Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Қосимзода С.О. бо донишҷуёни Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон машғулияти назариявӣ амалӣ дар мавзуи ислоҳоти суди ҳукукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 гузаронид.
машғулиятро муаллими калони факултаи Ҳуқуқи тиҷоратии ДДТТ Алиматов А. оғоз карда суханро ба раиси суд Қосимзода С.О. дод. Раис дар мавзуи ислоҳоти суди ҳукукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 сухан ронда, оиди мақсад ва вазифоҳо, такмили қонунгузорӣ, такмили шароити корӣ гуфтушунид намуд. Инчунин оид ба иҷрои нақшаи ислоҳоти судӣ, ки аз 12 банд иборат аст, мафҳум ва моҳияташро ба донишҷуён фаҳмонида дод.