Санаи 16-уми феврали соли 2026 аз ҷониби судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А., Ниёззода М., ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд Мухитдинова М.Х. дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳристон бо сокинон ва кормандони кумитаи мазкур суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин суҳбату вохӯрӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ҳамзамон оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А. ва Ниёззода М., қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

