25 июни соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, қабул намуд.
Тибқи қатънома, солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ эълон гардида, ҳадафи он таҳкими сулҳ, густариши муколама, мусолиҳа ва ҳамбастагии байни наслҳо мебошад.
Қабули ин санад боз як иқдоми муҳими байналмилалии Тоҷикистон буда, саҳми кишварро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

