Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар» санаи 16 декабри соли 2025 ироа намуданд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дастовардҳои самтҳои гуногуни кишвар баён гардида, вазифаҳои афзун гардонидани онҳо ва вазифаҳои нав ба нав баҳри вусъат бахшидани соҳаҳои гуногуни кишвари маҳбубамон мушаххас карда шуданд.
Яке аз дастовардҳое, ки ба рушди иқтисоди кишвар таъсири мусбат дорад, ин пешравии соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад. Дар ин ҷода бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Воқеан, расидан ба истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумати кишвар буда, як давраи хурд – марҳилаи кам боқӣ мондааст, то пурра истиқлоли комили энергетикиро ба даст орем. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбати қайд намуданд дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд. Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд. Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.
Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем. Дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард.Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Боиси қайд аст, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба энергия, бояд аз ҷониби ҳар як фард истифодаи оқилонаи қувваи барқ риоя карда шавад. Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи қувваи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвари азизамон мебошад. Ҳамин тариқ ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон равона намоянд.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷ.Х.