ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

Posted by

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як санади расмӣ ва муҳими барномавие мебошад, ки самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии давлатро муайян менамояд.

Воқеан чӣ тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ қайд намуданд соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.

Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки имрӯз кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун як кишвари ташаббускор мешиносанд.

Зимни ироаи Паёми навбатии худ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки боиси итфихор аст, ки 12-уми декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Боиси қайд аст, ки маърифати ҳуқуқӣ яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи маърифати ҷомеа ба ҳисоб рафта, рушди давлати демократӣ ва ҳуқубунёд аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калон дорад.

Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки ба шаҳрвандон имкониятҳои амалигардонии воқеии ҳуқуқу озодиҳои худро дар ҷомеа ва давлат фароҳам оварда, дар шаҳравандон ташаккул додани малакаҳои эҳтироми шахсро нисбат ба дигар аъзоёни ҷомеа тарбият карда, дар ҷомеа як падидаи адолати иҷтимоӣ барпо месозад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлату ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳидаро қабул намудааст. 

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳвари асосии маърифати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» қабул гардидааст. 

Қобили зикр аст, ки қабул гардидани ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир нақши калон хоҳад дошт. Қабул гардидани қатъномаи мазкур нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд.

Ҳамин тариқ мо  ҷавононро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро ба роҳбари гирифта, бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии худ дар ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ, истиқлоли давлатӣ саҳми худро гузорем.

Сардори шуъбаи коргузорӣ ва

назорати Суди иқтисодии вилояти Суғд                     Сайдуллоӣ П.Ҳ.