Конститутсия –Санади сарнавиштсози миллат

Posted by

Конститутсия –Санади сарнавиштсози миллат

 

6-уми ноябри соли 2020 мардуми шарифи Тоҷикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида ба таърихи инкишофи давлатдории шӯравӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта, роӯи рушди комилан навро оғоз намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии моро мустаҳкам намуда, барои эъмори давлатӣ демокративу ҳуқуқбунёд заминаи муҳими сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Асосҳои сохтори конститутсонӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, салоҳияти мақомоти олии кишварро бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ муайян кард.

Ҳар як давлат бо дарназардошти шароити таърихӣ, захираҳои иқтисодӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ ва хусусиятҳои осори фарӣангии худ пеш меравад. Таъмини пешрафти ҷомеа дар заминаи шароити хусусиятҳои маҳалливу миллҳ қабул ва такмили қонунгузории миллиро талаб мекунад.

Дар чунин будани ҳолат зарурият ба тағйиру иловаҳои Конститутсия ба миён омад, ки санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 20 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Ин тағйиру иловаҳо бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурияти такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба вуқӯъ пайвастант.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархурдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардаст, таҷдиди назар карда шавад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воқиди ҳуқуқи дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст.  Конститутсия Қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, ки дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтаст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки сохтори давлатии Тоҷикистон тавассути он бо роҳи таҳкими арзишҳои бунёдӣ ба худ шакли муайян мегирад. Конститутсия ин маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии давлат мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқии дигар бояд бо онҳо мутобиқати том дошта бошанд.

Аз ин рӯ Конститутсия ба сифати қонуни фарогири тамоми қаламрави давлат, дорои эътибори олӣ, таъминкунандаи ваҳдати сиёсии халқ ва ягонагии фазои иқтисодиву ҳуқуқии давлат эътироф гардидаст.

 

Судяи суди

иқтисодии вилояти Суғд:                                                                        Ниёззода М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *