Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июн ҳамасола ҳамчун як рӯзи таърихи яъне рузӣ Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки воқеан дастоварди бузургтарини тоҷикон мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як сокини он ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон солҳои сангинро аз сар гузаронадаанд.
Яке аз бузургтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат барқарор намудани сулҳи устувор дар кишвар аст. Музокироти сулҳ, ки солҳои зиёд идома дошт, дар ниҳоят, дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом ёфт. Боиси қайд аст, ки Нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз ҷумла ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, ободонии кишвар, устувории давлат, ҳимояи марзу буми Ватан саҳми арзанда гузоштаанд.
Бо шарофати ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар кишвари маҳбубамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Воқеан дар натиҷаи ба даст овардани сулҳу ваҳдат миллӣ, имрӯз дар кишвар корҳои зиёди ободонӣ, рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳз дар фазои сулҳу субот амалӣ мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд намуданд, ки “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.
Боиси қайд аст, ки ваҳдати милли барои мо ҷавонон ҳамчун як мероси гаронбаҳои гузаштагонамон мебошад. Бояд дар назар дошт, ки пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҳар ҷомеа аз суботу оромии давлат ва ваҳдату ягонагии мардуми он вобаста мебошад.
Ҳамин тариқ, мо ҷавононро месазад, ки сулҳу субот ва Ваҳдату ягонагии Ватани азизи худро ҳамчун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва барои таҳкими сулҳу оромӣ, рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорем.
Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати
Суди иқтисодии вилояти Суғд Сайдуллоӣ П.Ҳ.