«ФАРМОН»- Институти нав, ки дар Кодекси мурофиавии иќтисодии Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст.

Posted by

«ФАРМОН» Институти нав, ки дар Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борар ворид намудани тағйироту иловахо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ» тахти №1560 дар таърихи 02.01.2019 сол ба Кодекси мазкур боби 121 ворид карда шуда, истехсолоти фармони муқаррар карда шудааст.

Қобили зикр мебошад, ки мувофиқи муқаррароти моддаи 15 Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, суди иқтисоди санадхои судиро дар шакли фармон, халнома, қарор ва таъинот қабул менамояд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ворид намудани тағйирот ва барраси намудани парванда дар асоси истехсолоти фармони, ин дар Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ институти нав буда, қабул намудани чунин муқаррарот аз чониби қонунгузор бахри зудтар хал намудани бахсхои иқтисоди, мусоидат намудан ба тањкими қонуният ва пешгирии хуқуқвайронкуни дар сохаи фаъолияти сохибкори ва дигар фаъолияти иқтисоди ва ташаккул додани муносибати эњтиромона ба қонун ва барқарор намудани хуқуқ ва манфиатхои вайронгардида, амали карда шудааст.

Мавхуми фармон,

ФАРМОН – санади судие, ки суди мархилаи якум дар асоси ариза оид ба рўёнидани маблағи пули ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор мутобиқи талаботи пешбининамудаи моддаи 1232 Кодекси мазкур қабул карда мешавад.

Моддаи 1231 Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ пешбини намудааст, ки суди мархилаи якум дар асоси ариза оид ба рўёнидани маблағхои пули ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор тибқи талаботи пешбининамудаи моддаи 1232 Кодекси мазкур фармон қабул менамояд.

Хамзамон дар Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ муқаррарот оид ба талаботе, ки дар асоси онхо фармон қабул карда мешавад, пешбини карда шудааст:

мувофиқи муқаррароти моддаи 123(2) Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, фармон дар холатхои зерин қабул карда мешавад, агар талабот:

– ба ахдхои ба таври нотариали тасдиқгардида асос ёфта бошад;

– ба ахди дар шакли оддии хаттї басташуда асос ёфта бошад;

– ба эътирози содирнамудаи нотариус нисбат ба вексел оид ба напардохтан, аксепт ва санагузори нашудани аксепт асос ёфта бошад;

– дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқул, ки ба ў ба сифати таъмини ичрои ўхдадорихо пешниход шудааст, арз шуда бошад.

Дар ин маврид қайд намудан зарур аст, ки дар моддаи мазкур қонунгузор пешбини намудааст, ки фармон танхо дар холати арзи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ба ў ба сифати таъмини ичрои ўхдадорихо пешниход шудааст, қабул карда мешавад, на он, ки вобаста ба молу мулки ғайриманқул, ки ба ин холат бояд дар вақти қабул намудани ариза ахамияти чиддї дода шавад.

Пешниходи ариза дар бораи қабули фармон:

Мувофиқи муқаррароти моддаи 123(3) Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, ариза дар бораи қабули фармон тибқи қоидахои умумии тобеияти судии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд пешниход карда мешавад.

Барои пешниходи ариза дар бораи қабули фармон тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи бочи давлати» дар хачми панчох фоизи андозае, ки барои аризаи даъвоги дар қонун пешбини шудааст, бочи давлати муқаррар карда мешавад.

Шакл ва мазмуни ариза дар бораи қабули фармон:

Дар вақти пешниход намудани ариза дар бораи қабули фармон, дар назар бояд дошт, ки тибқи талаботи моддаи 123(4) Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, ариза дар шакли хатти ба суд пешниход карда мешавад.

Дар ариза бояд маълумоти зерин зикр гардад:

– номи суде, ки ба он ариза пешниход мешавад;

– ном (насаб, ном ва номи падар), махалли истиқомат ё махалли чойгиршавии кредитор;

– ном (насаб, ном ва номи падар), махалли истиқомат ё махалли чойгиршавии қарздор;

– талаботи кредитор ва холатхое, ки талабот ба онхо асос ёфтааст;

– хуччатхои тасдиқкунандаи асоснокии талаботи кредитор;

– номгўи хуччатхои ба ариза замимашуда.

Хамзамон хангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатхои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои хаммонандкунии он кофи мебошад ва арзиши он бояд зикр гардад.

