Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамчун як барномаи мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода, барои ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими суботу оромии ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рузҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрўз масоили баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хело муҳим арзёбӣ намуданд ва таъмини волоияти қонунро ҳамчун асоси давлати ҳуқуқбунёд, сулҳу субот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъқид мекунанд.
Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Фармони мазкур бо мақсади таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул карда шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва бо ин васила таъмини волоияти қонун чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳида қабул кардааст, ки дар тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи талаботҳои қонун ва эҳтиром ба он, тарғиби арзишҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва эҳтиром ба давлату миллат нақши муассир дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ низ хотирнишон карданд, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.
Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор гардиданд, ки бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.
Аз ин рӯ ҳар яки моро низ зарураст, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун корҳои назаррасро ба сомон расонем.
Судяи Суди иқтисодии
вилояти Суғд Ниёззода М.