Баромад вобаста ба аҳамияти қабул наудани таъиноти хусусӣ

Posted by

 Мувофиқи Қонуни ЧТ аз 30.05.17с. таҳти №1420 ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ЧТ тағийротуиловахо ворид карда шуда, иловатан моддаи 1861институти таъиноти хусусӣ ворид карда шудааст.

Институти иловатан муқарраршуда институти кўҳнабуда, дар Кодекси мурофиавии хоҷагидории ЧТ қаблан пешбинӣ шуда буд.

Як давра қонунгузор ин институтро аз кодекси мазкур хориҷ намуда, аммо пас аз гузаштани муддати тулонӣ боз ба хулоса омадааст, ки чунин муқаррарот барои бартараф намудани қонунвайронкунӣ зарур буда, боз онро ворид намудааст.

Зарурияти институти мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар рафти баррасии парванда дар суди иқтисодӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо ўҳдадоранд дар мўҳлати як моҳдоир ба ин масъала ва аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.

Бояд дар назардошт, ки аз таҷрибаи судӣ маълум карда шуд, ки ҳангоми баррасии парванда дар суди иқтисодӣ, аксарият дар парвандаҳои оиди мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёри ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амал (беамалии) мақомотҳо, шахсони мансабдор, қонун вайронкуниҳо дар соҳаизамин, қабули санадҳои ғайримеъёрӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳуқуқ муайянкунанда ва ғайра дида мешуд. Аммо то қабул намудани институти мазкур, суди иқтисодӣ танҳо ин вайрон куниҳоро бо қабули санади судӣ бартараф намуда, маҳдуд мешуд. Пас аз қабул намудани институти мазкур, ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонун вайронкуни дар рафти баррасии парванда дар суди иқтисодӣ, суди иқтисодӣ доирба ин ҳолат таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор барои андешидани тадбирҳо ирсол менамояд.

Таъиноти хусуси ва конун вайронкуниҳои дар он дарҷ гардида дар ташкилотҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, шахсони мансабдор ҳуқуқдоранд, ки нисбати шахсони алоҳида чораҳои интизомиро мувофиқи талаботи қонунгузорӣ нисбати қонунвайронкунанда андешанд.

Пас аз андешидани тадбирҳо, шахсоне, ки санади судӣ ба зиммаи онҳо вогузор карда шудааст, ўҳдадоранд дар мўҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд,ки ин маълумот ба маводҳои парванда замима карда мешаванд.

Дар моддаи мазкур низ институти дигар ҳаммуқаррар карда шуда, он аз таъиноти хусуси фарқият дорад, яъне агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа, шахси мансабдор ё дигар шахс аломати ҷиноятро ошкор намояд, маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷинояти нисбат ба қонун вайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд.

Қайд намудан ба мавридаст, ки қисми 3 моддаи 186 1 ба тарафҳо ҳуқуқи мавриди баҳс қарор додани таъиноти хусусиро вогузор намудааст, яъне агар шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабул гардида бо он рози набошад, он метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд. Аммо қобили зикр мебошад, ки ин муқаррарот навбуда, тартиби пешниҳоди шикояти хусусӣ, марҳилаи он, тартиби баррасии он дар Кодекси мурофиавии иқтисодии ЧТ муқаррар карда нашудааст.

Котиби маҷлиси судӣ Сайдуллоӣ П.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *