Маҷлис бо иштироки роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

 Санаи 03 майи соли 2019 дар иштироки муовини аввали Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодирзода А. ва Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Ҷ. ҷаласаи васеи судяҳо ва командони дастгоҳи суди иқтисодии вилояти Суғд доир гардид.

Қодирзода А. дар ҷаласа доир ба дастгирии адолати судӣ ва расонидани ёрии аввалияи хукукӣ сухан намуданд. Дар идомаи ҷаласаи доир ба масъалаҳои истифодаи бамавриди меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабули аризаҳои даъъвогӣ, беҳаракат мононидан, баргардонидан ва рад дар қабули чунин аризаҳо маслиҳатҳои муфид дода шуда, доир ба татбиқи дурусти моддаи 104  ва моддаҳои дигари Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат гузаронида шуд. Дар хусуси зиёд намудани маҷлисҳои сайёри судӣ, баровардани таъинотҳои хусусӣ, назорат аз болои иҷрои санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи судӣ ва дар ҳамин замина ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ҷаласа Қаҳҳорзода Ҷ. доир ба интизоми меҳнатӣ ва хизмати давлатӣ сухан намуда, оиди ҷалби васеи кормандони дастгоҳи суд ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вохуриҳо, чопи мақолаҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ, иштирок дар барномаҳои садо ва симо изҳори назар намуданд.

Ба шӯъбаи коргузорӣ ва назорати суди иқтисодӣ супориш дода шуд, ки ҳисоботи моҳонаи фаъолият на дертар аз санаи якуми моҳи баъди ҳисоботи моҳонаи фаъолият на дертар аз санаи якуми моҳи баъди ҳисоботӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *