Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб

Posted by

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст» – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро».

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмрони намудан аст. Баҳри амали намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳато муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои  тағйирнопазир донистааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Аз ин рӯ, вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, дарвоқеъ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Бо дарназардошти авлавияти қонунгузорӣ, стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд            Эмомализода Навруз Эмомалӣ