БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА СИТОНИДАНИ ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ ВА МУҶОЗОТ (САНКСИЯ)»

Posted by

Тартиб ва мӯҳлати баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтщои ҳатмӣва муҷозот (санксия) дар боби 23 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шуда, аз тарафи суди иқтисодӣаз рӯи қоидаҳои умумии истеҳсолоти даъвогӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣкардааст, бо хусусиятҳои муқарраркардаи боби мазкур дида баромада мешаванд.

Дар ин маврид бояд ба назар гирифта шавад, ки мувофиқи муқаррароти моддаи 2 Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣба буҷет» пардохтҳои ҳатмӣин маблағҳои андоз, боҷи давлатӣ, боҷи гумрукӣва дигар пардохтҳои гумрукӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣба буҷет ва фонд-ҳои ғайрибуҷетӣдохилшаванда буда, дар ҳаҷм ва бо тартибе пардохт карда мешавад, ки қонунгузорӣва кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Муҷозот – маблағе, ки бинобар иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмӣаз ҷониби мақомоти ваколатдор нисбати супоранда мувофиқи қонунҳои соҳавӣва бо тартиб ва андозаи дар онҳо муқарраршуда татбиқ карда мешаванд.

Супорандагон – шахсони воқеӣва ҳуқуқие, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи Қонун ӯҳдадорӣоид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣба буҷет гузошта шудааст.

Мақоми ваколатдори давлатӣ– мақоми иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати андозро аз рӯи иҷрои дигар ӯҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣба буҷет таъмин менамояд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Мақомоти ваколатдор – мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобкунӣва (ё) ҷамъоварии дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет анҷом медиҳанд.
Дар назар бояд дошт, ки парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) дар суди иқтисодӣвобаста ба фаъолияти соҳибкорӣва иқтисоди дахл дошта, баррасӣкарда мешаванд.
Бинобар ин дар ин маврид бояд муқарраротҳои КМИ ҶТ ва Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии ҶТ «Дар бораи тобеъияти идоравии баҳсҳо ба судҳои иқтисодӣ» татбиқ карда шаванд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 4 ва 192 КМИ ҶТ ба назар гирифта шавад, ки баррасии парвандаҳо оиди ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) дар асоси ариза оғоз карда мешавад, ки шакл ва мазмуни он дар моддаи 194 КМИ ҶТ муқаррар гардида, аз шакл ва маз-муни аризаи даъвогӣ(мод. 124, 125 КМИ ҶТ) фарқ менамояд.
Баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) дар асоси аризаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақо-моти дигар, ки вазифаи назоратро ба амал мебароранд (мод. 51, 52 КМИ ҶТ, мод. 74 КА ҶТ ва ғайра), бо талаботҳо оид ба маҷбуран ситонидан аз шахсоне, ки аз пардохтҳои ҳатмӣ, маблағи пулӣба ҳисоби пардохт ва муҷозот қарздоранд, аз тарафи суди иқтисодӣбо назардошти моддаи 126 КМИ ҶТ бояд оғоз карда шавад.
Бинобар ин, ки дар боби 23 КМИ ҶТ институти рад намудани қабули аризаи даъвогӣ, беҳаракат мондани он, баргардонидан (мод. 1261, 127, 128 КМИ ҶТ) пешбинӣнашудааст, аммо тибқи талаботи моддаи 192 КМИ ҶТ парвандаҳо бо тартиби истеҳсолоти умумии даъвогӣбаррасӣкарда мешаванд, судҳо бо истифодаи қиёси қонун, дар вақти ҳал намуда-ни масъалаи қабули ариза, метавонанд дар ҳолати мавҷуд будани асос-ҳои дар моддаҳои 1261, 127, 128 КМИ ҶТ муқарраршуда қабули аризаро рад намоянд, беҳаракат мононанд ва баргардонанд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 193 КМИ ҶТ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар, ки тибқи қонун ваколати назоратро доро мебошанд (минбаъд мақомоти назоратӣ), метавонанд ба суди иқтисодӣбо ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) аз шахсоне, ки фаъолияти соҳибкорӣва дигар фаъолияти иқтисодиро ба амал мебароранд, муроҷиат намоянд, агар дар қонун тартиби дигари ситонидани онҳо пешбинӣнашуда бошад. (аз ҷониби мақомоти дахлдор тибқи қонунҳои соҳавӣ)

