Рӯзи Ғалаба ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонон

Posted by

Ҳамасола 9 май дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун рӯзи Ғалаба таҷлил карда мешавад. Ин сана ба пирӯзии халқҳо бар фашизм бахшида шудааст. Барои мардуми Тоҷикистон низ ин рӯз аҳамияти бузурги таърихӣ ва маънавӣ дорад, зеро ҳазорон фарзандони шуҷои кишвар барои ҳифзи Ватан, озодӣ ва зиндагии осоишта ҷони худро нисор кардаанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз мудҳиштарин ва фоҷиабортарин ҷангҳои таърихи инсоният ба шумор меравад. Он солҳои 1941–1945 идома ёфта, миллионҳо одамонро ба ҳалокат расонд. Дар ин ҷанг мардумони гуногунмиллат бар зидди фашизм муттаҳид шуданд. Аз Тоҷикистон низ зиёда аз садҳо ҳазор нафар ба фронт сафарбар гардиданд. Онҳо дар муҳорибаҳои сахт шуҷоату мардонагӣ нишон дода, барои озодии мардум мубориза бурданд.

 Қаҳрамонони тоҷик дар бисёр ҷабҳаҳои ҷанг иштирок намуда, бо далерӣ номи худро дар таърих сабт карданд. Бисёре аз онҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Номҳои чунин фарзандони шуҷои миллат ҳамеша дар хотири мардум боқӣ мемонанд. Онҳо намунаи ватандӯстӣ, матонат ва фидокорӣ мебошанд. На танҳо сарбозон, балки мардуми ақибгоҳ низ барои ғалаба саҳми арзанда гузоштанд. Дар он солҳои душвор занон, кӯдакон ва пиронсолон дар саҳроҳо, фабрикаҳо ва корхонаҳо шабонарӯз меҳнат мекарданд. Онҳо фронтро бо ғизо, сару либос ва техника таъмин менамуданд. Меҳнати шабонарӯзии мардум нишон медод, ки ҳама барои як ҳадафи бузург-ғалаба муттаҳид шудаанд.

Рӯзи 9 май имрӯз на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи ёдбуд низ мебошад. Дар ин рӯз мардум ба ёдгориҳо гул мегузоранд, хотираи шаҳидонро пос медоранд ва ба собиқадорони ҷанг эҳтиром менамоянд. Ин амалҳо нишонаи арҷгузорӣ ба қаҳрамононест, ки барои зиндагии осоиштаи мо ҷоннисорӣ кардаанд. Сулҳ ва оромӣ аз арзишҳои муҳимтарини ҳаёт мебошанд. Маҳз таҷрибаи талхи ҷанг ба инсоният фаҳмонд, ки ҷанг танҳо харобӣ, гуруснагӣ ва ғам меорад. Аз ҳамин сабаб, ҳар як инсон бояд сулҳро ҳифз намояд, дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро тақвият диҳад ва барои пешрафти ҷомеа саҳм гузорад. Имрӯз ҷавонон вазифадоранд, ки таърихро омӯзанд, қаҳрамонони миллатро эҳтиром намоянд ва Ватани худро дӯст доранд. Зеро ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст. Агар ҷавонон ватандӯст, донишманд ва масъулиятшинос бошанд, кишвар ҳамеша пешрафта ва ором хоҳад буд.

  Котиби маҷлиси судии

 Суди иқтисодии вилояти Суғд:                                       Муъминзода Фирӯза