Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар вилояти Суғд

Posted by

26 октябри соли 2026 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ кормандони мақомоти судиро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, таъкид дошт, ки таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баррасии одилонаи парвандаҳо ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти судӣ ба ҳисоб мераванд.

Зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир барои рушди низоми судии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, биноҳои нави маъмурӣ бунёд гардида, шароити кории кормандон беҳтар карда шудааст. Ин ҳама ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳа, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва фароҳам овардани шароити муносиб барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ масъулияти кормандони мақомоти судӣ дар таъмини адолат, риояи қонуният ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди соҳа бо эҳсоси баланди масъулият ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар таҳкими волоияти қонун ва эътимоди мардум ба мақомоти судӣ саҳми арзанда мегузорад.

Дар идомаи чорабинӣ нақши мақомоти судӣ дар таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, таъмини суботи ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ як қатор кормандони мақомоти судӣ барои фаъолияти содиқона, иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ ва саҳми арзанда дар пешбурди соҳа бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ пешниҳод карда шуд.