Бинобар ин ба судҳо зарур аст, ки дар вақти қабули ариза ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ, мавҷудияти ваколати муроҷиаткунанда (мақомоти назоратӣ), асосҳои (ҳисобӣ) ариза оиди ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия), субъекти ариза, вобастагии аризаи пешниҳодшуда ба фаъолияти соҳибкорӣва дигар фаъолияти иқтисодӣва пешбини шудани тартиби дигари ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот дар қонунҳои соҳавиро санҷад.

Ариза оиди ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) ба суди иқтисодӣдар сурати иҷро нашудани талаби аризадиҳанда оид ба ситонидани маблағи пулӣба таври ихтиёрӣва гузаштани мӯҳлати пардохт пешниҳод карда мешавад. (масъалан: ӯҳдадории иҷронашудаи дар мод. 58 КА ҶТ, 392 Кодекси гумруки ҶТ ва тибқи қ. 2 мод. 4 Қонуни ҶТ “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣба буҷет” маблағи пардохтӣбарои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он).

Қобили зикр аст, ки пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот вобаста ба парвандаҳо оиди ҳифзи муҳити зист бо меъёрҳои санадҳои зерқонунӣ Дастурамалҳо, қоидаҳо ва ғайра (РД-01-93) ҳисобӣкарда шуда, ҳамзамон ҳисобии маблағҳои муҷозотӣ бо фоиз (5%) муқаррар карда шудаанд.

Дар назар бояд дошт, ки тартиби таъмини пардохти пардохтҳои ҳатмӣ, талаб намудан ва мӯҳлати пардохти он, ситонидани он вобаста ба андоз (фоиз) дар моддаи 72-74 КА ҶТ, вобаста ба боҷу хироҷи гумрукӣ(фоиз) дар моддаи 392 Кодекси гумрукӣҶТ пешбинӣкарда шудаанд.

Аз ҳамин лиҳоз ба судя зарур аст, ки дар вақти қабули ариза масъалаи талаб намудани супоридани маблағҳои ҳисобшуда, мӯҳлати талаб-нома ва пардохти он дар қонунҳои соҳавӣмуқарраршуда, мавҷудияти қарорҳои ғайримеъёрии мақомотҳои назоратиро санҷад.

Масъалан, мувофиқи муқаррароти қ. 1 мод. 72-и КА ҶТ таъминоти иҷрои ӯҳдадориҳои андози дар мӯҳлати муқарраршуда иҷронакардаи андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз амали карда мешавад.

Аммо дар қисми 2 моддаи мазкур ду тартиб муқаррар карда шудаанд, яъне, чораҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қ. 1 моддаи 72 КА ҶТ бевосита аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби ғайрисудӣнисбат ба он қарзҳои андозе, ки андозсупоранда эътироф кардааст ва бо тартиби судӣнисбат ба қарзҳои андозе, ки дар сархати якуми ҳамин қисм нишон дода нашудаанд.

Бинобар ин агар дар рафти қабул маълум гардад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор тартиби пеш аз судӣриоя карда нашудааст, ариза бояд тибқи талаботи моддаи 128 КМИ ҶТ баргардонида шавад.

Қобили зикр аст, ки агар дар рафти омӯзиши ариза оид ба пардохтҳои ҳатмӣ(муҷозот) маълум гардад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор алакай то муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣчораҳои зарурӣандешида шуда, оид ба пардохт намудани маблағи ҳисобишуда қарори дахлдор қабул карда шуда бошад (характери ӯҳдадоркунанда), дар ин маврид зарурияти баррасӣнамудани парванда дар суди иқтисодӣва такроран қабул намудани санади судии (характери ӯҳдадоркунанда) нест. Дар ин ҳолат таъмини иҷроиши қарорҳои мақомотҳои назоратӣтибқи қонунҳои соҳа-вии амалкунанда таъмин карда мешаванд ва ба судҳои иқтисодӣзарур аст, ки бо истифодаи қиёси қонун аризаи даъвогиро бинобар қобили баррасӣнабудан дар суди иқтисодӣ(пас аз қабули қарор) тибқи талаботи моддаи 128 КМИ ҶТ баргардонанд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 194 КМИ ҶТ, ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) бояд бо талаботи пешбининамудаи қисми 1,сархатҳои якум, дуюм ва даҳуми қисми 2, қисми 4 мод-даи 124 КМИ ҶТ мувофиқат намояд.
Яъне, ариза ба суди иқтисодӣбояд дар шакли хаттӣпешниҳод гар-дида, он аз ҷониби намояндаи ваколатдори мақомоти дахлдор ба имзо расонида шавад. Бинобар ин, ки дар ин маврид субъекти ариза мақомоти давлатӣбаромад менамояд, ариза бояд аз ҷониби шахси якум имзо гардад, лекин дар моддаи 72 КА ҶТ инчунин муовини якум пешбинӣкарда шудааст.
Аризае, ки бо дарҷи хаттак бар ивази шахси масъул ба имзо расонида шудааст, қобили қабул дониста намешавад. Дар ҳолате, ки агар шахси якуми мақомоти ваколатдор дар сафари хизмати қарор дорад ё ҳолатҳое ба вуҷуд омадаанд, ки имзо намудани ариза аз ҷониби ӯ ғайри-имкон аст, ба мақомот зарур аст, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба вако-латдор будани шахси имзокардаро ба суди иқтисодӣпешниҳод намояд.
Ариза ба суди иқтисодии дахлдор аз рӯи тобеъият пешниҳод гардида, дар он номи мақомоти давлатӣ, ҷойгиршавии суроғаи он бояд дарҷ карда шавад.
Субъектони аризаи мазкур аризадиҳанда (мақомоти дахлдор) ва шахсе, ки нисбати он талабот арз карда шудааст (ҷавобгар), дониста мешаванд.
Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 194 КМИ ҶТ дар назар бояд дошт, ки дар ариза бояд талаботи номгӯи пардохте, ки бояд ситонида шавад (маблағи андозҳо, боҷу хироҷи гумрукӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот), андоза ва ҳисоби маблағи он (мувофиқи қонунҳои соҳавӣё санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣва зерқонунӣ), меъёрҳои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки пардохтро пешбинӣкардаанд (иқтибос аз қонунҳо бо дарҷи меъёри моддӣ), маълумот оид ба ирсол намудани талабот вобаста ба ихтиёран пардохт кардани маблағ, дарҷ карда шавад.
Қобили зикр аст, ки агар дар ариза риоя талаботи пеш аз судӣдарҷ гардида, ҳуҷҷати дахлдор замима нашавад, он гоҳ ариза бояд бо истифодаи меъёрӣмурофиавии 127 КМИ ҶТ беҳаракат мононда шавад ва агар талаботи пеш аз судӣумуман риоя нашуда бошад, он гоҳ бояд бо даст-расии моддаи 128 КМИ ҶТ баргардонида шавад.

Мувофиқи муқаррароти қисми 3 моддаи 194 КМИ ҶТ ба ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) огоҳинома дар бораи супоридан ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда равон карда шудаи нусхаҳои ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагашта бояд замима карда шаванд. (мод. 124 КМИ ҶТ)

Инчунин ба ариза бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани боҷи давлатӣбо тартиб ва андозаи муқарраршуда замима шавад. Яъне дар назар бояд дошт, ки дар ин маврид амал мекунанд мод. 102 КМИ ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣба буҷет». (тартиб ва андозаи пардохти боҷи давлатӣ, маблағи пардохти ҳатмӣба буҷе-ти дахлдор ва имтиёз)

Масъалан: мувофиқи муқаррароти қ. 3 мод. 4 Қонуни ҶТ «Дар бо-раи боҷи давлатӣ», аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣба андозаи аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ- 2% аз нархи даъво ситонида ме-шавад.

Аммо дар қисми 2 мод. 5 Қонуни мазкур як қатор субъектон муқаррар карда шудаанд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисо-ди (пешниҳоди ариза) аз пардохти боҷи давлати озод карда мешаванд.

Аз он ҷумла, прокурор, мақомоти ҳокимияти давлати ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун танҳо дар ҳолате, ки барои ҳифзи манфиати давлати ва ҷамъияти муроҷиат мекунанд.

Дар назар бояд дошт, ки агар субъектони мазкур бо ариза (даъво) ба манфиати мақомоти мазкур муроҷиат намуда, маблағи талабшаванда ба фоидаи онҳо арз карда шавад, он гоҳ институти имтиёз ба боҷи давлатӣтатбиқ намегардад ва бояд аз ҷониби онҳо ба фоидаи буҷаи давлатӣпардохт карда шавад. (беҳаркат мод. 127 КМИ ҶТ)

Мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот, ки ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад мекунанд аз рӯи даъвоҳои ситондани андозҳо рӯёнидани кредитҳои давлати ва дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷети дахлдор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор аз пардохти боҷи давалтӣозод мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақо-моти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор баро-варда нашудааст.

Инчунин дар вақти пешниҳоди ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот аз ҷониби мақомоти ваколатдор бояд ба суди иқтисодӣҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пешниҳоди талабот вобаста ба ихтиёран супоридани маблағ ба ҷавобгар фиристода шуда буд, ҳамроҳ карда шавад.
Қайд намудан зарур аст, ки чунин ҳуҷҷатҳо (талабнома ва огоҳно-ма) бо шакл ва мазмуни онҳо дар мод. 394 Кодекси гумруки ҶТ ва қ. 3 мод. 72 КА ҶТ пешбинӣкарда шудаанд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 195 КМИ ҶТ тартиби баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтпулиҳои ҳатмӣва муҷозот (санк-сия) пешбинӣкарда шуда, қобили зикр аст, ки чунин парвандаҳо ба категорияи парвандаҳои аз ҳуқуқи омма баромада (махсус) дохил мегарданд.
Бинобар ин, ки ин парвандаҳо ба категория ҳуқуқи омма дохил мешаванд, дар назар дошт, ки:
– суди иқтисодӣметавонад иштироки шахсони иштироккунандагони парвандаро дар мурофиаи судӣҳатмӣдонад; (мод. 190, 195)
– ӯҳдадории исботкунии ҳолатҳои дар ин маврид ба зиммаи аризадиҳанда (мақомоти давлати ва дигар мақомот), ки талаботро пешниҳод намудааст, гузошта мешавад; (қ. 5 мод. 190, 195 КМИ ҶТ)
– суди иқтисодӣҳуқуқ дорад, баъзе далелҳоро бо ташаббуси худ талаб карда гирад (қ. 6 мод. 190 КМИ ҶТ), ки дар ин маврид талаботи моддаи 16, 65 КМИ ҶТ татбиқ гардида, иҷрои талаботҳои судӣва пешниҳоди далелҳо барои ҳамаи шахсон ҳатмӣмебошад.
Парвандаҳо бояд аз тарафи судя (суд) танҳо дар мӯҳлати на бештар аз як моҳи баъди дохилшавии ариза ба суди иқтисодӣ, бо назардошти омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ баррасӣшуда, оид ба парванда ҳалномаи қонунӣва асоснок қабул карда шавад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи қ. 2 мод. 113 КМИ ҶТ мӯҳлати мурофиавӣ, ки бо моҳҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, дар моҳ ва са-наи мӯҳлати охирини моҳи дахлдор хотима меёбад. Агар хотимаи мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшуда ба моҳе рост ояд, дорои санаи дахлдор намебошад, пас мӯҳлат дар рӯзи охирини ин моҳ хотима меёбад.

