ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Posted by

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Руйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарьои аввалиндараҷаи жаьони муосир табдил ёфтаанд.

ТЕРРОРИЗМ- зуҳуроти таърихиест, ки дар тӯли асрҳои зиёд ба унвони як хатар ва ё фоҷеабортарин рӯйдод шинохта шудааст.

Бисёре аз муҳаққиқон терроризмро ба се давра ҷудо менамоянд.

Асрҳои миёна то аввалҳои Эҳё;

Аз давраи Эҳё то асри ХIХ.

Асри ХIХ то ба имрӯз, ки худ ба ду зергурӯҳи дигар тақсим мешавад.(аз асри ХIХ то охири асри ХХ,аз охирҳои асри ХХ то имрӯз).

Воқеан, дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI экстремизм ва терроризм яке аз падидаҳои номатлубтарин ба шумор мераванд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Маълум аст, ки экстремизм дар ҷаҳони муосир ба як ҳодисаи маъмулӣ, ки аз ҷониби ҳар гуна ҳаракатҳои динӣ, сиёсӣ, миллатгароӣ чун воситаи зeрӣ ҳал намудани як қатор масъалаҳои тезутунд мавриди истифода қарор гирифтааст. Динро бошад барои амали шудани ҳадафҳои uаразонаи худ ҳамчун аслиҳаи бурро истифода мебаранд.

Вале ин зуҳуроти зишти таърихӣ аз қадимулайём дар ҷомеаи инсонӣ ҳамрадифи низоъ, ҷангҳо ва муносибатҳои инсонӣ қарор дошта аст. Дар кишварҳои шарқӣ ин падидаи номатлубро бештар ба роҳбаладии Ҳасани Сабоҳ дар замони Салчуқиҳо (асри ХI) ба қалъаи Аламути Эрон  вобаста медонанд. Аввалин ҳадафи террори онҳо куштори муаззин Соваҷӣ дар Исфаҳон буд. Маскани асосии онҳо дар Эрон буд. Ва онҳо аз Сурия то Ливия одамони давлатдор ва пешвоёнро сӯиқасд мекарданд.Инчунин онҳо дар куштори Ғолиб Арпасалон, Хоҷа Низомулмулк, Кант Раймонди 2 ва Марк Конрада короли Эрусалим даст доштанд.(1-299).

Бояд тазаккур дод, ки ин хел тақсимбандиҳо дар миёни таҳлилгарон хеле зиёд ба назар мерасанд. Аммо амалҳои террористию Экстремистӣ метавонанд вобаста ба замон ва мавқеъи содиршавӣашон  характерҳои гуногун дошта бошанд. Аз қабили авбошӣ, таҳдид, сӯйқасд, ҳуҷуми зеҳнӣ, зери ниқоби ислом анҷом додани таркишҳо дар ибодатгоҳо, боистифода аз аҳкомҳои шариат вайрон кардани идеологияи ҷавонон, дар зеҳну тафаккури ҷавонон ҷой намудани  идеологияи динию эктремистӣ, бегонапарастӣ, ҷиҳод, террор ва ғайра.

Пӯшида нест, ки гуруҳҳои террористӣ нисбат ба дигар одамон бештар аз сомонаҳои иттилоотӣ истифода менамоянд. Маҳз бо ҳамин восита ҷавонони бисёреро гумроҳ сохта ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстремистӣ дошта ҳамроҳ менамоянд.

Аксар вақт бисёре аз одамон тағйирёбии сиёсатро нисбати дину мазҳабҳо  яке аз сабабҳои сар задани амалҳои террористӣ медонанд ва баъзан онро ҳамчун аксуламал низ мешиносанд. Яке аз тадқиқотчиён Термин М.П. қайд менамояд, ки камбизоатӣ, камбағалӣ, беадолатӣ ва зулм ҳамаи ин асос барои сафедкунии амалҳои террористӣ мебошанд, аммо инҳо рамзҳое ҳастанд, ки террористон хеле моҳирона онҳоро аз худ менамоянд ва мардумон баъзан ба онҳо бо назари хайрхоҳона низ нигоҳ менамоянд. Аммо бояд донист, ки дар ин ҷо ягон вобастагӣ нест. (2 -76) Вале террор дар кадом шакле, ки набошад муқобили ҷони инсон аст ва ҳамеша бояд маҳкум карда шавад.

Воқеан аз рeи масъалаи дин ва  сиёсат як қатор асарҳои илмии сиёсатшиносони тоҷик чун Г.Н. Зокиров, А. Маҳмадов, А. Муҳаббатов, С. Шарифов. Ятимов С. ва дигарон  ба табъ  расидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мафҳуми «экстремизм» ва «терроризм» то имрeз фаҳмиши ягонаи умумӣ надоранд. Масалан Г.Н. Зокиров ин истилоҳро чунин маънидод кардааст: «Экстремизм (лот.eksқemus) – охирин, канора)-фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷeӣ, зeригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагӣ, муросокорӣ, расмӣ ва қонунии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла зиддиятҳои байналмилалӣ кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал месозад».  Бояд гуфт, ки дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ ва ҷаҳонӣ ҳамчун шакли қатъӣ, оштинопазирӣ зоҳир шудани экстремизм баррасӣ шудааст.

Мафҳуми терроризмро донишмандон ба навъу шаклҳои мухталиф баён намудаанд. Терроризм ин падидаи номатлуби иҷтимоию сиёсиест, ки заминаҳои онро зиддиятҳои иҷтимой ташкил менамоянд ва характери динию экстремистӣ доранд.  Дар он усул ва шаклҳои маҷбурнамой мавриди истифода қарор мегиранд.

Таҳлили этимологии вожаи «терроризм» нишон медиҳад, ки ин калима аз ҷиҳати пайдоиш лотинӣ буда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» мебошад. Амали террористиро бошад ташкилоту гурeҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ мекунанд.

Дар замони муосир хатари ҷиддӣ  барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва  амнияти миллии ин ё он давлат, тақсимнопазирии ҳудуд, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон зоҳиршавии экстремизм дар ин ё он шакл таҳдид мекунад. Махсусан экстремизм он вақт хавфнок аст, ки бо таҳти шиори динӣ баромад мекунад. Ин ба пайдошавӣ ва авҷ гирифтани низоъҳои байни этникӣ ва  байни мазҳабҳо оварда мерасонад.

Мақсади асосии экстремизми динӣ ин эътирофи дини худ ҳамчун дини беҳтарин  ва саркeб кардани  мазҳабҳои дигари динӣ, маҷбурсозии онҳо ба системаи эътиқоди дини худ мебошад. Аз ҳама экстремистони ашаддӣ барпо кардани давлати алоҳидаро мақсади худ мегузоранд, ки меъёрҳои ҳуқуқии он бо меъёрҳои динӣ барои ҳамаи аҳолӣ иваз мешаванд. Экстремизми динӣ бисёр вақт бо фундаментализми динӣ алоқаманд аст, ки моҳияти он дар кeшиши аз нав бавуҷудоварии асосҳои тамаддуни «худ», тоза намудани он аз навовариҳои бегона ва баргардонидани «симои ҳақиқӣ» иборат аст.

Солҳои охир ба таври васеъ чунин падидаҳои  экстремистӣ паҳн гаштаистодаанд. Экстремизми дар соҳаи сиёсат зоҳир мешударо экстремизми сиёсӣ ва экстремизме, ки дар соҳаи дин зоҳир мешавад, экстремизми динӣ меноманд.

Экстремизми динӣ-сиёсӣ ин фаъолияти тундгароёна ва ё пинҳонӣ, ки бо роҳи зeрӣ  ба дигар кардани сохти давлат ё ба зeрӣ ба даст овардани ҳокимият бе эътинои зоҳир  кардан ба истиқлолият ва давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва адоват равона карда шудааст. Чун экстремизми динӣ-сиёсӣ як намуди экстремизми сиёсӣ мебошад, бо аломатҳои хоси худ аз дигар намудҳои экстремизм фарқ мекунад.

Экстремизми динӣ-сиёсӣ имконияти бурдани гуфтушунидҳо, гузашт карданҳо, алалхусус роҳҳои консенсусии (созиш) ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ-сиёсиро рад мекунад. Ҷонибдорони экстремизми динӣ-сиёсӣ бо бетаҳаммулии оштинопазир нисбат ба ҳама, ки ақидаҳои сиёсии онҳоро ҷонибдорӣ намекунанд, ҳатто ҳаммазҳаби худро, фарқ мекунанд. Барои онҳо ҳеҷ як «қоидаи бозии сиёсӣ», сарҳади иҷозат додашуда ва иҷозат надодашуда вуҷуд надорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷараёнҳои гуногуни динӣ аз қабили ҷараёни исломии тундрави «{изб-ут-таҳрир –ал-исломӣ», «Салафия», «Таблиuот» ба тариқи пинҳонӣ амал мекунанд, ки пайравони ин ҷараён ҳомиёни исломиёни фундаменталистӣ мебошанд.  Бе шубҳа  ба вуҷуд омадани чунин ҷараёнҳои тундрави динӣ, аз рeйи моҳияташон пурра характери экстремистӣ ва терористӣ доранд, ки ин барои ҷомеа хавфнок мебошад.  Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи  чунин падидаҳои номатлуб дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ин дараҷаи пасти сатҳи фарҳанги динии аҳолӣ, бекории аҳолӣ, ноустувории идеологияи давлатӣ, манфиатҳои геополитикии давлатҳои абадқудрат,  буҳрони маънавӣ ва иделогӣ, ки ба фазои холигӣ оварда мерасонад, ки ба пайдоиши гурeҳҳои тундрави динӣ- сиёсӣ ва экстремистӣ –терористӣ оварда мерасонад.

Ҳарчанд, ки дар минтақаи Осиёи марказӣ фаъолиятҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Узбекистон», ҷарраёни «Асоруллоҳ» ва ғайраҳо барвақттар ворид гардида буданд. Аммо аз соли 2006 инҷониб бо Қарори Суди Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ташкилотҳои гуногуни ифротӣ, аз қабили «Ал-Қоида»,»Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», (Ҳаракати исломии Узбекистон), »Толибон», «Бародарони муслимин», »Ташкилоти лашкари Тайиба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти Таблиғот», ташкилоти миссионерии динии «Созмони таблиғот» «Тоҷикистони озод», ва »Ҳаракати Салафия»  Ҳамчун ташкилотҳои террористӣ шинохта шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки

аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, ҳадафи он қарор гирифтани беш аз 100 кишвари олам, амалҳои харобиовар, қурбон гаштани ҳазор ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ ба мамлакатҳои ҷангзада, изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо дарназардошти ин воқеияти рӯз, мо бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ, тавассути қабули тадбирҳои муштарак чораандешӣ намоем.

Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб танҳо вазифаи давлат набуда дар ин самт ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла, оила, мактаб, макотибҳои олӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  низ уҳдадоранд, ки бар зиддӣ ин амалҳои номатлуб  мубориза баранд. Барои  мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб шаҳрвандон бояд, ки фаъолияти дастаҷамъона, марифати ҳуқуқию зиракии сиёсӣ,  ҳисси баланди ватандeстӣ ва хештаншиносӣ  дошта бошанд.

 

Судяи суди иқтисодии вилояти Суғд

Ҷамшед Носирӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *