Дар шароити пуртазоду пуртаҳаввули ҷаҳони муосир масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз ҳар гуна таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ вазифаи муқаддаси худ мешуморад.
Таҷрибаи талхи даҳсолаҳои гузашта нишон дод, ки ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таъсири таблиғоти ифротӣ метавонад ҷавононро ба доми гурӯҳҳои тундрав кашад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин падидаҳо танҳо бо роҳҳои қудратӣ маҳдуд намешавад, балки пеш аз ҳама ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, маърифатнокӣ ва тарбияи насли наврас такя мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мукаммали ҳуқуқӣ барои муқовимат ба экстремизм ва терроризм фароҳам оварда шудааст. Қонунҳои соҳавӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ самтҳои асосии пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани чунин ҷиноятҳоро муайян менамоянд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамбастагӣ ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ фаъолият мебаранд.
Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки қонун танҳо дар сурате муассир мегардад, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бошад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки суботи ҷомеа ва амнияти давлат ба масъулияти шахсии ӯ низ вобаста аст.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дар тарбияи ҷаҳонбинии солим, худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ саҳми арзанда доранд. Дарсҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо мутахассисон, баргузории мизҳои гирд ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ба баланд гардидани сатҳи огоҳии ҷавонон мусоидат мекунанд.
Тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва таърихи давлат омилҳои муҳими эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири идеологияҳои бегона мебошанд. Ҷавоне, ки соҳиби маърифати баланд, касби устувор ва мавқеи шаҳрвандии фаъол аст, ба таблиғоти ифротӣ дода намешавад.
Ҳамзамон, истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ масъулияти бештарро талаб мекунад. Зарур аст, ки ҷавонон малакаи таҳлили иттилоотро дошта бошанд, то тавонанд байни ахбори воқеӣ ва таблиғоти иғвоангез фарқ гузоранд.
Муқовимат ба экстремизм ва терроризм вазифаи танҳо як ниҳод нест, балки рисолати умумимиллӣ мебошад. Ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолати рушди устувори кишвар ба шумор меравад.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд Олимиён Т.Б.