Тибқи талаботи қ. 6 мод. 195 КМИ ҶТ дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани маблағи пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот ба судҳои иқтисодӣзарур аст, ки дар маҷлиси судӣ(бештар дар маҷлиси пешакии судӣ) мавҷудияти асосҳои ситонидани маблағи қарзӣ, ваколати мақомоти муроҷиаткунандаро оид ба талаби рӯёнишро муқаррар намояд, дурустии ҳисоб ва андозаи маблағи ситонидашавандаро санҷида барояд.
Дар ҳолате, ки агар ҷиҳати тавзеҳи масъалаҳои бамиёномада дониши махсус талаб карда шавад, ба судҳои иқтисодӣзарур аст, ки тибқи талаботи моддаи 81 КМИ ҶТ экспертизаи судӣ(муҳосибӣ, комплексӣ, такрорӣ) таъин намояд ё шахси дорои дониши махсуси муҳосибиро (аудитор) ба сифати эксперт (мувофиқи мод. 56 КМИ ҶТ) ҷалб намуда, хуло-саи онро бо шакл ва мазмуни он дар моддаи 85 КМИ ҶТ пешбинишуда, талаб намояд. Дар ин маврид эксперт аз ҷониби суд (судя, раисикунанда) бо моддаи 351-352 КҶ ҶТ огоҳ карда шуда, дастхати ӯ гирифта мешавад.

Дар асоси талаботи моддаи 196 КМИ ҶТ ҳалномаи суди иқтисодӣоид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣва муҷозот (санксия) аз рӯи тартиби муқарраркардаи боби 20 Кодекси мазкур қабул карда мешавад. Ҳалнома аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар ҳалнома бояд асосҳои қабули он дарҷ гардад ва он бояд ба забони барои шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсон фаҳмо баён карда шавад.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми қабули ҳалнома суди иқтисодӣдалелҳо ва ваҷҳҳои иштироккунандагони парвандаро, ки барои асосноккунии талаботҳо ва норозигиҳои худ пешниҳод кардаанд, баҳо медиҳад, ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта муқаррар шудаанд ва кадом ҳолатҳо нашудаанд, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ(инчунин зерқонунӣ) оид ба парванда татбиқ шавандаро муайян намуда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони иштироккунандаи парвандаро муқаррар намуда, қонеъ (қисман) ё рад намудани даъворо ҳал мекунад.

Инчунин ҳангоми қабули ҳалнома суди иқтисодӣмасъалаҳои нигоҳ доштани амали тадбирҳои таъминотӣё дар бораи бекор кардани онҳо ё ин ки таъмини иҷрои ҳалномаро (мод. 99 КМИ ҶТ) ҳал менамояд.

Тибқи талаботи қ. 2 мод. 196 КМИ ҶТ ҳангоми қонеъ гардонидани талабот оиди ситонидани пардохти ҳатмӣва муҷозот (санксия) дар қисми хулосавии ҳалнома номи шахсе, ки маблағи қарзро бояд супорад, ҷои ҷойгиршавӣё маҳалли зист ва маълумот дар бораи қайди давлатии он, ҳаҷми умумии маблағи ситонидашаванда дар алоҳидагӣбо муайян кар-дани қарзи асосӣва муҷозот бояд дарҷ карда шавад.
 
Судяи Суди иқтисодии
вилояти Суғд                                                     Ф.Ҳ. Хоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *