19 ноябри соли 2026 дар доираи идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо намояндагони Палатаи сеюми Суди умумии шаҳри Париж, ки ба баррасии баҳсҳои марбут ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ тахассус дорад, вохӯрии дуҷониба анҷом дод.
Дар вохӯрӣ судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода ва Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ, судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин, инчунин директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Парвиз Абдураҳим иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо назардошти рушди босуръати илму техника, зеҳни сунъӣ ва инноватсия, инчунин мураккаб гардидани баҳсҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, масъалаҳои такмили амалияи баррасии баҳсҳо, ҳифзи ҳуқуқи соҳибони объектҳои моликияти зеҳнӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубодилаи таҷрибаи судӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси судяҳо мавриди муҳокима қарор доданд.


