Нурест ба дидагони мо Истиқлол!

Posted by

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.

Истиқлолият, дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла, хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рў, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи бештари роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба масъалаи мактабу маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои илмомўзӣ, аз худ кардани донишҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти компютерӣ равона карда шуд. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин асоси пешрафти дилхоҳ ҷомеаро мутахассисон муайян месозанд. Заминаи тайёр кардани кадрҳои ҷавону болаёқат ва забондон бошад, аз мактаб оғоз меёбад.

Бо натиҷагирӣ аз дастгирии соҳаи маорифи кишвар дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рўзи дониш ва Дарси сулҳ, ки 31-уми августи соли равон дар мулоқот бо кормандони ин соҳа дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, чунин иброз намуданд:

«Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Як падидаи хеле хушоянди замони соҳибистиқлолии кишвар дар он аст, ки дар кори пуршарафи бунёди таълимгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус бо Ҳукумати мамлакат ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондаанд, ки мо барои ҳиммати ватандўстонаашон аз онҳо сипосгузорем».

Албатта, ҳамаи ин ҷаҳду талошҳо баҳри он аст, ки дар дохили кишвар мо тавонем кадрҳои баландихтисосро омода карда, барои кор ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат равона созем. Зеро ин талаби замон аст. Амалисозии раванди мазкур имкон медиҳад, ки мустақилияти тамоми зинаҳо ҳифз гардида, бо ин роҳ Истиқлоли давлатиро дар ватанамон – Тоҷикистони азиз, таҳким бахшем.

Дарвоқеъ, Истиқлолият озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар як давлати мустақил ба шумор меравад. Аз ин рў, мо онро дар баробари дигар иду ҷашнҳои бузурги миллиамон мақому манзалати зиёде дода, онро бояд аз ҳама идҳои дигар болотару волотар арзёбӣ намоем.

Вале дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омада истодааст, мазмуну мундариҷаи Истиқлолият тағйироти муайяне касб менамояд. Ин аст, ки Роҳбари давлат зимни суханрониашон дар мулоқот бо аҳли маорифи кишвар хеле огоҳона ҷомеаи мамлакатро аз раванди шаклгирии воқеаҳои замони имрўза ҳушдор дода, чунин ибрози назар карданд:

«Мо дар марҳалаи ниҳоят мураккабу буҳронӣ ва пурихтилофу хатарбори ҷаҳони муосир зиндагӣ дорем.

Солҳои охир баъзе меъёрҳо ва принсипҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ки даҳсолаҳо ҳамчун пояи субот ва ҳамзистии осоишта эътироф мешуданд, тадриҷан беаҳаммият гардида истодаанд.

Бар асари ҷангу даргириҳо ҳазорҳо инсон қурбон гардида, миллионҳо нафар аз манзили худ маҳрум мешаванд ва хатари бесуботии фарогир ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.

Дар чунин вазъият барои ҳамаи мо, пеш аз ҳама, таҳаммулгаро будан, бо андешаву тамкин амал кардан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ талош намудан бағоят зарур аст.

Мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бояд барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва оромиву осоиш дар Ватани маҳбубамон ҷидду ҷаҳд намоем, пайваста кўшиш кунем, ки раванди созандагиву бунёдкориҳоро дар кишварамон боз ҳам вусъат бахшем.

Бузургтарин ҳадафи мо таъмин намудани ободиву пешрафти имрўзу фардои Ватан, давлат ва зиндагии шоистаи мардум аст.

Дар татбиқу пайгирии ин ҳадафи наҷиб бояд тамоми сокинони мамлакат сарҷамъона амал намоянд.

Ҳар яки мо бояд арҷгузору муҳофизи истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, забону таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавии миллати бостонии тоҷик бошем».

Ҷоиз ба зикри хос аст, ки ба андешаи коршиносон, миллате, ки Истиқлол надорад, маҳкум ба маҳв шудан аст. Дар баробари ин боз андешаҳое мавҷуданд, ки Истиқлол волоияти ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ҳама гуна шаклҳои дигари ҳокимият дониста мешавад. Бо назардошти ин андешаҳо, гуфтан зарур аст, ки имрўз ҳифзу эҳтироми Истиқлоли давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Ба ин хотир, мо бояд тамоми дастовардҳои 35 соли давлатдории миллиро ба Истиқлолият пайванд дониста, ба хотири дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ Истиқлоли давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги давру замон муаррифӣ созем.

ДАВЛАТЗОДА Т.Ш.,

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд