Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ конференсияи илмӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки роҳбарият ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд баргузор шуд.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н. и. т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон конфронсро ифтитоҳ бахшид.
Сипас, Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Парвиз Мирзозода баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ такмили қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Қонунҳои муосир барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меоранд. Онҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд. Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки қонунгузорӣ яке аз сутунҳои асосии давлатдории муосир мебошад. Қонунҳои мукаммал, одилона ва ҷавобгӯ ба талаботи замон метавонанд рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, таҳлили пайвастаи қонунгузории амалкунанда, бартараф намудани ихтилофоти меъёрӣ ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили он вазифаи муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни кори конфронс судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Толиб Давлатзода, Наврӯз Эмомализода, Борбад Ҳамроқулзода доир ба эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» , “Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, мафҳуми худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таҷлили 35солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи ваҳдату ягонагӣ, роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои марзӣ, ташаббусҳои Тоҷикистон дар СММ, мубориза бо терроризму экстремизм ва ғайраҳо баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд. Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд.
Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рӯйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад. Инчунин қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.
Зикр гардид, ки мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян гардид. Ин таҳдидҳо хусусияти фаромиллӣ дошта, мубориза бо онҳо ҳамоҳангии дохилӣ ва ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунад.
Дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, Тоҷикистон саъю талошҳои худро барои таъмини сулҳу субот ва амнияти фарогир дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад. Ин мавқеи устувор дар шароити афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ аҳаммияти махсус дорад. Бино бар таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар ҷаҳони имрӯза, нооромӣ ва буҳрон дар авҷ аст, вазифаи асосии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳифзи амнияти мардум аст. Онҳо бояд бо терроризм ва экстремизм мубориза баранд, то гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷавонон таъсир нарасонанд ва ҷомеаро ноором насозанд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Конфронс бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.


