Имрўз мо дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун, манфиатҷўии баъзе давлатҳои абарқудрат қарор дорем ва ҷомеаи ҷаҳониро муаммоҳои зиёде аз қабили терроризму экстремизм, хариду фурўши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ фаро гирифтаанд. Дар шароити ҷаҳони муосир коррупсия мушкилии ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Он ба самаранокии идоракунии давлатӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ ва сатҳи эътимоди ҷомеа халал ворид менамояд. Ин аст, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу хатарноки ҷомеа ба мисли ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои дигар таърихи қадимӣ дошта, ба рушди устувори сохтори идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Агар ба таърихи пайдоиши инсоният ва давлату давлатдорӣ назар афканем, маълум мегардад, ки коррупсия падидаи нав набуда, он решаҳои хеле қадимӣ дорад. Доир ба мавҷудияти он дар сохтори идоракунии давлатҳои қадим аз сарчашмаҳои таърихӣ ва осори мутафаккирон мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар адабиёти илмиву сиёсати давлатӣ масъалаи таҳкими давлатдорӣ ва волоияти қонун ҳамчун шарти асосии муқовимат ба коррупсия мавқеи муҳим доранд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳояшон таъкид менамоянд, ки бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ заминаи асосии пешгирии зуҳуроти манфӣ, аз ҷумла коррупсия мебошад.
Ин зуҳуроти ба пояҳои давлатдорӣ хатарбор дар адабиёти гузаштаи мо низ тафсирҳои гуногун ёфтааст. Масалан, дар “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммад Ғиёсуддин дар ин маврид омада, ки: “Ришват – он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар Форси қадим онро пора гўянд”.
Дар замони ҳозира бошад, муаммоҳои мубориза бо коррупсия хусусияти байналмилалӣ касб карда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро ба худ ҷалб намудааст. Дар асоси тавсияҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), мубориза бо коррупсия бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати рушди устувор баррасӣ гардида, ба таҳкими институтҳо ва баланд бардоштани шаффофият равона шавад.
Дар ин замина қайд кардан зарур аст, ки барои давлатҳои рў ба рушд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба коррупсия яке аз шартҳои асосии таъмини рушди устувор ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадриҷан низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалиро такмил медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия тадриҷан ташаккул ёфтааст. Қабули қонунҳои соҳавӣ, таъсиси мақомоти дахлдор ва таҳияи барномаҳои давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ принсипҳо, субъектҳо ва механизмҳои муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, асоси институтсионалии сиёсати давлатӣ дар ин самтро ташкил медиҳад.
Қадами муҳим дар ин раванд ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия мебошад, ки ба мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуд.
Дар тақвияти ин андешаҳо бояд гуфт, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) тасдиқ шудааст. Дар доираи он диққати асосӣ ба тақвият бахшидани чораҳои пешгирӣ дар соҳаҳои осебпазир ба коррупсия, бахусус бартараф кардани омилҳои инсонӣ, бо роҳи рақамикунонӣ ва таъмини шаффофият дар низоми идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ба таври васеъ расонаӣ кардани дастовардҳои мамлакат дар ин самт дода шудааст.
«Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» ҳамчун ҳуҷҷати калидии барномавӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро муайян менамояд. Стратегия ба таҳкими шаффофият, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва рушди механизмҳои назорат равона шудааст.
Масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва дастгирии соҳибкорӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои дар амал татбиқ намудани он мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар Тоҷикистон тағйироти нав дар самти имтиёзҳои андоз, мораторияи дусола ба санҷишҳо, эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорзанон ва ҷудо гардидани қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ба соҳибкорон нишон медиҳанд, ки сиёсати Ҳукумати мамлакат комилан ба як ҳадаф равона шудааст. Бо назардошти ин зарур аст, ки мунтазам хавфҳои коррупсионӣ таҳлил гардида, барои пешгирии оқибатҳои нангини он дар ҷомеа, хусусан дар бахши хусусӣ, ба роҳ мондани рақобати солим, беҳтар кардани сифати хизматрасонии давлатӣ, ҷалби сармоя, инчунин ҳисоботдиҳии оммавӣ ва муқовимати низомнок тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар баробари ин, чанд маротиба қабул ва роҳандозӣ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ноил гардидан ба муборизаи дастаҷамъона зидди ин зуҳуроти номатлубро таъмин мекунад. Яъне, мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди кишвар метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Толиб Шариф.