«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036: Нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва ояндаи наслҳо»

Posted by

Сулҳ бузургтарин неъмат ва заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки бе сулҳу субот ҳеҷ давлат наметавонад ба пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм, экстремизм, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими сулҳ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Бо дарназардошти ин санаи  25 июни соли 2026 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул шуда, солҳои 2027–2036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон кард. Ин ташаббус идомаи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва ҳадафи он таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи давлатҳо мебошад. Қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» бо сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи зич дорад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз таҳти роҳбарии Пешвои миллат,  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла об, иқлим, рушди устувор ва таҳкими сулҳу амният, дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланд пайдо намудааст. Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки сулҳу субот муҳимтарин шарти рушди давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти ҷомеа мебошад.  Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки баъди солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омад, имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи сулҳофаринӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст. Маҳз ҳамин таҷриба боис гардид, ки ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ пайдо кунад. Қабули ин қатънома на танҳо дастоварди Тоҷикистон, балки натиҷаи сиёсати пайгирона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат мебошад. Ин иқдом эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардошта, мавқеи онро ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҳким бахшид.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036» хеле муҳим ва таърихӣ мебошад. Ин ташаббус боз як далели равшани саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба манфиати тамоми башарият мебошад.  Ҷавонон ва занон аз қишрҳои фаъоли ҷомеа ба шумор рафта, дар таҳкими сулҳ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат нақши бисёр муҳим доранд. Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036 иштироки фаъолонаи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои ин ташаббуси байналмилалӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тарбия ёбанд. Иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ихтиёрӣ метавонад ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили ифротгароӣ ва хушунат, мусоидат намояд. Ҷавонони соҳибмаърифат ва масъулиятшинос кафили ояндаи осоиштаи давлат ва ҷомеа мебошанд.

Ҳамзамон, занон дар ҳифзи сулҳ ва таҳкими арзишҳои инсондӯстона мавқеи махсус доранд. Онҳо ҳамчун модар, омӯзгор, роҳбар ва фаъолони ҷомеа дар тарбияи насли наврас, густариши фарҳанги сулҳ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ саҳми назаррас мегузоранд. Баланд бардоштани нақши занон дар идоракунии давлатӣ, дипломатия, илму маориф ва фаъолияти ҷамъиятӣ ба таҳкими субот ва рушди устувори кишвар мусоидат мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон ва занон заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудаанд. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҷавонон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ имконият медиҳанд, ки дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аз ин рӯ, ҷавонон ва занон бояд ҳамчун нерӯи созанда ва муттаҳидкунанда дар пешбурди ғояҳои сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстии байни халқҳо фаъолона иштирок намоянд. Маҳз бо саъю кӯшиши онҳо метавон ҷомеаи орому пешрафта ва ояндаи дурахшонро барои наслҳои имрӯзу фардо бунёд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи нодири барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ метавонад барои бисёр кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат бошад. Сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳатто мушкилтарин низоъҳоро метавон тавассути музокирот, ҳамдигарбахшӣ ва иродаи сиёсӣ ҳал намуд. Ин таҷриба имрӯз ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати сулҳофарини кишвар дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036 на танҳо як барномаи сиёсӣ, балки даъват ба ҳамбастагӣ, эҳтироми арзишҳои инсондӯстона ва масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Агар ҳар як инсон аз оила оғоз намуда, то сатҳи ҷомеа барои ҳифзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ талош намояд, метавон ояндаи осоишта ва рушди устуворро барои наслҳои имрӯзу фардо таъмин кард.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд:                                          Муъминзода Фирӯза.