Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
Ободониву созандагӣ мафҳумҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқлол мебошад, ки дар суханрониҳо ва матбуоти давлатӣ ҳамеша зикр мешаванд ва рамзи пешрафти давлатро ифода мекунанд.
Ободонӣ маънои обод кардан, зебо гардондан, тоза нигоҳ доштан ва беҳбудии инфрасохторро дорад, ки ба он сохтмони роҳҳо, боғҳои фароғатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, корхонаҳои нав, биноҳои баландошёнаи замонавӣ дохил мешавад. Ин ҳама ободкориҳо шароити зиндагии мардумро беҳтар мегардонад ва зебоии Ватанро афзун мекунад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони Соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” аз 17 декабри соли 2025, №1102 қабул гардид.
Ҳамчунин Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда, давродаври он ба забони тоҷикӣ “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” 2026 навишта шудааст.
Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, биноҳои зебову нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст.
Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд.
Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон ба иҷрои корҳои бузург қодир буда, барои ҳифзи озодӣ ва истиқлол ҳамеша омода мебошанд. Ободонӣ ва созандагӣ нишонаи пешрафти ҳар як давлат буда, аз иштироки фаъолонаи шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мардуми мо бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони маҳбуб талош меварзанд.
Раиси Суди иқтисодии
вилояти Суғд Мирзозода П.Т.