҳоро, ки таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад, амали менамоянд.

Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.

Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Бори дигар ҳамаи раисаи муҳтарам, ҳамкасбон ва меҳмонони олиқадрро ба муносибати 25 солгарди Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – ин ҳуҷҷати муқаддасу таърихӣ, инчунин Рўзи кормандони мақомоти судӣ самимона табрик мегӯям.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва пирӯзу хонаобод бошед.

 

 

Раиси суди

иқтисодии вилояти Суғд                                                        Қосимзода С.О.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *