Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Posted by

Имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти вилоят, ҳайати фармондеҳиву хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ сокинони сарбаланди вилоят, ҳайати фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, нақши Артиши миллиро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ муҳиму арзишманд арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ рисолати муқаддаси худ – ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва оромии сиёсиро содиқона иҷро намуда истодаанд.

Зикр шуд, ки дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ хизматчиёни ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат қарзи фарзандии худро адо карда, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди зуҳуроти экстремистиву террористӣ саҳми назаррас гузоштанд. Бо дастгирии пайвастаи давлату ҳукумат ва татбиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавӣ Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан ба нерӯи муназзаму тавоно табдил ёфта, имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат хизмат менамоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо ишора ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдидҳои нав ба амнияти байналмилалӣ, зарурати ҳифзи сулҳу суботи пойдор ва таҳкими якпорчагии давлатро таъкид намуда, изҳори итминон кард, ки афсарону сарбозони шуҷои вилоят маъракаи муҳими сиёсӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони фаъоли ҷузъу томҳо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Барномаи рангини фарҳангӣ ба ҳамоиш ҳусни анҷом бахшид.