Албата аризаро кредитор ё намояндаи ў, ки дорои ваколати дахлдор мебошад, имзо мегузорад ва ба аризаи пешниходнамудаи намоянда бояд хуччати тасдиқкунандаи ваколати ў бояд замима гардад.

Инчунин қонунгузор асосхо барои рад намудани қабул ва баргардонидани ариза дар бораи қабули фармонро пешбини намуда, ба судя хуқуқ додааст, ки мутобиқи асосњои пешбининамудаи моддахои 1261 ва 128 Кодекси мазкур метавонад аризаро баргардонад ё қабули онро рад намояд.

Ариза дар бораи қабули фармон метавонад дар холатхои зерин рад карда шавад, агар:

– талабе пешниход шуда бошад, ки моддаи 1232 Кодекси мазкур пешбини накарда бошад;

– махалли истиқомат ё махалли чойгиршавии қарздор берун аз худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

– хуччатхои тасдиқкунандаи талаби пешниходшуда пешниход нагардида бошанд;

– аз ариза ва хуччатхои пешниходшуда муайян гардад, ки оид ба хуқуқ бахс мавчуд аст.

Хамзамон дар вақти қабул намудани тағйироту иловахо, қонунгузор институти бехаракат монондани ариза дар бораи қабули фармонро муқаррар намуда,

Ба судя хуқуқ додааст, ки агар муайян намояд, ки ариза ба суд бе риояи талаботи қисми 2 моддаи 123(3) ва моддаи 123(4) Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ пешниход шуда бошад, дар хусуси бехаракат монондани ариза таъинот қабул намояд.

Тартиби қабули фармон:

Фармон оид ба мохияти талаботи пешниходшуда дар мўхлати се рўз аз рўзи воридшавии ариза ба суд, қабул карда мешавад.

Агар ариза бехаркат гузошта шуда бошад, дар ин маврид фармон пас аз ислохи норасоихо дар хамин мўхлат қабул карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки фармон бе мухокимаи суди ва бе даъвати тарафхо қабул карда мешавад.

Огох намудани қарздор дар хусуси қабули фармон:

– мувофиқи талаботи моддаи 123(9) Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, фармон аз чониби судя на дертар аз як рўз пас аз қабул кардани он ба қарздор фиристонида шуда, қарздор хуқуқ дорад дар мўхлати дах рўз аз рўзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хатти ба суди фармонро қабулкарда пешниход кунад.

Аз рўи фармонхо дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки хамчун таъмини ичрои ўхдадорихо ба ў дода шудааст, судя на дертар аз як рўз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои ичро мефиристад.

Дар навбати худ қарздор хуқуқ дорад дар мўхлати дах рўз пас аз гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди бахс қарор додани рўёнидан мурочиат намояд.

Хангоми дар мўхлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди бахс қарор додани рўёнидан мурочиат накардани қарздор, фармон дар бораи рўёнидани молу мулки манқуле, ки хамчун таъмини ичрои ўхдадорихо ба ў дода шудааст, мавриди ичрои фаври қарор мегирад.

Институти бекор кардани фармон:

– мувофиқи муқаррароти моддаи 123(10) Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, агар қарздор дар мўхлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 1239 Кодекси мазкур норозиги оид ба фармон пешниход намояд, судя фармонро бо қабули таъиноти худ бекор намуда, ба ситонанда ё кредитор тавзех медихад, ки талаботи пешниходшуда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи даъвоги пешниход карда гардад ва нусхаи таъинот оид ба бекор кардани фармон дар мўхлати на дертар аз се рўзи баъди қабули он ба тарафхо фиристода мешавад.

Инчунин фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки хамчун таъмини ичрои ўхдадорихо ба ў дода шудааст, танхо дар асоси мурочиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди бахс қарор додани рўёнидан бекор карда мешавад.

Агар дар мўхлати муқарраргардида аз чониби қарздор ба суд норозиги ворид нагардад, фармон ба ситонанда ё кредитор чихати пешниход барои ичро супорида мешавад.

Хангоми аз қарздор ба манфиати бучети дахлдор бочи давлати рўёнида шавад, дар асоси фармон варақаи ичро дода мешавад, ки он бо мўхри нишондори суд тасдиқ гардида, аз тарафи суд барои ичро дар хамин қисм ба хадамоти ичро супорида мешавад.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ф.Х. Хочазода

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *