ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ

Posted by

Наврӯз – рӯзи нав, оғози ҳаёт, эҳё, таваллуди дубораи тамоми мавҷудоти рӯи замин ва бедории табиат пас аз хоб аст. Рӯзест, ки сардиву сармо рахт бар мебандад ва ба ҷои он насими навозишгару ҳаётбахши табиат мевазад. Замин қабои махмалини сабз мепӯшад, парандагон нағма месароянд.

Наврӯзро мо дар нахустин моҳи соли хуршедӣ – он гоҳ, ки офтоб ба бурҷи Ҳамал интиқол ёбад ва шабу рӯз баробар гардад, яъне дар рӯзи 21-уми марти солшумории милодӣ – ҷашн мегирем. Наврӯз дар таърих ва адабиёти классикии форсу тоҷик гоҳ ба номи Ҷашни Фарвардин ва гоҳ бо номи Ҷашни Баҳор оварда мешавад, вале бештар вожаи «Наврӯз» ба кор рафтааст.

Дар асоси баъзе ривоятҳо пайдоиши Наврӯз ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Қуруши Кабир ба Бобул рост меояд, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кардааст. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон пиёда намуда, макони онҳоро тоза кард ва гуноҳи маҳкумшудагонро бахшид, ки он аз мавҷудияти адлу адолат, ақидаҳои инсондӯстӣ ва эътирофи ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад. Яъне Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рӯи замин ба ҳисоб меравад.

Ривояти пайдоиши Наврӯз дар асоси «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ чунин аст: «Ҷам сайри ҷаҳон мекард. Чун ба Озарбойҷон расид бо фармони ӯ тахте ороста дар баландтарин нуқта, баробари офтоб гузоштанд. Шоҳ бо тоҷе гавҳарнишон бар он тахт нишаст. Тобиши Офтоб бар гавҳарҳои тоҷ равшании атрофро дучандон кард. Мардумон шод шуданд ва он рӯзро рӯзи нав номиданд ва ба номи шоҳ, ки Ҷам номида мешуд, калимаи «шед»-ро, ки ба маънии фурӯзону тобон аст, афзуданд ва аз он пас ӯро «Ҷамшед», яьне «Ҷами дурахшанда» номиданд ва ҷашне бузург сохтанд. Ҷамшед фармон дод, ки ҳамаи мардум танҳои худро бишӯянд, зеро Худованд покизагиро дӯст дорад ва гӯянд, дар ин рӯз Ҷамшед найшакаре шикаст ва аз он хӯрд ва аз он пас хӯрдани шакар дар маросими Наврӯз расм шуд».

Наврӯз дар даврони Шӯравӣ гарчанде аз байн нарафта бошад ҳам бо шукӯҳу ҳашамати хос ҷашн гирифта намешуд. Вале халқ сунатҳои Наврӯзӣ, урфу одатҳои ниёгонро пос дошта, аз онҳо фаромӯш накард. Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ он қадар тантана намешуд, вале халқ дар колхозу совхозҳо Наврӯзро ҳар сол ҷашн мегирифтанд, дар маҳаллҳо бузкашӣ, гулгардонӣ, суманак пазӣ ва дигар маросимҳои Наврӯзиро иҷро мекарданд.

Баъди Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз аз нав ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил ва эътироф карда шуд. Сол то сол анъана ва суннатҳои азбайнрафтаи Наврӯз эҳё шуда, такмил меёбанд. Имрузҳо дар фазои софу беғубор ва сулҳпарварӣ сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту аз шарофати он қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахш фаро мегирад.

Ҳамаи хусусиятҳои ин ҷашни муборакро ба назар гирифта, 19 феврали соли 2010 бо саъю кӯшиши роҳбарияти давлатҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Албания, Македония, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон таклиф дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз таҳия ва ба Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллалӣ Муттаҳид пешниҳод гардид. Иҷлосия қатъномаро тасвиб намуда, Иди Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва 21-уми мартро ҳамчун рӯзи байналмиллалии Иди Наврӯзр шинохт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар қайд карданд, ки яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз ин дар ҷавҳари он нуҳуфтани инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ мебошад.

Дар ин айёми Наврўзи хуҷастапай Шуморо муборакбод намуда,  ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоӣ ва муваффақияту комёбиҳои беназир таманно дорам.

 Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд                                            Мирзозода П.Т.